02.05.2025

 img

2 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам баргузор гардид.

 

Муовини вазири маориф ва илм зимни вохӯрӣ зикр намуд, ки соҳаи ғизои мактабӣ аз самтҳои муҳимми иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, барои беҳбудии саломатии кӯдакон ва рушди неруи зеҳнии онҳо мусоидат мекунад.

 

Таъкид шуд, ки Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 бо мақсади баланд бардоштани сифати ғизои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амалӣ шуда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории муассир бо БОҶ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.

 

Директори БОҶ дар Тоҷикистон дар навбати худ аз ҳамкории судманди Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ бо Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар доираи марҳилаи нав (2025–2028) барнома боз ҳам тавсеа меёбад. Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 наздики 50 мактаб бо таҷҳизоти зарурии ошхона таъмин мегарданд ва 40 мактаб бо фаъолияти тавлиди даромад, аз ҷумла гармхона ва занбӯрпарварӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт.

 

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари барнома дар саросари кишвар ва таҳкими иқтидори маҳаллӣ дар самти ғизои мактабӣ изҳор намуданд. Ҳамзамон, зарурати саҳми фаъолонаи мақомоти маҳаллӣ ва волидайн дар татбиқи муваффақонаи лоиҳа махсус таъкид гардид.

 

Ҳадаф аз мулоқот тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини шароити беҳтари ғизои солим барои хонандагони мактабҳои кишвар арзёбӣ шуд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ: ҲАМКОРИИ МУСТАҲКАМИ ВАЗОРАТ БО БОҶ img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ: ҲАМКОРИИ МУСТАҲКАМИ ВАЗОРАТ БО БОҶ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ЛОИҲАИ STEM ДАР 11-УМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲСИЛОТ ВА МАҲОРАТҲО Бонки Осиёии Рушд (ADB) дар идораи марказии худ дар шаҳри Манила “11-умин Форуми Байналмилалии таҳсилот ва маҳоратҳо”-ро таҳти шиори рамзии «Нигоҳи нав ба иқтидори сармояи инсонӣ» баргузор менамояд. Ин ҳамоиши бузург, ки ҳамасола таваҷҷуҳи аҳли маориф ва сиёсатмадоронро ба худ ҷалб мекунад, имсол низ ба майдони мубодилаи андешаҳо ва пешниҳодҳои созанда табдил хоҳад ёфт.   Форум намояндагони сатҳи баланд, вазирон, коршиносони байналмилалӣ ва роҳбарони соҳаи маорифро аз кишварҳои гуногуни минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором гирд меорад. Дар меҳвари баҳсҳо масъалаҳои калидии рӯз, аз рақамикунонии низоми таълим ва густариши технологияҳои муосир то маҳоратҳои сабз, устуворӣ ва омодагии наслҳои оянда ба бозори меҳнат қарор хоҳанд гирифт.   Барномаи ҳамоиш роҳи бознигарӣ, таҳким ва ояндасозии низоми таълимиро аз се самти калидӣ, мавзуъҳо, стандартҳо ва зинаҳои таҳсил фаро мегирад. Ин қолаб имкон медиҳад, ки муҳокимаҳoи форум ҳам заминаи назариявӣ ва ҳам дурнамои амалӣ дошта бошанд.   Дар қатори меҳмонон аз дигар давлатҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ҳайати корӣ ҳузур дорад. Аз ҷумла, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳуриии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва менеҷери лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)» Абдулмаҷид Бобохон дар кори форум ширкат меварзанд. Ҳайати Тоҷикистон ҳозиринро бо таҷрибаи кишвари мо дар таҳкими пойгоҳи инфрасохтории омӯзиши фанҳои дақиқ, такмили маҳорати омӯзгорон ва боло бурдани сатҳи малакаи хонандагон дар доираи ислоҳоти таълимӣ шинос хоҳад кард.   Натиҷаҳои форум барои кишварҳои иштирокчӣ самти тозае дар таҳияи сиёсати таълимӣ ва сармоягузориҳои стратегӣ хоҳад кушод, то низоми маориф тавонад ба талаботи ҷаҳони муосир ва ниёзҳои рӯзмарраи ҷомеа посухи шоиста диҳад.

    72

    03.12.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГ БО ИШТИРОКИ ШИРКАТҲОИ СОХТМОНӢ 28 ноябри соли 2025 дар толори тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» аз ҷониби кормандони лоиҳа марҳилаи дуюми тренинг оид ба коҳиш додани хатарҳои марбут ба истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ ва вокуниш ба шикоятҳо, ҳифзи иҷтимоӣ, масъалаҳои муҳофизатӣ ва фаъолиятҳои гендерӣ барои ширкатҳои сохтмонии дар раванди тендер ғолибгашта доир гардид.    Тренинг дар доираи бастаи хариди CW01 - сохтмони биноҳои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №35 Ваҳдат, №8 Кӯлоб, №3 Муъминобод ва №4 Данғара гузаронида шуд.   Дар тренинги мазкур 13 намоянда аз 2 ширкатҳои сохтмонӣ, аз ҷумла ҶДММ “Дашти Гулҳо”, ҶДММ “Фаридун” ва аз ширкат оид ба тарроҳӣ ва назорати корҳои сохтмонӣ ҶДММ “Мусаввир” иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар рафти баргузории тренинг намояндагони раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи STEM низ иштирок намуданд.   Тибқи барнома дар тренинг аз ҷониби кормандони масъули лоиҳа ба иштирокчиёни тренинг муаррифиҳо оид ба шарҳи умумии истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ дар доираи лоиҳаҳои аз ҷониби БОР маблағгузоришуда, шарҳи умумии Нақшаи амали ИШЗОҶ, хатарҳои ИШЗОҶ ва вокуниш ба ИШЗОҶ, таъмини риояи кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоии БОР ва фаъолиятҳои гендерӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи STEM ва уҳдадориҳои пудратчиён дар марҳилаи сохтмон пешниҳод карда шуд.   Ҳамзамон, дар чорабинии болозикр намояндаи Бонки Осиёии Рушд низ иштирок ва суханронӣ намуд.

    82

    28.11.2025
  •  img
    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДАФТАРИ КОРИИ ГУРӮҲИ ИДОРАКУНИИ ЛОИҲАИ STEM Дар дафтари кории Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.    Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуда, суханони табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд.    Сипас, чорабиниро роҳбари лоиҳа Абдулмаҷид Бобохон бо сухани табрикӣ идома дода, Парчами давлатии Тоҷикистонро рамзи Истиқлол, ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ ва шиносномаи давлатдории муосири тоҷикон номид.    Қайд шуд, ки парчам ҳамчун рамзи ягонагӣ ва пешравии миллат моро ба эҳсоси масъулият, меҳнатдӯстӣ ва талош барои рушду пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, маориф, даъват мекунад.   Дар идомаи ҳамоиш ҳуқуқшиноси лоиҳа Сафарзода Беҳрӯз оид ба таърихи  рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам суханронӣ намуд.    Дар анҷом, кормандон бо аксбардории рамзӣ ва мубодилаи суханони табрикотӣ чорабиниро ҷамъбаст карданд.    Рӯзи Парчами давлатӣ ба ҳайати лоиҳа рӯҳияи тоза бахшида, онҳоро барои идомаи фаъолияти созанда дар роҳи рушди соҳаи маориф ҳидоят намуд.

    192

    24.11.2025