31.03.2026

 img

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ҷамоати деҳоти Ворух бинои иловагӣ иборат аз ду ошёна барои 220 нафар хонанда дар як баст сохта, ба истифода дода шуд.

Бино дорои 7 синфхона буда, барои омӯзиши фанҳои забони русӣ, физика, химия, математика, таърих, биология ва синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, як ҳуҷраи кории директор ва як ҳуҷраи омӯзгорон муҳайё карда шудааст. Иншооти мазкур аз ҷониби лоиҳаи CASA-1000 бунёд гардида, дорои низоми муосири гармидиҳӣ (мини-котел) буда, бо неруи барқ фаъолият мекунад. Айни ҳол дар муассиса 22 нафар омӯзгор фаъолият намуда, 252 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 синфхонаи иловагӣ барои 210 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт. Синфхонаҳои иловагии мазкур низ аз ҷониби лоиҳаи CASA-1000 сохта шуда, бо тамоми шароити зарурии таълимӣ таъмин мебошад. Дар муассисаи мазкур 39 нафар омӯзгор фаъолият дошта, 499 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои сохтмони он 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Илова бар ин, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и деҳоти Ворухи шаҳри Исфара толори варзишии муосир бунёд гардида, барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии хонандагон шароити мусоид фароҳам овардааст.

  • ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ИСФАРА ДАР ДОИРАИ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН img
  • ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ИСФАРА ДАР ДОИРАИ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН img
  • ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ИСФАРА ДАР ДОИРАИ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА АРЗЁБИИ ДОХИЛИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ Дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» дар меҳмонхонаи «Серена» семинари омӯзишӣ барои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии озмоишӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ, менеҷери лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат», инчунин мушовирони миллӣ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии семинар тақвияти салоҳияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар самти татбиқи тартибу воситаҳои такмилёфтаи мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот, инчунин омодагӣ ба раванди аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ арзёбӣ гардид. Зимни омӯзиш иштирокчиён бо ҳадаф, асос ва унсурҳои калидии тартиби нави арзёбии сифати таҳсилот шинос гардида, истифодаи нишондиҳандаҳо, воситаҳо ва усулҳои муосири ҷамъоварии маълумотро барои гузаронидани арзёбии дохилӣ (худаттестатсия) аз худ намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба таҳлили тартиби нави мониторинг ва арзёбӣ, принсипҳои асосии он, аз ҷумла асоснокӣ, эътимоднокӣ ва шаффофият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни семинар ба нишондиҳандаҳои арзёбии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, сохтор ва миқёси онҳо, инчунин фарқияти нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, бо пешниҳоди мисолҳои амалӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд. Иштирокчиён инчунин бо тарзи ташкил ва гузаронидани мушоҳидаи дарс, истифодаи варақаҳои мушоҳида ва роҳҳои ба роҳ мондани робитаи муассир бо омӯзгорон шинос шуданд. Дар анҷоми чорабинӣ масъалаҳои ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои арзёбии дохилӣ, аз ҷумла, тартиби таҳияи гузориши ниҳоӣ, хулосабарорӣ ва таҳияи нақшаи амал баррасӣ гардиданд.  

    25

    31.03.2026
  •  img
    САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ №5-РО БА ТАВРИ ФОСИЛАВӢ ИФТИТОҲ НАМУДАНД Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави боғча бо саҳми соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯсти деҳоти Оббурдон бунёд карда шуда, барои тарбияи 480 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо риояи талаботи меъморӣ, мутобиқ ба завқи кӯдакон сохта шуда, бо шароити муосир ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳуҷраҳои барҳаво барои машғулияти зеҳнии 10 гурӯҳи кӯдакон муҷаҳҳаз мебошад. Бино аз се ошёна иборат буда, дар зиёда аз 15 ҳуҷра ва дигар нуқтаҳои ёрирасони он барои гузаронидани машғулиятҳои рангини кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави боғча 25 нафар бо кор таъмин карда шуданд. Бинои куҳнаи ин муассисаи томактабӣ, ки ҳанӯз соли 1980 сохта шуда буд, ба талаботи замон мувофиқ набуд. Бунёди бинои нави дабистон натиҷаи татбиқи амалии дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтани чунин иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла боғчаҳо барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон арзёбӣ мегардад. Акнун дар ин муассисаи тозабунёд мутахассисони соҳа ҷалб карда шуда, барои тарбия ва ташаккули зеҳнии ин дӯстрӯякон донишу таҷрибаи худро равона месозанд. Дар саҳни бинои нав майдончаҳову суҳбаткадаҳо бо ороиши махсус барои хушҳолӣ ва машғул шудани кӯдакон ба ҳар гуна бозиҳои шавқовару ташкили маҳфилҳои эҷодӣ сохта шудааст. Зимни суҳбат бо масъулон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки чунин тадбирҳои босамар барои амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти низоми зинаи таҳсилоти томактабӣ, ки барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия равона шудааст, мусоидати фаъол мекунад.

    51

    30.03.2026
  •  img
    МУҲОКИМАИ ОМОДАГИҲО БА АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 30 марти соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ва Бадриддин Музаффарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин директорони муассисаҳои таълимӣ оид ба баргузории марҳилаи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани низоми таълим ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Қайд карда шуд, ки ин арзёбӣ сатҳи саводнокии хониши хонандагони синфи чорумро муайян намуда, барои таҳлили амиқи вазъи соҳа ва қабули қарорҳои муассири идоракунӣ замина фароҳам меорад. Иштирокчиён иброз доштанд, натиҷаҳои PIRLS метавонад барои такмили барномаҳои таълимӣ, беҳтар намудани китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва рушди муҳити мусоиди таълимӣ мусоидат намоянд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки баргузории марҳилаи асосии арзёбии мазкур раванди мураккаб ва масъулиятнок буда, ҳамоҳангии дақиқи ҳамаи сохторҳои марбутро талаб менамояд. Аз ҷумла, зарурати омодасозии босифати кормандони масъул, таъмини шаффофияти раванди арзёбӣ ва риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ махсус таъкид гардид. Дар идома, иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои ташкилӣ, методӣ ва техникии баргузории PIRLS - 2026 табодули афкор намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани раванди омодагӣ ва баргузории он ироа карданд. Дар фарҷоми мизи мудаввар таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин арзёбиҳои байналмилалӣ омили муҳим дар таҳкими низоми миллии маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ҳамгироии кишвар ба фазои маориф ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    67

    30.03.2026