ВОБАСТА БА МАТЛАБИ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ЛАТТУКӮБИ ЯК ХОНАНДА АЗ ҶОНИБИ МУАЛЛИМ ДАР ЯК МАКТАБИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ" НАШРГАРДИДА

07-10-2023
Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ матлаби дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти унвони "Латтукӯби як хонанда аз ҷониби муаллим дар як мактаби ноҳияи Рӯдакӣ" нашргардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, иттиллоъ медиҳад, ки ҳодисаи мазкур рӯзҳои 25-ум ва 26-уми сентябри соли 2023 дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.
Бояд иттилоъ дод, ки хонандаи синфи 6-уми МТМУ №50-и ноҳия Усмоналиев Ҷовидон аввал дар саҳни мактаб бо ҳамсинфонаш муноқиша карда, пас аз дарс дар маҳалла муноқишаи гурӯҳӣ ташкил намудааст.
Пагоҳ, 26.09.2023 роҳбари синф Саидов Иброҳим аз муноқишаи гурӯҳии хонандагон огоҳ гардида, нисбати Усмоналиев Ҷовидон рафтори ғайрипедагогӣ кардааст.
Ҳолати мазкур дар мушовараи раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки муовини соҳавии раиси ноҳия ва кормандони ШВКД1-и ноҳияи Рӯдакӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, директори МТМУ №50 вазифадор карда шуд, ки нисбати омӯзгор Саидов Иброҳим чораҳои интизомӣ андешад.
Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ пайваста навиштаҳои рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди омӯзишу корбарӣ қарор дода, таклифу пешниҳодоти судмандро дар фаъолияти рӯзмарраи худ мавриди истифода қарор медиҳад.
 Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ
https://www.facebook.com/.../permalink/1038995560850894/...