19.09.2024

 img

Имрӯз, 19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар деҳаи Сафобахш (Охунбобо)-и ҷамоати деҳоти Сафобахш бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 87 мавриди истифода қарор дода шуд.

 

Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳо бо бахши хусусӣ сохта шудааст.

 

Бинои муассисаи нави таълимӣ якошёна буда, барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

 

Муассисаи замонавии таълимӣ аз 9 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

 

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф моҳи январи соли 2021 оғоз гардида, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 2 000 м2 бунёд карда шудааст. Дар рафти сохтмон беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик намуданд.

 

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудааст, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.

 

Хадамоти матбуоти

раиси вилояти Хатлон

  • ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ img
  • ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ img
  • ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ img
  • ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИР АЗ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ 30 сентябри соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи раванди таълиму тарбия, фаъолияти таълимӣ ва илмӣ, шароити таҳсил ва заминаи моддию техникии муассиса аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент боздид намуд.   Зимни боздид роҳбарияти донишкада оид ба самтҳои асосии фаъолияти муассиса, раванди омодасозии мутахассисон, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва шароити таълим маълумот пешниҳод намуд.   Муовини вазир аз синфхонаҳо ва дигар сохторҳои таълимӣ дидан карда, ба сатҳи таҷҳизонидани онҳо, истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил таваҷҷуҳ зоҳир намуд.   Ҳамзамон, Илҳомуддин Иброҳимзода устодону донишҷӯёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бо донишҷӯён суҳбати озод анҷом дод. Дар суҳбат масъалаҳои сифати таҳсилот, забономӯзӣ, иштироки донишҷӯён дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди малакаҳои касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Дар фарҷоми боздид масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, беҳтар намудани шароити таҳсил ва тақвияти заминаи моддию техникии донишкада аз самтҳои муҳими фаъолияти минбаъда таъкид гардиданд.

    32

    30.09.2026
  •  img
    Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 баррасӣ шуда, гузориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд.   Таъкид гардид, ки мақсад аз таҳия ва қабули Барномаи мазкур, ин баланд бардоштани сатҳи саводнокии экологии табақаҳои аҳолӣ, ташаккули арзишҳои устувори экологӣ ва малакаҳои рафтори бомасъулият дар шаҳрвандон, ҷалби ҷавонон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳо барои иштироки фаъолона дар татбиқи ташаббусҳои экологӣ ва тақвияти корҳои маърифатӣ мебошад.   Гуфта шуд, ки дар барномаи таҳияшуда, ҳамчунин, ташаккули фарҳанги экологӣ ба инобат гирифта шудааст, ки яке аз масъалаҳои афзалиятноки ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи мазкур тасдиқ гардида, сохторҳои марбута аз натиҷаи корҳо ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.    Сипас, дар маҷлис лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2028 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2029-2030 баррасӣ гардид.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муҳокимаи масъалаҳои зикршуда барои дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои барномаҳо ба вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру тавсияҳо доданд.   Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони дигар сохторҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии супоришҳои қаблии маҷлиси Ҳукумат ва масъалаҳои имрӯза, ҷалб намуданд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои мубрам ва рӯзмарра, аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба зимистони солҳои 2026-2027, захираи маводи сухт ва хурокворӣ, ҷамъоварии ҳосили боқимондаи пахта ва меваю сабзавот, кишти тирамоҳии ғалла, идома ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

    52

    30.09.2026
  •  img
    ИФТИТОҲИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2026» Имрӯз, 30 сентябри соли 2026 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2026» оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи озмун вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, кумитаи тадорукот, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва намояндагони соҳаи маориф иштирок намуданд.   Зимни ифтитоҳи озмун вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.   Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» яке аз намунаҳои равшани таваҷҷуҳи давлат ба мақоми омӯзгор мебошад. Таъкид шуд, ки ин санади муҳим мақоми омӯзгор, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои касбии ӯро ба танзим медарорад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ вазифаи омӯзгори муосир танҳо расонидани дониш набуда, балки омӯзонидани қобилияти таҳлил, андешаронӣ, интихоби иттилооти дуруст ва истифодаи дониш дар ҳаёти воқеӣ мебошад. Дар ин раванд технология бояд ҳамчун воситаи ёрирасони омӯзгор истифода шавад.   Зикр шуд, ки ҳадафи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» кашф ва муаррифии омӯзгорони эҷодкор, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва паҳн намудани усулҳои самараноки таълиму тарбия мебошад.   Дар даври ниҳоии озмун 5 нафар ғолибони даври шаҳрию вилоятӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, аз рӯйи ҳафт шарт маҳорати касбии худро месанҷанд.   Таъкид гардид, ки озмун бояд барои иштирокчиён мактаби таҷриба, табодули андеша ва муаррифии ташаббусҳои нави педагогӣ бошад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    32

    30.09.2026