25.07.2026
Тарбияи фарзанд аз масъулияти муқаддастарини инсон ба шумор меравад. Ҳар як падару модар орзу дорад, ки фарзандаш босавод, хушахлоқ, соҳибкасб ва дар ҷомеа соҳиби ҷойгоҳи арзанда бошад. Барои расидан ба ин ҳадаф, оила ва муассисаи таълимӣ ҳамчун ду ниҳоди асосии тарбия бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Аммо дар шароити кунунӣ баъзан мушоҳида мешавад, ки бархе аз волидон дар ҳама ҳолат ҷониби фарзанди худро гирифта, бидуни омӯзиши воқеияти масъала ба омӯзгор ё муассисаи таълимӣ эрод мегиранд. Чунин муносибат, ки онро метавон «пуштибонии беандеша аз фарзанд» номид, тадриҷан ба як мушкили ҷиддии тарбиявӣ табдил ёфта истодааст.
Бешубҳа, дӯст доштани фарзанд амали табиӣ ва муқаддас аст, вале муҳаббат набояд чашми инсонро аз ҳақиқат пӯшонад. Вақте ки волидон ҳар амали фарзандро дуруст мешуморанд ва барои хатоҳои ӯ баҳона меҷӯянд, дар асл, ба ташаккули шахсияти ӯ халал мерасонанд, зеро кӯдак аз хурдӣ бояд дарк кунад, ки ҳар амал ҷавобгарӣ дорад ва инсон бояд барои хатои худ масъул бошад.
Имрӯз омӯзгорон на танҳо вазифаи таълим додан, балки масъулияти бузурги тарбияро низ бар дӯш доранд. Онҳо ҳар рӯз бо даҳҳо хонанда кор карда, кӯшиш менамоянд, дар дили онҳо меҳри дониш, эҳтиром ба қонун, одоби муошират ва масъулиятшиносиро ҷой диҳанд. Вақте ки омӯзгор ба хонанда барои иҷро накардани вазифа, вайрон кардани интизом ё муносибати нодуруст эрод мегирад, мақсади ӯ таҳқири кӯдак нест. Баръакс, ӯ мехоҳад хонандаро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кунад.
Мутаассифона, баъзе волидон танҳо ба гуфтаҳои фарзанд такя намуда, сухани омӯзгорро нодида мегиранд. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки ҳатто пеш аз шунидани мавқеи омӯзгор ӯро гунаҳкор эълон мекунанд. Дар чунин вазъият кӯдак эҳсос мекунад, ки новобаста аз рафтораш, ҳамеша пуштибонӣ мешавад. Ин эҳсос тадриҷан дар ӯ боварии бардурӯғро ба вуҷуд меорад, ки метавонад ҳар кореро анҷом диҳад ва барои он ҷавобгар набошад.
Педагогҳо ва равоншиносон бар он назаранд, ки яке аз шартҳои муҳимми ташаккули шахсияти солим, қобилияти эътирофи хато мебошад. Кӯдаке, ки ҳамеша сафед карда мешавад, аз қабули танқид ва ислоҳи камбудиҳои худ дур мемонад. Ӯ меомӯзад, ки сабаби нокомӣ ва хатоҳоро дар дигарон ҷустуҷӯ кунад. Дар натиҷа чунин шахс дар зиндагии минбаъда низ дар муносибат бо ҷомеа, ҳамкорон ва ҳатто аъзои оила ба мушкилот рӯ ба рӯ мешавад.
Масъалаи дигар, коста гардидани нуфузи омӯзгор дар назди хонандагон аст. Агар кӯдак бубинад, ки падару модараш ҳар дафъа омӯзгорро ноҳақ меҳисобанд, эҳтироми ӯ нисбат ба омӯзгор кам мешавад. Ин ҳолат на танҳо ба раванди таълим, балки ба муҳити умумии мактаб низ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҷомеаи мо омӯзгор ҳамеша мақоми баланд дошту дорад. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо гуфтаанд: «Ҳаққи устод аз падар беш аст...», зеро падар сабаби ҳаёт бошад, устод сабаби камол аст.
Дар солҳои охир рушди технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба ин раванд таъсир расонидааст. Баъзан волидон бе таҳқиқи масъала танҳо аз рӯйи навор ё сухани фарзанд хулоса мебароранд. Ҳол он ки ҳар масъала ду ҷониб дорад ва барои баҳои одилона додан бояд андешаи ҳамаи иштирокчиёни воқеаро шунид. Адолат тақозо мекунад, ки ҳам сухани фарзанд ва ҳам мавқеи омӯзгор ба назар гирифта шавад.
Албатта, ин маънои онро надорад, ки омӯзгорон аз хато орӣ ҳастанд. Омӯзгор низ инсон аст ва метавонад иштибоҳ кунад, аммо роҳи ҳалли масъала баҳсу муноқиша ё айбҷӯии якдигар нест. Роҳи дуруст муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ мебошад. Вақте ки волидон ва омӯзгорон барои манфиати кӯдак дар як ҷода қадам мегузоранд, натиҷаи тарбия самаранок мегардад.
Иқбол ҲОМИДОВ,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики
МТМУ №6-и ноҳияи Зафаробод