24.07.2026
Дар шароити ҷаҳони муосир масъалаи рушди инсон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ва таъмини пешрафти иҷтимоии шаҳрвандон ба яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа табдил ёфтааст. Давлатҳое, ки ба рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, таҳкими дониш ва ташаккули шахсияти фаъол таваҷҷуҳи бештар медиҳанд, имконияти васеи рушди устувор пайдо мекунанд.
Ҷомеаи муосир дар шароити тағйироти босуръати илмӣ, технологӣ ва иқтисодӣ қарор дорад. Рушди технологияҳои рақамӣ, тағйирёбии бозори меҳнат, пайдоиши касбҳои нав ва талаботи рӯзафзун ба мутахассисони баландихтисос инсонро водор месозад, ки пайваста дониш ва малакаи худро такмил диҳад.
Таваҷҷуҳ ба соҳаҳои маориф, илм, омодасозии кадрҳои баландихтисос, рушди ҷавонон ва татбиқи технологияҳои муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки инсон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Шахсе, ки мехоҳад дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо намояд, бояд пайваста омӯзад, ҷаҳонбинии худро васеъ созад ва ба талаботи нави замон мутобиқ гардад.
Рушди илму маориф дар муҳити ором ва устувори ҷомеа имконпазир мебошад. Таърих нишон медиҳад, ки бесуботӣ ва низоъҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, ба имкониятҳои рушди инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Дар чунин шароит шахс наметавонад тамоми неруи худро барои омӯзиш, меҳнат ва эҷодкорӣ равона созад.
Ваҳдати миллӣ на танҳо омили суботи сиёсӣ, балки заминаи муҳимми рушди инсон низ мебошад. Ҷомеае, ки дар он ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ҳукмфармост, метавонад имкониятҳои бештарро барои пешрафти шаҳрвандон фароҳам оварад.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми ҷомеаи муосир фароҳам овардани имконияти интихоби озод мебошад. Инсон бояд тавонад роҳи таҳсил, касб, фаъолияти меҳнатӣ ва самти рушди шахсии худро мустақилона муайян намояд.
Дар шароити имрӯза омӯзиши доимӣ ва такмили ихтисос ба зарурати зиндагӣ табдил ёфтааст. Ҷомеаи муосир ба шахсоне ниёз дорад, ки қобилияти таҳлил, эҷодкорӣ, истифодаи технологияҳои нав ва омодагӣ ба омӯзиши пайвастаро доранд.
Дониш, малака, таҷриба ва қобилияти эҷодӣ сармояи асосии инсон мебошанд. Шахсе, ки барои рушди худ талош мекунад, китоб мехонад, илм меомӯзад, таҷриба андӯхта, малакаю маҳорати касбии худро такмил медиҳад, имконияти бештар барои расидан ба мақоми арзанда пайдо менамояд.
Дар ҷаҳони муосир танҳо соҳиби маълумот будан кофӣ нест, муҳим он аст, ки инсон тавонад донишҳои худро дар амал татбиқ кунад.
Дар ҳамаи ҷомеаҳои пешрафта таҳсилот ҳамчун яке аз воситаҳои асосии тағйирёбии мақоми иҷтимоии инсон эътироф шудааст.
Сармоягузорӣ ба маориф дар асл сармоягузорӣ ба ояндаи давлат мебошад. Чунонки Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Ояндаи давлат ва миллат аз насли соҳибмаърифат ва донишманд вобаста аст». Аз ин рӯ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва пайванди илм бо истеҳсолот яке аз роҳҳои муҳимми пешрафти кишвар мебошад.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми рушди ҷомеаи муосир такя ба дониш, меҳнат, қобилият ва ташаббус роҳҳои рушди мушаххас кардан аст.
Дар шароити имрӯза муҳимтарин омил савод, дониш, маориф, меҳнат, малакаи касбӣ, ташаббускорӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳити устувори иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҷомеае, ки барои ҳар як шаҳрванди худ роҳи пешрафтро боз мекунад, ҷомеаи қавӣ, рақобатпазир ва ояндадор хоҳад буд, зеро пешрафти давлат аз пешрафти инсон оғоз меёбад.
Маҳмадулло НАИМОВ,
Аслиддин НАСУРДИНЗОДА,
устодони Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон