ВОКУНИШ БА МАТЛАБИ ИСТИФОРДАБАРАНДАИ ШАБАКАИ ИҶТИМОӢ МОҲ АСАДОВА

04-07-2023
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби аз ҷониби истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ Моҳ Асадова (Moh Asadova) дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар гурӯҳи “АХБОР БАРОИ АФКОР” нашршударо дар мавриди бе тарҷумаи шиноснома надодани шаҳодатномаи хатм ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дода, иттиллоъ медиҳад:
Талаби тарҷумаи шиноснома ба забони русӣ барои додани шаҳодатномаи хатм дар ягон санади меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи фаъолияти соҳаи маориф ва илм оварда нашудааст.
Сафронова Инна директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 оид ба матлаби мазкур зикр кард, ки ҳадаф аз талаби тарҷумаи шиноснома ин бе хато пур кардани қисмати русии шаҳодатномаи хатм мебошад, ки вақтҳои охир, махсусан, дар мавриди дар ному насаб мавҷуд будани ҳарфҳои “қ”, “ҷ”, “ҳ”, “ғ” дар ҳолати баргардондан ба забони русӣ боиси ба вуҷуд омадани баъзе хатоҳои имлоӣ мегардад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар баробари шиноснома метавонанд шаҳодатномаи таваллуди худро низ, ки дар он ному насаби шаҳрванд ба забони русӣ дарҷ гардидааст, пешниҳод намоянд.
Шаҳрвандон метавонанд, ки ҳангоми аз ҷониби маъмурияти муассисаҳои таълимӣ талаб кардани тарҷумаи шиноснома ба забони русӣ ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат намоянд ва ё ба рақами телефони боварии Вазорати маориф ва илм 227-76-86 дар тамос шаванд.
Вазорати маориф ва илм пайваста навиштаҳои рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди омӯзишу корбарӣ қарор дода, таклифу пешниҳодоти судмандро дар фаъолияти рӯзмарраи худ мавриди истифода қарор медиҳад.


Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон