19.03.2025

 img

Дар натиҷаи тадқиқоти зиёди илмӣ собит шудааст, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ба шумор меравад. Пайдоиши он аслан ба олами коиноту табиат сахт алоқамандӣ дорад. Тавре аз хулосаҳои олимони риштаи табиатшиносӣ, ба хусус ситорашиносон бармеояд дар давоми сол Офтоб дар байни ситораҳо аз тарафи ғарб ба шарқ аз рӯи даври калон ботадриҷ ҳаракат мекунад. Ҳамин роҳи ҳаракати зоҳирии солонаи Офтобро дар илми нуҷум эклиптика меноманд.

 

Эклиптика аз болои 12 бурҷ Ҳут, Ҳамал, Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ ва Давл, ки он минтақаи бурҷҳо номида мешавад, мегузарад. Офтоб дар давоми сол аз қисми ҷанубии кураи осмон ба қисми шимолии он ҳаракат карда, экватори дунёро 21 март дар нуқтаи эътидоли (баробаршавии шабонарӯзии) баҳорӣ ва дар мавриди аз қисми шимолӣ ба ҷануб ҷой иваз карданаш ҳамон экваторро 21-22 сентябр дар нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ бурида мегузарад. Яъне, дар давоми сол ду маротиба шабу рӯз баробар мешавад. Дар ҳамин ду маврид, яъне эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ, ниёгони мо ду ҷашн – Наврӯз ва Меҳргонро офариданд. Инчунин, дар давоми сол Офтоб ду маротиба ҷойивазкунии калонтаринро аз сар мегузаронад, ки яке ба 22 июн ва дигаре ба 22 декабр рост меояд. Ҷашнҳои Тиргон ва Сада ба ин ду ҳолати табиат алоқамандӣ доранд.

 

Ниёгони мо ҳанӯз шаш ҳазор сол қабл замоне, ки ҳеҷ як дастгоҳҳои ченкунию мушоҳидакунӣ вуҷуд надошт, чунин ҳодисаҳои табиатро дар асоси таҷриба ва мушоҳидаҳо дарёфтанд ва ба ин муносибат ҷашнҳо оростанд. Ба назари мо воқеан ин амалкард ва чунин дарёфт нишонаи хиради воло ва соҳибтафаккур будани гузаштагони моро возеҳ нишон медиҳад.

 

Тавре, донишманди асримиёнагӣ Абӯсаиди Гардезӣ дар асари хеш «Зайн-ул-ахбор» менависад: «Ин рӯзро Наврӯз гӯянд, зеро, ки сари сол бошад ва шаб бо рӯз баробар шавад ва он сояҳое аз деворҳо бигзарад ва офтоб аз равзанаҳо уфтад».

 

Чун халқи мо, ки аз азал дар замиру сиришташ фарҳангпарварию зебоипарастӣ таҷаллӣ мекард, дар марҳилаҳои баъдии таърих ба чунин ҷашнҳо ҳар навъ анъанаҳое эҷод кардаю ба он қабои нав пӯшониданд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ин ҷашнҳо, ба хусус Наврӯз ба як маҷмӯаи бузурги донишҳо табдил ёфт. Дар баробари ин ҳаргуна ривоёту қиссаҳо дар давраҳои мухталифи таърихӣ аз забонҳои гузаштагону ровиён қисса мекарданду менавиштанд ва ин тарзи муносибат аз як ҷиҳат сабаби гуногунрангии андешаҳо дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз гардид. Дар сарчашмаҳои таърихӣ, албатта ривояту ахбори зиёде доир ба пайдоиши ин ҷашни бостонии мо оварда шудааст, ки омӯзиш ва донистани он аз манфиат холӣ нест.

 

Доир ба бунёдгузори ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳо фикрҳои мухталиф вуҷуд дорад. Агар маълумотҳое, ки дар маъхазҳои асримиёнагӣ оварда шударо пайгирӣ намоем, бештар ҳамчун асосгузори Наврӯз ба шоҳ Ҷамшед ишора мешавад. Аммо дар баробари ин дигар шахсиятҳо, аз ҷумла номи Каёмард (Каюмарс) низ дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ба назар мерасад.

 

Ба ин маънӣ донишманди намоёни тоҷик Умари Хайём дар асари хеш «Наврӯзнома» бунёди Наврӯзро ба Каёмард дониста, менависад: «…чун Гаюмарт (Каёмард) аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардум онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод офтоб ба аввалдақиқаи ҳамал омад мӯъбадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд…мӯъбадон чунон карданд, пас Гаюмарт ин рӯзро оғози таърих кард».

 

Дар «Осор-ул-боқия»-и худ мутафаккири тоҷик Абурайҳон Берунӣ агарчӣ ин ҷашнро ба замони шоҳ Ҷамшеди пешдодӣ нисбат медиҳад, аммо ҷое боз таъкид мекунад, ки то Ҷамшед ин ҷашн вуҷуд дошт. Тавре дар ин сарчашмаи таърихӣ мехонем: «…ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт. Пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».

 

Аммо дар мавриди нисбат додан ба шоҳ Ҷамшед маълумотҳо бештаранд. Азбаски ин маълумотҳо зиёдтаранд месазад атрофи Ҷамшед ва замони подшоҳии ӯ нигоҳи фишурдае дошта бошем.

 

Исми Ҷамшед дар Авесто Йима писари Виваҳванта, дар паҳлавӣ Йимак ё Ҷамак писари Вивангаҳон ва дар санскрит Йама писари Вивасвант зикр шудааст. Яъне, Ҷамшед яке аз бузургтарин ориёиҳо буда, дар нахустин давлати ориёӣ ҳамчун барҷастатарин подшоҳи давлати Пешдодиён ҳукумат кардааст.

 

Наврӯз, ки аслаш сохтани худ ва таъмини саодати башарист ба Ҷамшед нисбат додан ба гумони ғолиб ба воқеият наздикӣ дорад. Ҳидояти Ҷамшед мардумро ба хушбахтию адолат ва бунёди Наврӯз дар асари «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ба таври зайл омадааст: «Ва дуо кард, (Ҷамшед дар назар аст. И.А.) то Худой, аззу ҷалл, гармову сармо ва бемориву марг аз мардумон баргирад. Худой, аззу ҷалл, аз некусиратии вай дуои ӯ мустаҷоб кард ва ин офатҳо аз мардумон бардошт. Ва сесад сол ҳам бар ин ҷумла буд. Ва чун ин дуои ӯ мустаҷоб шуд, шукри ӯро ҷашни Наврӯз сохт...». Ҳамин аст, ки номи Ҷамшед дар китоби “Авесто” бештар ба некӣ зикр мешавад. Аз он, ки барои мардум зиндагии муфидро сохт дар ин сарчашмаи таърихӣ атрофи он чунин гуфта мешавад: «Ҷамшед, он ки ба шаҳриёрии хеш ҷонварону мардумонро бемарг ва обҳову гиёҳонро нахушкиданӣ ва хӯрокҳоро накостанӣ кард».

 

Замони подшоҳии Ҷамшедро бештари муаррихон ба миёнаи ҳазораи IV то мелод медонанд. Бо назардошти ин, тавре дар ибтидо низ зикр кардем, ҷашни Наврӯзи мо таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад.

 

Ҳаким Умари Хайём дар идомаи қиссаҳои хеш вобаста ба пайдоиши Наврӯз ҷои дигар чунин менависад: «Чун Гаюмарт пас аз ҳазор соли подшоҳӣ аз дунё бирафт, Ҳушанг ба ҷойи ӯ нишаст ва нуҳсаду ҳафтод сол подшоҳӣ кард…ва пас аз ӯ Таҳмурас биншаст ва сӣ сол подшоҳӣ кард. Ва пас ӯ подшоҳӣ ба бародараш Ҷамшед расид ва аз ин таърих ҳазору чиҳил сол гузашт, ин давр тамом шуда буд ва Офтоб ба фарвардини хеш ба аввали ҳамал омад ва ҷаҳон бар вай рост гашт… Пас дар ин рӯзе, ки ёд кардем ҷашн сохт ва Наврӯзаш ном ниҳод ва мардумонро фармуд, ки ҳар сол чун фарвардин нав шавад, он рӯз ҷашн кунанд…».

