ВОКУНИШ БА РӮЗНОМАИ «ҶУМҲУРИЯТ» «ДУ ПЕШНИҲОД БАРОИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒ...»». АЗ РОҲАНДОЗИИ НОМИНАИ «НАҚД» ТО ТАЪСИСИ МАҶАЛЛАИ АЛОҲИДА

13-03-2024
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «ДУ ПЕШНИҲОД БАРОИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒ...»». Аз роҳандозии номинаи «Нақд» то таъсиси маҷаллаи алоҳида»-ро, ки дар шумораи №246 (24857)-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 22 декабри соли 2023 чоп шудааст ва дар он шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло барои роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар солҳои минбаъда ду пешниҳод кардааст, мавриди омӯзиш қарор дода, иттилоъ медиҳад:
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тули 6 сол мешавад, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Дар 5 соли баргузории озмун дар умум аз њисоби маблаѓњои фонди захиравии Президенти Љумњурии Тољикистон 11 миллиону 731 њазору 400 сомонї  људо гардидааст. Дар ин муддат аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 902 410 нафар довталаб иштирок намуда, 375 нафар соњиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва 4 нафар соҳиби Шоњљоиза гардидаанд. 
Њамзамон, аз соли 2021 ба омўзгорони хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумие, ки шогирдонашон соњиби љойњои якум, дуюм, сеюм ва ё Шоњљоиза мегарданд, мукофоти пулї ба маблаѓи 10000 сомонї људо гардида, дар давоми 3 сол 127 омўзгор бо маблаѓи 1 270 000 сомонї мукофотонида шуд.
Озмуни мазкур дар асоси пешниҳоду таҳлили коршинсон, масъулон ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ  сол то сол такмил меёбад. Махсусан, теъдоди ғолибон тибқи низомнома аз  12 ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва 1 Шоҳҷоизаи соли нахусти баргузорӣ ба 126 ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва 4 Шоҳҷоиза расонида шуд. Дар табақабандии синнусолӣ ва теъдоди номинатсияҳо низ ҳамасола тағйиротҳо дида мешавад, ки баҳри такмили бештари озмун замина фароҳам меорад.
  Вазорат мақолаи болозикрро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки пешниҳодҳои зикршуда барои таъсиси маҷаллаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва роҳандозии номинатсияи Нақд аз ҷониби аъзоёни комиссияи озмун ва дигар коршиносони соҳа муҳокима гардида, дар солҳои минбаъдаи баргузории озмун ба инобат гирифта мешавад. 
Вазорати маориф ва илм пайваста навиштаҳои рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди омӯзишу корбарӣ қарор дода, пешниҳодҳои судмандро дар фаъолияти рӯзмарра мавриди истифода қарор медиҳад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон