13.03.2025

 img

12-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Каримзода Равшан бо мушовирони байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур оид ба гузаронидани «Таҳқиқот доир ба мушоҳидаи дарс тавассути воситаи TEACH» ва гузаронидани «Таҳқиқоти истифодабарандагони муассисаҳои таълимӣ», ки дар 65 муассисаҳои талимии озмоишӣ ва 65 муассисаҳои талимии муқоисавӣ гузаронида мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки таҳқиқоти мазкур барои муайян ва боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълим, бештар намудани неруи зеҳнии хонандагон, беҳтар намудани шароити модии муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ намудани стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои рушди маориф яке аз омилҳои таъсиррасон ба ҳисоб меравад.

  • ВОХӮРӢ БО МУШОВИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ img
  • ВОХӮРӢ БО МУШОВИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ img
  • ВОХӮРӢ БО МУШОВИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Тақвияти ҳамкорӣ миёни бахши давлатӣ ва хусусӣ: як қадами устувор ба сӯи рушди малакаҳо дар Тоҷикистон Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва дар доираи лоиҳаи “Дастгирии техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохӯрии калидӣ оид ба ташаккули шарикии давлатӣ-хусусӣ (ШДХ) ва таҳкими омӯзиши амалии касбӣ (WBL) баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони муассисаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони иҷтимоӣ гирд омаданд. Мавзӯи меҳварии ҳамоиш – афзоиши ҳамкорӣ барои беҳтарсозии таҳсилоти касбӣ ва рушди малакаҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат буд. Ҳадафҳои асосӣ: • Шиносоӣ бо равишҳои муосири ШДХ ва WBL; • Муайян кардани муассисаҳои омода ба татбиқи лоиҳаҳои намунавии ШДХ; • Таҳияи нақшаи роҳ барои амалисозии се лоиҳаи пилотӣ;  

    18

    29.05.2025
  •  img
    Рӯзи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон: Таваҷҷӯҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Душанбе, 27 майи соли 2025 — Дар Боғи Айнӣ таҷлили Рӯзи Иттиҳоди Аврупо баргузор шуда, ба мавзӯи таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида буд. Дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ва инчунин аҳли ҷомеа ширкат варзиданд. Сафири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷаноби Раймундас Кароблис бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард. Ӯ аҳамияти рушди низоми таҳсилоти касбӣ-техникиро ҳамчун асоси рушди устувори иқтисодӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонон таъкид намуд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони давлатӣ, аз ҷумла муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — хонум Дилрабо Сайдулло Мансурӣ иштирок доштанд. Ӯ дар суханрониҳои худ зарурати ҳамкории фаъол байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаи маориф, тайёр кардани кадрҳо ва табодули таҷриба қайд кард. Таҷлил бо барномаи интерактивӣ, аз ҷумла бозиҳои зеҳнӣ ва фаъолиятҳо барои калонсолон ва кӯдакон ҳамроҳӣ шуд. Меҳмонон дар викторинаҳо иштирок карда, дар бораи имкониятҳои таҳсилот ва рушди касбӣ маълумоти бештар гирифтанд.

    22

    28.05.2025
  •  img
    Пешгӯии Оянда: Малакаҳо, Секторҳо ва Ҳалҳои Стратегӣ Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо семинари муштарак барои ташаккули нерӯи кории пурқувват ва дорои малака, боз як қадами муҳим дар роҳи ислоҳоти соҳаҳои маориф ва бозори меҳнат гузоштанд. Дар доираи ин ҳамкорӣ, семинари дурӯза таҳти унвони «Пешгӯии малакаҳо: кор ва интихоби соҳаҳо. Ҷалби бахши хусусӣ» баргузор гардид. Ин семинар рӯзҳои 20–21 майи соли 2025 дар «Greenwood House»-и шаҳри Ҳисор баргузор шуда, мутахассисони миллӣ, машваратчиёни ИА ва намояндагони калидии муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусиро ҷамъ овард. Ин ташаббус як ҷузъи лоиҳаи фарогири Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Дастгирии соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Мавзӯи асосии семинар пешгӯии талаботи оянда ба малакаҳо дар се соҳаи калидии иқтисод буд. Ин раванд бо истифода аз таҳлили сифатӣ ва додаҳои бозори меҳнат сурат гирифт. Дар гурӯҳҳои кори интерактивӣ ва сессияҳои роҳнамоӣ, иштирокчиён моделҳои эҳтимолии рушди соҳаҳоро арзёбӣ намуда, ихтисосҳое, ки ниёз ба такмили ихтисос ё бозомӯзӣ доранд, муайян карданд.  

    57

    21.05.2025