Вокуниш вобаста ба матлабе, ки дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” оид ба фаъолияти директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Кӯлоб нашр гардидааст

27-01-2024
 
 Матлабе, ки дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” дар бораи муассисаи таълимии №10-и шаҳри Кӯлоб нашр гардидааст, дар сатҳи маҳал бо иштироки сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои таҳлил намудани вазъи воқеии нуктаҳои дар матлаби номбурда дарҷгардида гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд.
Гурӯҳи корӣ дар ҳайати сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, намояндагони бахши минтақавии раёсати маориф дар минтақаи Кӯлоб, раиси маҳаллаи деҳаи Лағмон, раиси Кумитаи падару модарони муассисаи таълимии №10-и шаҳри Кӯлоб ваҷҳҳои дар матлаби мазкур овардашударо мавриди омӯзиш қарор дод. 
 Аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳа, коллективи омӯзгорон ва кормандонии техникии муассиса вобаста ба ҳама самтҳои фаъолияти директори муассисаи таълимии №10-и шаҳри Кӯлоб, муносибат бо омӯзгорону кормандон ва хонандагон бе иштироки директор суҳбати озод доир намуд. Рафти баррасӣ нишон дод, ки дар маҷмуъ коллективи кормандон аз фаъолияти директори ҷавони муассиса Сафарова Суман Абдузокировна, ки собиқаи 8-солаи кории омӯзгорӣ дошта, беш аз 4 моҳ боз ба ҳайси директор ифои вазифа мекунад, розӣ мебошанд.
Дақиқ гардид, ки Сафарова Суман Абдузокировна роҳбари ҷавону ташаббускор ва сахтгиру дилсӯз буда, барои ноил шудан ба дастовардҳои соҳавӣ талошҳои зиёде намуда истодааст. 
Омӯзгорону кормандони техникии муассисаи мазкур бо суханҳое, ки дар матлаби нашргардида оварда шудааст, розӣ нашуданд. Тасдиқ намуданд, ки ба фаъолияти кории роҳбари муассиса касе аз наздикон иртиботе надорад ва директор бо истифода аз маҳорати кории худ бо хонандагону омӯзгорон муносибати хубро ба роҳ мондааст. Хусусан, ба фаъолияти роҳбарӣ ва омӯзгории ӯ шавҳараш, ки корманди мизи шиносномадиҳии минтақаи Кӯлоб аст, ягон дахолат намекунад ва муносибати ӯро бо кӯдакон, ки гӯё лату кӯб мекардааст, раиси маҳалла Бобохонов Салим ва кулли омӯзгорону кормандони муассиса пурра рад карданд.
 Ёдовар мешавем, ки муассисаи тасилоти миёнаи умумии №10 -и шаҳри Кӯлоб дорои 87 нафар омӯзгор, 1350 нафар хонанда, 21 нафар корманди техникӣ мебошад. Дар муассиса омӯзгорон пурра мерасанд. Муҳити хуби корӣ муҳайё аст. Имсол 5 нафар шогирдони муассиса дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд.
 Гурӯҳи корӣ бо рақами телефонии Солеҳова Назокат, ки муаллифи матлаб буда, айни вақт дар шаҳри Душанбе қарор дорад, тамос гирифтанд. Назокат Солеҳова изҳор намуд, ки “Ин ҳамаро аз забони яке аз бошандагони деҳа (аз овардани номаш худдорӣ кард) шунидам ва бе таҳлил нашр кардам. Дар бораи шахсият ва фаъолияти кории директори муассиса  Сафарова Суман Абдузокировна маълумоти зарурӣ надорам. Пас аз суҳбате, ки бо устодонаш вобаста ба матлаби нашркардааш доштааст, аз ин амалкардааш изҳори пушаймонӣ кард. Мавсуф таълимдидаи муассисаи таълимии номбурда буда, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.  
Устодони муассиса аз давраи таҳсили Назокат Солеҳова хотироти хуб гуфта, ӯро ифтихори муассиса донистанд ва перомуни матлабаш бо муаллифи матн суҳбат ҳам кардадаанд. 
Хуллас, таҳлилу омӯзиш ва суҳбатҳои гурӯҳи корӣ бо омӯзгорон ва муаллифи матлаб нишон дод, ки маводи мазкур дар асоси суханони носанҷидаи яке аз бошандагони деҳа бе таҳлил дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда шудааст.
Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҳамаи муроҷиату дарсхостҳои шаҳрвандонро саривақт омӯзишу баррасӣ карда, барои ҳалли мушкилоту норасоиҳои баҷувудомада бо истифода аз имконияти мавҷуда чораҷӯӣ ва корбарӣ менамояд. 

 Раёсати маорифи вилояти Хатлон