ВОКУНИШ БА МАТЛАБИ РАДИОИ ОЗОДӢ ДАР МАВРИДИ КАМ ШУДАНИ ШУМОРАИ УСТОДОНИ УНВОНИ ИЛМИДОШТА ДАР ДОНИШГОҲУ ДОНИШКАДАҲО

20-07-2023
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби аз ҷониби Радиои Озодӣ нашршударо дар мавриди кам шудани шумораи устодони унвони илмидошта дар донишгоҳу донишкадаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, иттиллоъ медиҳад, ки шуруъ аз соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуда, айни замон, дар асоси маълумоти ин ниҳод дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 74 шурои диссертатсионӣ амал менамоянд, ки аз рӯйи 180 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм ва 180 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ қабул ва баррасӣ мекунанд.
Аз оғози фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то инҷониб дар ҷумҳурӣ 1694 нафар дорои дараҷаи илмӣ гаштаанд, ки аз он 144 нафар дорои дараҷаи илмии доктори илм, 1437 дорои дараҷаи илмии номзади илм ва 113 дорои дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.
Тибқи маълумоти оморӣ теъдоди унвондорони илмӣ дар соли 2023 дар муқоиса ба соли 2022 дар маҷмӯъ 17,93% зиёд гардида, 5340 нафарро ташкил медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бесобиқа дониста мешавад.
Теъдоди умумии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки дар солҳои 2021 ва 2022 бо сабабҳои гуногун тарки вазифа намуда, ба дигар муассисаҳои илмӣ ба кор рафтаанд ва ё барои идомаи корҳои таҳқиқотӣ-илмӣ ва табаддулоти илмӣ ба кишварҳои хориҷ сафар намудаанд, ба ҳисоби миёна 3,8%-ро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба зиёд гардидани теъдоди унвондорони илмӣ (17,93%) 4,7 маротиба кам мебошад. Ин нишондод гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишвар теъдоди унвондорони илмӣ афзудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ синну соли миёнаи доктори илм ба 65-сола, номзади илм ба 51-сола ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ба 32-сола рост омада, онҳо новобаста аз синну сол дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ фаъолият менамоянд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна як устоди дорои унвони илмӣ ба 40 нафар донишҷӯ дарс медиҳад.
Ҳамчунин, боиси тазаккур аст, ки тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва илмии кишвар барои афзоиши теъдоди устодони дорои дараҷаи илмӣ як қатор тадбирҳо андешида шуда, барои ҳавасмандгардонии омӯзгорон, пас аз ҳимояи рисолаи илмӣ, барои номзади илм аз 3000 то 10000 сомонӣ ва барои доктори илм аз 10000 то 15000 сомонӣ маблағ мукофотпулӣ дода мешавад. Дар баробари ин, дар аксарияти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар барои нашри монографияҳо, мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсии таълимӣ-методӣ ва илмӣ-методӣ дар доираи имкониятҳои муассиса маблағҳои муайян ҷудо мегардад.
Вазорати маориф ва илм пайваста навиштаҳои рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди омӯзишу корбарӣ қарор дода, пешниҳодҳои судмандро дар фаъолияти рӯзмарра мавриди истифода қарор медиҳад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон