25.07.2025

 img

25 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи кумаки техникӣ миёни Вазорати маориф ва илм ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) баргузор гардид.

 

Созишномаи мазкур ба хотири мусоидат ба интиқоли устувор ва ҳамвораи низоми ғизои мактабӣ ба моликияти миллӣ ва таҳкими иқтидори идоракунии ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ ба имзо расонида шуд.

 

Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон директори он Адҳам Мусаллам ба имзо расониданд.

 

Дар оғози маросим вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии БОҶ дар Тоҷикистон наздик ба 2000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маҳсулоти ғизоии хушсифат таъмин гардида, кӯдакони синфҳои ибтидоӣ аз ғизои солим баҳраманд мешаванд. Зикр шуд, ки соҳаи ғизои мактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ҳадафи беҳтар намудани вазъи ғизои хонандагон Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2027 таҳия ва мавриди амал қарор дорад.

 

Дар навбати худ, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд намуд, ки аз ҳамкориҳои самарабахши худ бо Вазорати маориф ва илм қаноатманд ҳастем ва созишномаи имрӯза қадами устуворе дар роҳи таъмин намудани ғизои солим ба кӯдакон аст.

 

Ёдовар мешавем, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ яке аз шарикони муҳими стратегӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, ғизои мактабӣ, нақши намоён дорад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ img
  • ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ img
  • ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ img
  • ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ img
  • ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИФТИТОҲИ МТМУ №13-И НОҲИЯИ СПИТАМЕН АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИТОҲИ МТМУ №13-И НОҲИЯИ СПИТАМЕН АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН        20 сентябри соли 2026, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.        Иншооти мазкур дар деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Турсун Улҷабоев дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) таъмиру азнавсозӣ гардида, барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.         Муассиса аз ду бино иборат буда, дорои 31 синфхона, аз ҷумла, лабораторияҳои физика, химия ва биология, синфхонаи компютерӣ, толори варзишӣ, толори маҷлис, ошхона ва маркази инкишофи кӯдак мебошад. Ҳамзамон, бино бо системаи гармидиҳӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.         Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассиса 83 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.        Ифтитоҳи иншоот дар фазои тантанавӣ дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар самти фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон ва беҳтар намудани муҳити таълим ба ҳисоб меравад.  

    26

    21.09.2026
  •  img
    Ба истифода додани мактаби №27-и ноҳияи Ёвон 26 августи соли 2026 бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27, воқеъ дар деҳаи Калфи Сабади ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон, дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.   Муассиса дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст.   Бинои дуошёна дорои синфхонаҳои муосир, лабораторияҳо, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар шароити зарурӣ мебошад.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани мактаб 37 ҷойи кори доимӣ фароҳам гардид.   Сохтмони мактаби нав дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) дар роҳи беҳтар намудани муҳити таълим ва шароити таҳсилу таълим барои хонандагону омӯзгорони деҳа саҳми муҳим мегузорад.  

    171

    28.08.2026
  •  img
    ҶАЛАСАИ ЛОИҲАИ ТАКМИЛИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ДАР СОҲАҲОИ STEM БАРГУЗОР ГАРДИД 16 июли соли 2026 дар дафтари кории Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)» ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ баргузор гардид.   Дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои кумита, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин роҳбарияти лоиҳа иштирок намуданд.   Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода таъкид намуд, ки рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардидааст. Қайд карда шуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди тафаккури илмии хонандагон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ аҳамияти муҳим дорад.   Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи ҳамоҳангсози лоиҳа - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Музаффарзода ва менеҷери лоиҳа Б. Абдулмаҷид шунида шуд.   Тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳа як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, дар самтҳои рушди инфрасохтори таълимӣ, ҷорӣ намудани таҳсилоти STEM, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир, такмили ихтисоси омӯзгорон ва рақамикунонии идоракунии соҳаи маориф пешрафти назаррас ба даст омадааст.   Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ба масъалаҳои иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда, сифати корҳои сохтмонӣ, омодасозии омӯзгорон барои татбиқи барномаҳои нави таълимӣ, ҷорӣ намудани низоми иттилоотии идоракунии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.   Дар натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзнома кумитаи роҳбарикунанда қарорҳои дахлдор қабул намуд. Аз ҷумла, ҳисоботи лоиҳа барои маълумот қабул гардида, ба Гурӯҳи идоракунии лоиҳа ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо, пурзӯр намудани назорати иҷрои шартномаҳо, мониторинги мунтазами нишондиҳандаҳо ва татбиқи сиёсати шарикони рушд, аз ҷумла, Бонки Осиёии Рушд, супоришҳои мушаххас дода шуданд.   Ҳамзамон, ба воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои тобеъ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолият, мусоидат дар татбиқи чорабиниҳои лоиҳа ва истифодаи самараноки инфрасохтори нави таълимӣ дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуданд.   Дар фарҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки татбиқи босамари лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори кадрӣ, тавсеаи имкониятҳои омӯзиши фанҳои дақиқ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ нақши муҳим дошта, ба рушди устувори низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    251

    16.07.2026