05.12.2025
Бо эҳсоси фараҳмандӣ ва сипоси бепоён мехоҳам чанд суханро ҳамчун ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» изҳор намоям.
Пеш аз ҳама, миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён мекунам, ки бо сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои пайвастаи худ барои боло бурдани сатҳу сифати маърифат, рушди илму адаб ва ҷалби ҷавонон ба китобу китобхонӣ чунин шароити мусоидро фароҳам овардаанд. Ин ташаббуси донишпарваронаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз ҳазорҳо ҷавонон рӯ ба китоб, таҳсил, фикрронӣ ва худташаккулёбӣ ниҳодаанд.
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ман на танҳо як сабқати илмиву фарҳангӣ, балки мактаби бузурги зиндагӣ гардид. Ман аз рӯзҳои аввал бо ишқу муҳаббат ва масъулияти баланд барои иштирок омодагӣ дидам. Ҳар китобе, ки хондем, ба ман ҷаҳонбинии нав бахшид. Ҳар саҳифае, ки варақ задам, маро ба олами сухан, андеша ва фарҳанги башарӣ наздиктар намуд.
Шоҳҷоиза ба даст овардан, ин фахр, аммо ҳамзамон масъулияти бузург низ мебошад. Ман мефаҳмам, ки ин муваффақият маро вазифадор мекунад, то минбаъд бештар бихонам, биомӯзам ва барои баланд бардоштани нуфузи дониш, фарҳанг ва китобхонӣ дар миёни ҳамсолонам саъю талош намоям.
Миннатдории самимии худро ба волидонам, ки ҳамеша пуштибонам буданд, ба омӯзгорони муҳтарам, ки бо меҳрубонӣ ва заҳмати беандоза роҳнамоӣ карданд, ва ба раҳбарияти МТМУ №50, ки барои рушди истеъдодҳои мо шароити мусоид фароҳам оварданд, мерасонам.
Ҳамчунин аз раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамеша ҷавононро дар чунин озмунҳо ҳавасманд месозанд, изҳори сипос менамоям.
Ман бовар дорам, ки китоб нур, дониш тавон, фарҳанг ҳувият, ва китобхонӣ роҳи ягонаи расидан ба камолот аст. Ҳар ҷавони тоҷик, ҳар хонандаи мактаб бояд аз ин сарчашмаи бебаҳо баҳра гирад.
Дар анҷом, ба Пешвои миллат бори дигар изҳори эҳтиром ва сипос менамоям, ки бо сиёсати давлатӣ ва ғамхории хосаи худ моро ба роҳи илму маърифат ҳидоят мекунанд.
Бо эҳтиром,
Холиқова Фариса,
ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»