23.12.2025
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид. Дар ҷаласа сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаҳо ва китобҳои дарсӣ, инчунин муаллифон ва мураттибони адабиёти таълимӣ, ки барои баррасӣ пешниҳод гардида буданд, иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои тавсияи адабиёти таълимӣ барои баррасӣ ва арзёбии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Зимни муаррифии адабиёти таълимии пешниҳодгардида директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Ҳасанзода иброз дошт, ки ҳамаи дастхатҳои пешниҳодгардида қаблан аз ҷониби муассисаҳои экспертӣ мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифта, бо дарназардошти эродҳо ва тавсияҳои мутахассисони соҳа такмил ёфта, мундариҷаи онҳо ба талаботи замони муосир ва барномаҳои амалкунандаи таълим мутобиқ гардонида шудаанд.
Раиси ҷаласа ба зарурати бознигарии низоми таҳия ва ташхиси китобҳои дарсӣ ишора намуда, таъкид кард, ки такмили низоми таҳия, баланд бардоштани сатҳи экспертизаи илмӣ-методӣ ва таъмини мутобиқати мундариҷаи адабиёти таълимӣ бо стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои мушаххасро талаб мекунад.
Аз рӯйи масъалаи дуюм гузориши котиби масъули Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм К. Аслон доир ба натиҷаҳои солонаи Шурои милли таҳсилот, арзёбии мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ барои зинаҳои гуногуни таҳсилот шунида шуд. Таваҷҷуҳ дода шуд, ки бо дарназардошти тағйироти илмиву фаннӣ, зарур аст китобҳои дарсӣ аз ҷиҳати методикаи таълим ва ифодаи илмӣ пайваста такмил ёбанд, то хонандагон бо таҷрибаҳои нави илмӣ ва кашфиётҳо огаҳӣ пайдо кунанд.
Дар охир, раиси ҷаласа ҷиҳати дар доираи пешрафти илму техника, таҳияи китобҳои дарсии насли нав ва мувофиқи меъёрҳои мавҷуда мавриди экспертиза қарор додани мазмуну мундариҷаи онҳо ба роҳбарони сохторҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм ва раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии Шурои миллии таҳсилот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.