25.06.2025

 img

 

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар стоун” ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабӣ, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

 

Муассисаҳои таълимии томактабии навбунёд аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

 

Иҷрои корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур моҳҳои феврал-июни соли 2025 ҷараён ёфтааст.

 

Мувофиқи маълумот 4 муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва 3 муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудааст.

 

Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба мушкилоти фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ин деҳаҳои дурдаст хотима мебахшад.  

 

Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, сохта шудааст.

 

Тадбири мазкур аз як тараф иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳаст.

 

Дар муассисаҳои томактабии навтаъсис 17 гуруҳи таълимӣ амал намуда, машғулиятҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар деҳаҳои дурдаст, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифода додани онҳоро туҳфаи арзанда ба кӯдакон маънидод карданд.

 

Қобили зикри хос аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 867 кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо бунёд гардидани 7 муассисаи томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 38 фоиз баробар мегардад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ ва муҳайёсозии инфрасохтор дар ин зинаи таълим ҳамеша даст ба кор аст ва натиҷаҳо низ дар ин раванд бороваранд.

 

Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳимми давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб парвариш ёфта, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд.

 

https://president.tj/event/news/51280

  • Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ img
  • Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ img
  • Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ img
  • Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар маҷлис, нахуст дар бораи Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши Султон Раҳимзода - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.   Аз ҷумла, таъкид гардид, ки стратегия сиёсати давлатии сармоягузориро дар Тоҷикистон барои давраи дарозмуддат муайян намуда, вазифаҳои мушаххасро баҳри беҳтар кардани фазои сармоягузории кишвар, ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ дар бар мегирад.   Супориш дода шуд, ки вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигар амалигардонии стратегияи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои онро таъмин намоянд.   Сипас, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2025 муҳокима шуд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки роҳбарони сохторҳои давлатӣ пешниҳоди лоиҳаи қарорҳоро аз рӯйи масъалаҳои дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намуда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.   Баъди баррасии масъалаи мазкур қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.   Дар кори маҷлис, ҳамчунин, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” ва “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.   Вобаста ба дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 гуфта шуд, ки лоиҳаи он барои таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таҳия гардидааст.   Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2026, баррасӣ гардид.   Дар фароварди кори маҷлиси Ҳукумати кишвар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳо, татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ, вусъати корҳои ободонӣ, кишти мақсадноки заминҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки неруи барқ, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсили солҳои 2025-2026 ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини сохторҳои давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд.

    12

    30.06.2025
  •  img
    ИФТИХОР!!! ҒАЛАБАИ ХОНАНДАИ ПОЙТАХТ-ВОСКОЛОВИЧ БОГДАН ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ISSYK-KUL OPEN-2025” Аз 20 то 29 июни соли 2025 дар Маркази истироҳатии “Солемар”-и Ҷумҳурии Қирғизистон Мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ оид ба шоҳмот - “Issyk-Kul Open - 2025” баргузор гардид. Ин мусобиқа (гурӯҳи “С”) шоҳмотбозони то 14-солаи 7 кишвари ҷаҳонро гирд оварда, ба саҳнаи рақобати пуршиддат миёни наврасони болаёқат табдил ёфт.   Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Восколович Богдан, хонандаи синфи 8-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ баромади барҷаста нишон дод.   Богдан дар ҷараёни 9 бозии расмӣ бо маҳорати баланди стратегӣ ва зеҳнӣ 7,5 хол ба даст оварда, дар байни тамоми иштирокчиён ҷойи аввалро ишғол намуд ва сазовори медали тилло гардид!   Ин дастовард на танҳо муваффақияти шахсии ӯст, балки ифтихори тамоми низоми таҳсилоти махсуси варзишии ҷумҳурӣ ва натиҷаи заҳмати пайвастаи омӯзгорон ва мутахассисони соҳа маҳсуб мешавад.   Таманно дорем, ки ин қадами нахустин дар роҳи муваффақиятҳои бузургтар дар арсаи шоҳмоти ҷаҳон бошад.

    9

    30.06.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 30 июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳори маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Иброз гардид, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилоти босифат анҷом ёфта истодааст.   Сипас, гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ Ҷ. Маҷидзода доир ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» ва тасдиқи «Барномаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.   Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмин намудани дастрасӣ ба таҳсилоти босифати томактабӣ дар саросари кишвар мунтазам корҳо анҷом ёфта, сохтмон ва таҷҳизонидани муассисаҳои нави томактабӣ, баланд бардоштани малакаи касбии мураббиён ва ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ исботи гуфтаҳои болост.   Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаҳои болозикр, бахусус дар мавриди таҳсилоти томактабӣ, таъкид намуд, ки ин зинаи таҳсилот на танҳо ҳамчун пояи асосии ташаккули шахсияти кӯдак, балки ҳамчун заминаи муҳимми омодасозии насли наврас ба таҳсилоти минбаъда, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдакон хизмат мекунад. Мавсуф зикр кард, ки маҳз дар ҳамин давра хусусиятҳои ахлоқӣ, одобу рафтор, ҷаҳонбинӣ ва муносибати кӯдак ба муҳити атроф ташаккул меёбанд.   Дар фарҷом, вазир бо таъкид ба аҳамияти хос доштани таҳсилоти томактабӣ дар тарбия ва рушди насли нав, ба масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, иҷрои сифатнок ва саривақтии барномаҳои қабулгардида, ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, такмили малакаи мутахассисон ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеа ва шарикони рушд таъкид гардид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    12

    30.06.2025