Ҷавоб ба мақолаи «Туя гӯшти еган қурилиш» («Сохтмони гӯшти шутурхӯрда»), ки дар нашрияи «Халқ овози» аз 19.05.2022, №19 нашр шудааст

09-06-2022
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Туя гӯшти еган қурилиш» («Сохтмони гӯшти шутурхӯрда»)-ро ҷиҳати сохтмони муассисаи таълимии №38 дар деҳаи Яккасадаи ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, ки дар нашрияи «Халқ овози» аз 19.05.2022, №19 нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дод. 
Зимни омӯзиш маълум гардид, ки бинои муассисаи таълимии №38 деҳаи Яккасадаи ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент соли 1963 барои 194 хонанда сохта шудааст ва айни замон, дар муассисаи таълимии мазур 569 нафар хонанда таҳсил менамояд. Бо назардошти норасоии ҷойи нишаст соли 2018 ба тариқи ҳашар сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ оғоз гардид, ки дорои 11 синфхонаи таълимӣ, 4 утоқи корӣ, хонаи омӯзгорон мебошад. Сохтмони иншооти мазкур бо тариқи ҳашар аз ҷониби соҳибкорон ва бо дасттгирии омӯзгорон ва кумитаи падару модарон идома дорад.   
Мавриди зикр аст, ки як давра  корҳои сохтмонӣ муваққатан қатъ гардида, айни замон дар иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад. Бо дастгирии соҳибкорон сафолакпӯш намудани роҳравҳои дохили бино, рангу бор намудани деворҳои бино ва ободонии гирду атрофи бинои навсохташуда идома дорад. 
Тибқи маълумоти шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти мазкур то саршавии соли нави хониш ба анҷом расонида мешавад. 
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон