23.05.2026

 img

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода дар ҷаласаи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки соҳаҳои маориф ва илмро ҳамоҳанг месозанд, иштирок намуд.

 

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, рақамикунонии фазои таълимӣ, инчунин омодасозии мутахассисони баландихтисос мутобиқ ба талаботи рушди инноватсионии замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти Донишгоҳи СҲШ, таҳкими робитаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ байни давлатҳои узви созмон равона гардид.

 

Зимни суханронии худ ҳайати Тоҷикистон нақши муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккул ва рушди Созмони Ҳамкории Шанхай таъкид намуд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар доираи СҲШ дар самти маориф ва илм пайваста таҳким бахшида, ба рушди ҳаракатпазирии академӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосири таълимӣ мусоидат менамояд.

 

Роҳбари ҳайат иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 ба лоиҳаи Донишгоҳи СҲШ ҳамроҳ гардида, имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии пешсафи кишвар дар фаъолияти он иштироки фаъол доранд. Дар солҳои охир зиёда аз 1700 донишҷӯи тоҷик дар барномаҳои муштараки таҳсилотӣ иштирок намуда, 236 донишҷӯ дар донишгоҳҳои кишварҳои узви СҲШ таҳсил кардаанд.

 

Инчунин, густариши ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти омодасозии мутахассисон, татбиқи барномаҳои дипломи дугона ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ таъкид карда шуд.

 

Дар ҳошияи чорабинӣ ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии кишварҳои узви СҲШ як қатор мулоқотҳои корӣ баргузор намуд. Дар мулоқотҳо дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо, татбиқи ташаббусҳои муштараки таълимӣ ва рушди лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

 

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, густариши табодули академӣ ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай таъйид намуданд.

 

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи 10-ум Протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.

 

Дар доираи ҷаласа ҳамзамон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Тсю Йонг, муовини вазири илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Эсфандиёр Ихтиёрӣ, муовин оид ба сиёсатгузорӣ ва рушд дар сохтори илмӣ-технологии назди Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, технология, табодули академӣ ва татбиқи барномаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.

  • ҲАЙАТИ ВАКОЛАТДОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ 10-УМИ РОҲБАРОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ ИШТИРОК НАМУД img
  • ҲАЙАТИ ВАКОЛАТДОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ 10-УМИ РОҲБАРОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ ИШТИРОК НАМУД img
  • ҲАЙАТИ ВАКОЛАТДОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ 10-УМИ РОҲБАРОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ ИШТИРОК НАМУД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ 25 май дар Қасри миллат маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ баргузор гардид.   Ин ҷоизаи бонуфуз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар эҷоди сулҳ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, аз ҷумла имзои созишномаи таърихӣ дар бораи ҳалли масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, тавсиби Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, инчунин, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи обу иқлим супурда шуд.   Зимнан, саҳми Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафмандонаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028", қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ ва пешниҳоди “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, махсус таъкид гашт.   Ёдовар бояд шуд, ки Ҷоиза бо фармони Ректори Донишгоҳи Сулҳи Созмони Милали Муттаҳид доктор Франсиско Рохас Аравена 19 майи соли 2026 ба имзо расида, аз ҷониби Намояндаи доимии ин Донишгоҳ, Сафир Дэвид Фернандес Пуйана ба Пешвои миллат тақдим гардид. Он барои шахсиятҳои барҷастаи сулҳофар ва кишварҳое, ки дар роҳи сулҳсозӣ дастовардҳои беназир доранд, аз ҷониби Донишгоҳи сулҳи СММ таъсис ёфтааст.   Ин эътироф гувоҳи шахсияти таъсиргузор будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳи минтақа ва талошҳояшон барои суботи сартосариву пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим аст, ки аз ҷониби яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои олам муҳри тасдиқ ёфт.

    25

    25.05.2026
  •  img
    Мулоқот бо муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид 25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳи муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, Фиристодаи махсуси Дабири кулл оид ба захираҳои об хонум Ретно Марсудӣ ва Ректори Донишгоҳи СММ - Муовини Дабири кулли СММ Тшилидзи Марваларо истиқбол гирифта, ба толори мулоқот даъват намуданд.   Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонони олимақом барои ташриф ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар конфронси мазкур ва дастгирии доимиашон аз “Раванди оби Душанбе” изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд.   Дар идомаи гуфтугӯ ба ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо, ба хусус дар самтҳои обу иқлим, нақлиёту логистика, нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ, рақамикунонӣ ва технологияҳои “сабз” баҳои баланд доданд.   Таъкид гардид, ки танҳо дар соҳаи об бо ибтикори Тоҷикистон 14 қатъномаи СММ қабул шудааст.   Изҳори бовар карда шуд, ки конфронси кунунӣ минбари муҳими ҷаҳонӣ барои муттаҳидсозии талошҳо дар ин самт ва рушди дипломатияи об гардида, дар доираи “Раванди оби Душанбе” ба ҳалли масъалаҳои умдаи вобаста ба об ва иқлим мусоидат хоҳад кард.   Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи пайгирии натиҷаҳои конфронсҳои қаблӣ, босамар доир намудани ҳамоиши кунунӣ ва омодагӣ ба чунин чорабиниҳои дигар дар солҳои 2026 ва 2028 сурат гирифт.   Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ бо Донишгоҳи СММ, аз ҷумла изҳори бовар карда шуд, ки густариши робитаҳои илмию амалии олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷик бо ин ниҳоди бонуфуз самараҳои арзишманд хоҳад дошт.

    35

    25.05.2026
  •  img
    ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ НЕФТ ВА САНОАТИ ОЗАРБОЙҶОН БОЗДИД НАМУД Дар доираи иштирок дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Донишгоҳи давлатии нефт ва саноати Озарбойҷон дидан намуд.   Зимни боздид муовини вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Идрис Исаев ва ректори Донишгоҳи давлатии нефт ва саноати Озарбойҷон Руфат Азизов вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо имкониятҳои таълимӣ, инфрасохтор ва шароити фароҳамгардида барои донишҷӯён дар муассисаи мазкур шинос намуданд.   Ба ҳайати Тоҷикистон синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва марказҳои таълимӣ, ки бо таҷҳизоти муосир ва зарурӣ барои омодасозии мутахассисони соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, муаррифӣ карда шуданд. Зикр гардид, ки донишгоҳ барои рушди донишҳои амалӣ, таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос, бахусус дар самтҳои техникӣ ва муҳандисӣ, шароити мусоид муҳайё намудааст.   Ҳамзамон, пас аз шиносоӣ ҷонибҳо бо ҳам мулоқот намуда, дар ҷараёни он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, аз ҷумла омодасозии мутахассисони соҳаи техникӣ, табодули устодону донишҷӯён, таҳкими ҳамкориҳои академӣ ва мубодилаи таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Аз ҷониби муовини вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар Донишгоҳи давлатии нефт ва саноати Озарбойҷон даъват ба амал оварда шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф, аз ҷумла технологияҳои муосир, илмҳои техникӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадам иброз намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    60

    23.05.2026