23.12.2025
23 декабри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратии навбатӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст, вазир ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос карда, аз таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуд. Таъкид шуд, ки рушди устувори низоми таълиму тарбия аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа мебошад ва кормандони соҳаи маориф вазифадоранд, ки дар ин самт пайваста талош намоянд.
Сипас, ҳисоботи сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Ш. Асомиддинзода оид ба вазъи таълиму тарбия, ҳуҷҷатдорӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шунида шуд. Ҳамчунин, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Н. Мирзозода дар бораи таҳия ва озмоиши барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ҳисобот дод.
Дар ҷараёни ҷаласа вазир масъалаҳои таҳкими пояи кадрӣ, омода намудани мутахассисони педагогӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ, ҷалби омӯзгорони ҷавон, ҷиҳати таҳсилоти дуюм фаро гирифтани омӯзгорони ғайриихтисоси фаннӣ, танзими нигоҳдории ҳуҷҷатҳои омӯзгорони хориҷӣ, беҳтар намудани ҳолати ҳуҷҷатдорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва мувофиқи талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбияро мавриди баррасӣ қарор дод.
Инчунин, ҷиҳати ҷалби хонандагон барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», мутобиқ намудани оинномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба тағйиру иловаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар масъалаҳои марбут ба раванди таълим дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба рушди касбии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки таҳияи барномаҳои таълимии инноватсионии курсҳои такмили ихтисос, баланд бардоштани сатҳ ва сифати омӯзиш, азхудкунии самараноки барномаҳои муосир, истифодаи мақсадноки технологияҳои таълимии нав ва тақвияти ҳамкориҳо бо муассисаҳои байналмилалӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти соҳа мебошанд. Зимнан, ҳангоми таҳияи барномаҳои нави таълимӣ мутобиқсозии муҳтаво бо китобҳои дарсӣ, ворид намудани мавзуъҳои фарогир ва таъмини дастгирии амалӣ барои омӯзгорон зарур шуморида шуда, масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои иловагии муассирро амалӣ намоянд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ раиси ҷаласа таъкид намуд, ки барои таъмин намудани рушди устувори низоми маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, татбиқи самараноки барномаҳои таълимӣ, таҳкими фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, истифодаи дурусти имкониятҳои мавҷуда ва густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд, ҳар як сохтору зерсохтори марбута бояд бо масъулияти баланд фаъолияти худро ба роҳ монад.