ПОСУХ БА МАТЛАБИ «ТАЪМИНОТ КОРИ МАКТАБ НЕСТ» («СССР» 20.07. 2023)

24-07-2023
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як масъалаи дар матбуот матраҳшударо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, нисбат ба онҳо чораҳои дахлдор роҳандозӣ мекунад. Аз ҷумла дар шумораи рақами 28-и ҳафтаномаи «СССР» аз сокини ноҳияи Фархор Саъдулло Мамамуродов дар хусуси он нигаронӣ шудаст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бинобар сабаби он ки хонандагон ҳамасола баъзан китобҳои дарсиро гум мекунанд, мушкили норасоии китоби дарсӣ ба вуҷуд меояд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо адабиёти таълимӣ аз самтҳои афзалиятдоштаи соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб рафта, тибқи эҳтиёҷоти шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои бо китоби дарсӣ таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли таҳсили 2023 – 2024 82 номгӯй китоби дарсӣ ба теъдоди умумии 4 млн 167 ҳазор нусха ба нақша гирифта шудааст.
Барои идора намудани низоми иҷораи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳуҷҷати меъёрии «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ», ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 8.09.2022, №1187 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, амал мекунад. Тибқи бандҳои 29 ва 30 ин ҳуҷҷат ҳангоми гум кардан ё корношоям намудани китобҳои дарсии солҳои истифодаи якум то панҷум хонанда маблағи онро аз рӯйи арзиши умумии боқимондаи китоб пардохт мекунад. Рӯйхати китобҳои дарсии гумшуда ва корношоям, ки аз тарафи китобдори муассисаи таълимӣ пешниҳод мегардад, бо тасдиқи директори муассисаи таълимӣ, аз ҷониби комиссияи тасдиқнамудаи раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳар сол моҳи июн тибқи санад аз эътибор соқит карда мешавад. Нусхаи санади тартибдодашуда то 1 июл ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ҳамзамон муаллифи матлаби номбурда аз тақсимоти китобҳои дарсӣ ва ҷамъоварии маблағи он нигаронӣ кардааст, ки гӯё ба кори таълиму тарбия халал мерасонад.
Бояд гуфт, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои тақсимоти китобҳои дарсӣ ба хонандагон ва назорати маблағи иҷораи онҳо директори муассисаи таълимӣ, ҷонишини директори муассиса оид ба тарбия ва корҳои беруназсинфӣ, муҳосиб, роҳбарони синфҳо ва китобдор фаъолият мекунанд, ки масъалаҳои мазкур ба дӯши онҳо вогузор шудааст. Барои тоза ва бенуқс нигоҳ доштани китобҳои дарсӣ, то ки дар соли оянда аз ҷониби хонандагони дигар он мавриди истифода қарор гирад, ҷонишини директори муассисаи таълимӣ оид ба тарбия ва корҳои беруназсинфӣ бо ҳамроҳии китобдор чорабиниҳои гуногуни соҳавиро баргузор мекунанд.

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти
китобҳои дарсӣ, илмию методии
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон