05.12.2025
– Музаффарият дар Озмуни ҷумхуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» натиҷаи дастгириву роҳнамоии падару модар, роҳбарияти мактаб ва омӯзгорон мебошад,-иброз дошт Фариса Холиқова.
Илму дониш, маърифат ва фарҳанг дар рушди ҷомеа нақши ҳалкунанда доранд, аз ин рӯ, ҷавонони китобдӯсту равшанзамир қутбнамоеянд, ки дар пешрафти давлату миллат саҳми босазо мегузоранд. Фариса Холиқова яке аз чунин наврасони маърифатдӯст аст, ки бо саъйю кӯшиши пайваста, аз номинатсияи адабиёти ҷаҳони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори Шоҳҷоиза гардид. Ӯ хонандаи синфи 11-и МТМУ рақами 50-и деҳаи Шайхони ноҳияи Рӯдакӣ буда, чор сол боз дар озмун ширкат меварзад.
– Тариқи оинаи нилгун иштироки довталабонро дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ҳавас тамошо мекардам ва ҳанӯз хонандаи синфи 7-ум буданам, дар ин озмун иштирок кардам. Аз соли аввали иштирок дар даврҳои мактабиву минтақавӣ сазовори ҷойҳои намоён шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтам. Дар даври ҷумҳуриявӣ сатҳи иштирокдорон баланд буд, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ нашудам. Аз ин ҳолат ноумед нагардидам, пайваста мехондаму меомӯхтам. Дар солҳои минбаъда бошад, созовори ҷойи ифтихорӣ шудам. Сол то сол феҳристи адабиёти мутолианамудаам меафзуд, ҷаҳонбиниам васеъ ва фонди луғавиам зиёд мегардад. Зимни иштироки пайваста дар озмун масоили зиёдеро аз худ намуда, забондониям такмил ёфт. Бо забонҳои русиву англисӣ озодона китоб хондан ва муошират карданро омӯхтам.
Фариса аз хурдӣ ба китобхонӣ майлу рағбати беандоза дошт, ҷаҳонро тавассути саҳифаҳои китоб мешинохт ва ҳар рӯзи навро бо кашфи маънии тоза оғоз мекард. Маҳз ин шавқу истеъдод ба ӯ имкон дод, ки дар бахши адабиёти ҷаҳон дониши мукаммалро соҳиб шавад.
– Аз хурдсолӣ бештар афсонаҳои Шарл Перро, Ганс Христиан Андерсен, Марк Твен, Самуил Маршак, Александ Сергеевич Пушкинро мутолиа мекардам. Ҳангоми дар синфи сеюм таҳсил намудан, яке аз афсонаҳои А. Пушкин «Афсона дар бораи шоҳ Салтан» («Сказка о царе Салтане»)-ро пурра аз бар намудам. Ҳамин тавр, меҳри китобхонӣ дар қалби ман маъво гирифт. Дар аввал афсонаҳои кӯдакона, баъдтар ба мутолиаи китобҳои калонҳаҷми адабиёти ҷаҳон пардохтам,-изҳор дошт ӯ.
Мавриди зикр аст, ки волидайн ва омӯзгорони Фариса Холиқова муҳити мусоид фароҳам оварданд, то истеъдод ва рағбати ӯ ба омӯзиш ва мутолиаи китоб ба таври устувор рушд кунад. Духтараки китобдӯст зимни суҳбат аз рафҳои ҷевони хонаашон, ки пур аз китоби адибони шинохтаи Мағрибу Машриқ аст, ёдовар шуд. Ҳамчунин, иттилоъ дод, ки аъзои китобхонаҳои мактаб, ноҳия, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон асту китобҳоро барои мутолиа аз он ҷо низ дастрас менамояд.
– Гоҳе ҳамроҳи модарам ба мағозаҳои «Олами китоб» меравем ва аз он ҷо китобҳои мақбуламро харидорӣ мекунам. Дар мавриди хондани осоре, агар дар пайи дарёфти маъние душворӣ кашам, модарам Насиба Бобоева ва муаллими забон ва адабиёти тоҷик Фарҳод Ҳакимов кумак мекунанд. Дар чопу омода намудани феҳристи китобҳо барои иштирок дар озмун амакам Файзулло Холиқов дастгиру мададгор буд,- бо табасссум қайд кард духтарак.
Фариса бо завқи баланд асарҳои нависандагони машҳури ҷаҳон Гомер, Уилям Шекспир, Виктор Гюго, Александр Дюма, Габриэл Гарсиа Маркес, Чарлз Диккенс ва Маргарет Митчеллро мутолиа кардааст. Ӯ аз ҳар асар на танҳо сюжети онро меомӯзад, балки андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии нависандагонро таҳлил, хусусият ва таъсири равонии онро муайян мекунад.
– Асарҳое ҳастанд, ки онро хонанда дар як лаҳзаи кӯтоҳ хонда ба итмом мерасонад. Яке аз ин қабил асарҳо «Бодбурда» («Унесённые ветром»)-и нависандаи амрикоӣ Маргарет Митчелл аст. Дар ин асар ҳодисаҳои айёми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1860 дар штатҳои ғарбии ИМА ба вуқуъпайваста инъикос гардидааст. Қаҳрамони асосиаш духтараке бо номи Скарлетт О’Хара аст, ки ӯ аз пастиву баландиҳои зиндагиаш руҳафтода нагашта, пайваста баҳри бартараф намудани мушкилиҳо мубориза мебарад ва оқибат ба мақсади дар пеш гузоштаи худ мерасад. Ин китоб дар жанри роман-эпопея нигошта шудааст, ки бароям писанд аст,- зикр кард Фариса.
Суханрониаш пурмуҳтаво, таҳлилҳояш фарогир ва фаҳмишаш оид ба моҳияти адабиёт хеле амиқ аст. Маҳз ҳамин сатҳи баланди дарку таҳлил барояш имкон дод, ки дар миёни садҳо иштирокчии лаёқатманд бартарӣ ёбад. Барои пешниҳод ба озмун 490 асари насрӣ, аз қабили 122 роман, 66 повест, 85 ҳикоя мутолиа ва 5300 мисраи шеърӣ аз бар намудааст.
– Ҳангоми иштироки баъзе аз довталабон дар озмун ба он аҳаммият додам, ки номи қаҳрамонони асарро аз хотир фаромӯш мекунанд. Ман низ дар аввал ба ин мушкили рӯ ба рӯ мешудам, зеро бо хондани 100-200 китоб бештар номи қаҳрамонон омехта ва фаромӯш мешавад. Кӯшиш мекардам, дар зеҳнам тасвири онҳоро кашам, образашонро дар лавҳи хотирам таҷассум намоям. Яъне, тавре ки дар китоб тасвир кардаанд, дар зеҳнам онҳоро меофаридам ва ҳамин тавр муваффақ шудам, ки исмашонро фаромӯш насозам,-қайд кард Ф. Холиқова.
Дар баробари шоирону адибони ҷаҳон, Фариса шефтаву волои эҷодиёти шоирони классики тоҷику форс, амсоли Абуабдуллоҳ Рӯдакиву Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофизи Шерозист. Аз офаридаҳои ин бузургони адаб дурри маънӣ мебардорад. Дар оянда орзу дорад ба ҳайси табиби равоншинос дар ҷомеа хидмат намояд.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,
«Омӯзгор»