ВОБАСТА БА МАТЛАБИ ДАР ҲАФТАНОМАИ «CCCР» (АЗ 23.11.2023, №46, 791) ТАҲТИ УНВОНИ «ВАҚТЕ РОҲБАРИ МАКТАБ МАОРИФЧӢ НЕСТ...» НАШРГАРДИДА

30-11-2023
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Вақте роҳбари мактаб маорифчӣ нест»-ро, ки аз ҷониби Аюма Солеҳова дар ҳафтаномаи «СССР» нашр гардида, дар он аз фаъолияти «Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе» изҳори нигаронӣ шудааст, мавриди омӯзиш қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.2017, №35 таъсис дода шуда, ба сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Вобаста ба ин, хотиррасон менамоем, ки масъалаи сохтори муассисаи таълимӣ аз ҷониби муассис (дар ин ҷо Вазорати корҳои хориҷӣ) муайян гардида, дар оинномаи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос карда мешавад. Аз ин лиҳоз, масъалаи таъйини роҳбарияти муассисаи таълимӣ бо пешниҳоди муассис амалӣ карда мешавад. Тибқи сархати 2-и банди 11-и оинномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ директор муовинони худро дар мувофиқа бо муассис ба кор таъйин ва аз кор озод менамояд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҷавобгӯ будан ба талаботи стандартҳои давлатӣ мунтазам фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро мавриди санҷиш қарор медиҳад. Чунончӣ, моҳи апрели соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе»-ро мавриди санҷиш қарор дода, як қатор камбудиҳоро ошкор намуд. Аз ҷумла, фаъолияти директори мактаб Эмре Коҷ ва муовини аввали директор оид ба таълим Шаропов Маъмур ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардида, барои андешидани тадбирҳои амалӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ пешниҳод ирсол карда шудааст.
Гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми санҷиши фаъолияти муассисаи таълимӣ дар сатҳи паст қарор доштани корҳои тарбиявиро ошкор намуд. Вобаста ба баланд бардоштани тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки моҳияти онро истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ тавсияҳо пешниҳод карда шуд. Бо назадошти дар баробари фарзандони тоҷик таҳсил доштани шаҳрвандони хориҷӣ айни замон дар муассисаи таълимӣ зуҳур кардани тарбияи бегона ҷой дорад. Аз ин лиҳоз, маъмурияти муассисаи таълимӣ вазифадор гардид, ки хонандагони муассисаи таълимиро бештар ба чорабиниҳо, озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷалб намоянд.
Дар мавриди даъвои муаллиф барои риоя нагардидани талаботи қонунгузории соҳаи маориф дар муассисаи таълимӣ қайд бояд кард, ки муассиса барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дорои иҷозатнома мебошад, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст ва барномаҳои ҳатмии таълимиро риоя менамояд. Моҳи сентябри соли 2023 нақшаи таълимиро барои ташкили раванди таълим тасдиқ намуд. Илова ба ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи таълимӣ мебошад, ки аз соли 2020 аккредитатсияи Шурои мактабҳои байналмилалӣ (Council of International Schools)-ро доро буда, дар асоси нақшаи шурои мактабҳои байналмилалӣ (CIS), барномаи таълимии Кембриҷ амал менамояд.
Ба маълумоти муаллифи мақола расонида мешавад, ки сарбории хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат (мактабҳои байналмилалӣ, байналмилалии Президентӣ), ки дар онҳо таълим бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст, зиёд буда, дар онҳо дар баробари риояи фанҳои таълимӣ тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи барномаи таълимии Кембриҷ (CIS) ҳатмӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, фанни «Географияи умумӣ» аз рӯи нақшаи таълимии Кембриҷ пешниҳод гардидааст, ки аз синфи 5 таълим дода мешавад.
Вазорати маориф ва илм аз нашри маводҳои марбут ба фаъолияти соҳа дар саҳифаҳои ҳафтаномаи “СССР” изҳори қаноатмандӣ карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида мунтазам чораандешӣ менамояд. Ҳамкориҳои густурда бо намояндагони ВАО ва дар фаъолияти рӯзмарра мавриди истифода қарор додани навиштаҳои рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ боиси рушди фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон