РАШТ: ОМӮЗГОРОН БА ХОБГОҲ БАРГАРДОНИДА ШУДАНД (Вокуниш ба матлаби таҳти унвони “Рашт: 23 нафар омӯзгоронро аз манзили истиқоматӣ ронданд”)

02-12-2023
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста матлаби "Рашт: 23 нафар омӯзгоронро аз манзили истиқоматӣ ронданд”, ки дар матбуоти даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 30.11.2023 нашр гардид, иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби вазорат гурӯҳи корӣ дар ҳайати сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Наврӯз Мирзозода, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ҳикматулло Саидзода ва сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ Абдулмазбут Ҷӯразода таъсис дода шуда, аз фаъолияти хобгоҳҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва будубоши омӯзгорону донишҷӯён дар онҳо дидан кард.
Дар натиҷа маълум гардид, ки дар ошёнаи дуюми бинои чорошёнаи хобгоҳи донишҷӯён 8 ҳуҷра барои омӯзгорони ҷавон пешбинӣ шуда, 3 нафар (на ин ки 23 нафар) омӯзгори ҷавон: Худойназаров Шаҳбоз Довудович, Сурхаков Муслиҳиддин Абдулҳамидович ва Шарипов Ҳакимҷон Балаҷонович дар онҳо зиндагӣ мекарданд, ки санаи 29.11.2023 бо сабабҳои гуногун аз хобгоҳ берун карда шудаанд.
Аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти донишкада ва омӯзгорони ҷавон суҳбат анҷом дода шуда, омӯзгорон, ки то ҳол дар донишкада фаъолият доранд, ба ҳуҷраҳои истиқоматии худ дар хобгоҳ баргардонида шуданд. 
Ҳамчунин, ба роҳбарияти донишкада супориш дода шуд, ки минбаъд ҷиҳати дастгирии омӯзгорони ҷавон, таъмини онҳо ба ҷойи зист ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо чораандешӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт соли 2013 маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дорои хобгоҳи дуошёна барои омӯзгорон мебошад. Дар хобгоҳи омӯзгорони донишкада 5 нафар омӯзгор оилавӣ ва 6 нафари дигар омӯзгорони унвондор зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин донишкада дорои хонаҳои истиқоматӣ бо замини наздиҳавлигӣ мебошад, ки дар онҳо 9 нафар омӯзгорони унвондор бо аъзои оилаҳояшон ба сар мебаранд. Дар хобгоҳи чорошёна барои донишҷӯён бошад 248 нафар донишҷӯ зиндагӣ мекунанд.
Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа пайваста чораҳои дахлдор андешида, ба намояндагони ВАО, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири бетараф набудан дар масъалаи дар боло зикргардида изҳори миннатдорӣ менамояд. 
Аз шаҳрвандон, намояндагони ВАО, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми мушоҳидаи чунин ҳолатҳо ба телефони боварии Вазорати маориф ва илм 227-76-86 занг зананд ва ё ба сомонаи расмӣ (maorif.tj) ва гурӯҳи вазорат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук (https://www.facebook.com/groups/maorif.tj/) муроҷиат кунанд.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон