ВОБАСТА БА МАҚОЛАИ “РАШТ: 23 НАФАР ОМӮЗГОРОНРО АЗ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ РОНДАНД”

30-11-2023
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби дар саҳифаи фейсбукии ҳафтаномаи “Пайк” ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти унвони “Рашт: 23 нафар омӯзгоронро аз манзили истиқоматӣ ронданд” аз ҷониби Саиди Ҳайдар нашргардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад:
Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ҷиҳати санҷиши вазъи баамаломада дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ташкил карда шуда, аллакай фаъолияти худро оғоз намудааст.
Гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм вазъи будубоши омӯзгорон дар хобгоҳи донишҷӯён ва хонаҳои истиқоматии хизматии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро мавриди омӯзиш, баррасӣ ва санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он маълумоти муфассал пешниҳод менамояд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон