26.06.2025

 img

 

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рӯшон ва 2 кӯдакистони дигар дар ноҳияи Мурғоб оғози расмӣ бахшиданд.

 

Иншооти мазкур дар маркази ноҳия ва деҳаҳои Дерушон, Дерзуд ва Висав ҷойгир буда, ҳамаи онҳо дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд бунёд шудаанд.

 

Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои мазкур бо назардошти зиёд гардидани талабот, дар деҳаҳое бунёд гардидааст, ки воқеан мардуми ин минтақаҳо ба он эҳтиёҷ доштанд.

 

Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бобати ба зиннаи аввали таҳсилот фаро гирифтани кӯдакон рӯи даст гирифта шуда, ҳамаи иншооти соҳаи маориф бо назардошти талаботи замони муосир сохта шудааст.

 

Кӯдакистони деҳаи Дерушон аз ду ошёна иборат буда, барои 70 кӯдак дар 4 гурӯҳ пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии бино 708 метри мураббаъро ташкил дода, дар он барои гузаронидани машғулиятҳо тамоми имкониятҳо муҳайё гардидааст. Бояд гуфт, ки баъди ба истифода додани кӯдакистон наврасони ду деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯшон-Вамд ва Дерушон ба таълими томактабӣ фаро гирифта мешаванд.

 

Кӯдакистони навбунёди деҳаи Дерзуд барои 60 кӯдак дар 3 гурӯҳ пешбинӣ шуда, тамоми синфхонаҳои дарсӣ бо лавозимот ва аёниятҳои соҳавӣ таъмин гардидааст. Дастрасӣ ба адабиёти бачагона ва дигар зарурияти таълим аз масъалаҳои дигар аст, ки пурра ҳал гардида, муассисаҳои навбунёд бо онҳо таъмин шудаанд. Ин муассиса барои кӯдакони деҳаҳои Дерзуд ва Барзуд пешбинӣ шуда, дар он 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

 

Муассисаи таҳсилоти томактабии тозабунёд дар деҳаи Висав низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, дар он 50 кӯдак ба таълим фаро гирифта хоҳанд шуд.

 

Муассисаи таълимии томактабии Лола барои кӯдакон ва наврасон дар ҷамоати деҳоти Ғоҷо Бердибаеви ноҳияи Мурғоб ҷойгир буда, бо шароити наву замонавӣ бо маблағи умумии 452 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, барои 40 кӯдаки ин деҳаи дурдаст пешбинӣ гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаи мазкур зиёда аз 1600 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд ва  акнун бе мушкилӣ фарзандони онҳо ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Сокинон бунёди ин муассисаро самараи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ арзёбӣ намуда, бо қаноатмандӣ миннатдории хешро ба Пешвои миллат изҳор доштанд.

 

Муассисаи таълимии  томактабии Афсона бошад, барои 40 нафар кӯдакону наврасон дар деҳаи Саргумбези ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Ин муассисаи томактабӣ бо малағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ва саҳми сокинони маҳаллӣ бо маблағи умумии 460 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Тавре зикр гардид, бунёди чунин иншоот барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳо туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сару либос иборат буд, аз ҷониби намояндагони ҳукумати кишвар  тақдим карда шуд.

 

Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамшуда дар муассисаҳои томактабӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро намунаи ибрат хонданд.

 

Пешвои миллат иброз доштанд, ки саҳм гузоштан дар ободии диёр яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба шумор рафта, аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баландро талаб менамояд.

 

Қобили зикр аст, ки баъди ифтитоҳи 4 иншооти соҳаи маориф дар самти ҷалби кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ноҳияи Рӯшон, 230 ҷой барои фарогирии наврасон муҳайё гардида, наздики 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

 

Дар ноҳия ҳамин гуна корҳои созандагӣ идома дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди боз якчанд муассисаҳои томактабӣ дар назар дошта шудааст.

 

https://www.president.tj/event/news/51411

  • Ифтитоҳи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоб img
  • Ифтитоҳи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоб img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ба истифода додани 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим, оғози сохтмони неругоҳи офтобӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ   26 июн аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди як неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Шуғнон, муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Роштқалъа санги асос гузошта шуда, 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Инчунин, дар ҳамин рӯз лоиҳаи Неругоҳи офтобии Рож, ки дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохта мешавад, муарифӣ гардид. Иншооти энергетикӣ бо иқтидори 3 мегаватт бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро барои истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ, иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика вазифадор намуданд. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 оғоз бахшиданд. Муассисаи таълимӣ барои фарзандони сокинони деҳаҳои Даштак ва Ҷангали ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад. Иншооти соҳаи маориф аз ду ошёна иборат буда, барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Бо иштироки Роҳбари давлат 3 кӯдакистон дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Муассисаи томактабии №2 дар деҳаи Бодом ва Муассисаи томактабии №3 дар деҳаи Риҷезд мавриди истифода қарор гирифт. Ҳарду муассисаи таълимии томактабӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои 60 таълимгиранда пешбинӣ шудааст. Инчунин дар деҳаи Даршайи деҳоти Вахони ноҳияи Ишкошим муассисаи томактабӣ барои 35 кудак ба истифода дода шуд. Имкон пайдо шуд, ки наврасони ин деҳаи дурдаст дар шароити ҷавобгу ба талабот ба таълими томактабӣ фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳоло сохтмони бинои дуошёнаи кӯдакистон барои 150 нафар дар деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим идома дорад. Роҳбари давлат фарогирӣ бо таълими томактабиро заминаи асосӣ барои ташаккули донишҳои наврасон ва оянда ба камол расидани ҷавонони донишманду хештаншинос муҳим арзёбӣ намуданд.

    44

    26.06.2025
  •  img
    Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ   25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар стоун” ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабӣ, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.   Муассисаҳои таълимии томактабии навбунёд аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.   Иҷрои корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур моҳҳои феврал-июни соли 2025 ҷараён ёфтааст.   Мувофиқи маълумот 4 муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва 3 муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудааст.   Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба мушкилоти фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ин деҳаҳои дурдаст хотима мебахшад.     Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, сохта шудааст.   Тадбири мазкур аз як тараф иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳаст.   Дар муассисаҳои томактабии навтаъсис 17 гуруҳи таълимӣ амал намуда, машғулиятҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар деҳаҳои дурдаст, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифода додани онҳоро туҳфаи арзанда ба кӯдакон маънидод карданд.   Қобили зикри хос аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 867 кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо бунёд гардидани 7 муассисаи томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 38 фоиз баробар мегардад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ ва муҳайёсозии инфрасохтор дар ин зинаи таълим ҳамеша даст ба кор аст ва натиҷаҳо низ дар ин раванд бороваранд.   Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳимми давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб парвариш ёфта, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд.   https://president.tj/event/news/51280

    107

    25.06.2025
  •  img
    Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ 25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.   Дар вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷро натиҷагирӣ намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинону соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ барои саҳми арзанда дар раванди ободиву пешрафти диёри худ изҳори сипос намуданд.   Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 84 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ шуда, то таҷлили ҷашн сохтмону ба истифода супоридани боз 38 иншоот бояд таъмин карда шавад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои сокинон дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ёдовар шуда, саҳми сохтмончиёнро дар ин кори муҳим арзанда номиданд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастигирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бобати пешрафту тараққиёти ноҳияи Ванҷ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои таъмин кардани рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ванҷ беш аз 2,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст.   Гуфта шуд, ки дар ҳудуди ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 311 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳия ва ободу пешрафта гардонидани он татбиқи 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки то имрӯз дар доираи онҳо 391 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Лоиҳаҳои зикршуда асосан ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ, таъминоти барқ дар деҳот ва таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард равона шудаанд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои иқтисоди миллиро дар ноҳия таҳлил намуда, барои минбаъд ҳам идома додани тадбирҳои созанда дар назди вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифаҳои мушаххас гузоштанд.   Аз ҷумла, ба роҳбарони вилоят ва ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш дода шуд, ки то солгарди 35-уми истиқлол масъалаи бунёди корхонаҳои саноатиро таъмин намоянд ва барои баланд бардоштани самаранокии таъминоти истифодабарандагон бо неруи барқ ва устувории низом дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд.   Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки сохторҳои масъул барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ баҳри ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили маркази замонавии нигоҳдориву банду басти маҳсулот чораҷӯйӣ намоянд ва ба масъалаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоянд.   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф чораҳои амалӣ андешанд.   Супоришҳои дигар ҳамчунин барои ба талаботи муосир мутобиқ намудани шароити муассисаҳои соҳа, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва тармими иншооти тандурустӣ дода шуд.   Аз вазъи зудтағйирёбандаи имрӯзаи ҷаҳон ва дигар мушкилоти глобалӣ ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадорро вазифадор намуданд, ки мардум, хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намоянд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб намуданд, ки фаъолон ба анҷом додани амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ роҳи мошингарди деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ навсозӣ ва асфалтпуш карда шавад.   https://president.tj/event/news/51290

    52

    25.06.2025