 

Донишманди асримиёнагии тоҷику форс Ибни Балхӣ дар «Форснома»-и хеш ҳамин андешаро ҷонибдорӣ намуда, қайд мекунад: «...Ҷамшед дар хутбаи худ Худоро ситоиш карда, чунин фармуд: «Худованд баҳои мо тамом гардонид ва таъйид арзонӣ дошт ва дар муқобалаи ин неъматҳо бар хештан воҷиб гардонидем, ки риояи адл ва некӯӣ фармоем». Чун ин суханон бигуфт ҳамагон ӯро дуъои хайр гуфтанд ва шодиҳо карданд ва он рӯзро ҷашн сохт ва Наврӯз ном ниҳод ва аз он сол боз Наврӯз ойин шуд».

 

Муаррихи намоёни аҳди Сомониён Ҷарири Табарӣ дар «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» вобасата ба масъалаи мазкур чунин навиштааст: «Ҷамшед бифармуд, то чархе аз обгина барои ӯ бисозанд ва шаётинро дар он ҷой дод ва бар он нишаст ва дар ҳаво аз шаҳри хеш аз Данбованд (Дамованд) то Бобул ба як рӯз рафт ва он рӯз ҳурмузрӯзи фарвардинмоҳ буд ва мардум аз ин шигифтӣ, ки диданд Наврӯз гирифтанд. Ва бигуфт, то ин рӯз ва панҷ рӯзи дунболи онро ид гиранд ва шодӣ ва хушӣ кунанд ва ба рӯзи шашум, ки мурдодрӯз буд, зимни мактубе ба мардум хабар дод, ки чун Худованд равиши вайро дар подшоҳӣ писандида, подоши вай ин шуда, ки мардум аз гармо ва сармо ва беморӣ ва пирӣ ва ҳасад барканор шудаанд ва мардум аз паси сесаду шонздаҳ сол, ки аз подшоҳии вай гузашта буд ба сар карданд, ки аз ин балиёт ба дур буданд…Гӯяд, ҳама маликии Ҷам аз оғози шоҳӣ то вақте, ки кушта шуд, ҳафсаду нуздаҳ сол буд».

 

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ низ бунёдгузори ҷашни Наврӯз будани шоҳ Ҷамшедро ҷонибдорӣ мекунад. Инро мо дар намунаи зер мушоҳида карда метавонем:

Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

Баросуда аз ранҷ тан зи кин.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро наврӯз хонданд.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Майю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

Бимондаст аз он хусравон ёдгор.

 

Дар «Фарҳанги Деҳхудо» ҳам зикр мешавад: «Ҷамшед, ки сайри олам мекард, чун ба Озарбойҷон расид, фармуд, тахти гавҳарнишине ба ҷои баланде рӯ ба ҷониби Ховар гузоранд. Ва худ тоҷи гавҳарнишине бар сар ниҳода, бар он тахт бинишаст. Ҳамин ки офтоб рух намуд ва партаваш бар он тоҷу тахт афтод, фурӯғе дар ниҳояти рӯшноӣ падид омад, мардумон аз он шод шуданду гуфтанд: “Ин рӯзи нав аст!” Ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро “шед” мегӯянд, ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он ин расм (Наврӯз) пайдо шуд».

 

Истилоҳи “Ҷам” дар «Авесто» чанд сифат дорад: яке хшаета (дар форсӣ шед) ба маънии шоҳвор ё дурахшон, рӯшноӣ ва дигаре ҳваредареса ба маънии некдидор ва дигар ҳватра, ки дар паҳлавӣ ҳварамак ва дар форсӣ хубрама шудааст. Ба ҳар сурат маънии мусбиро медиҳад, ки дар маҷмӯъ аз сиёсати созандаи вай гувоҳӣ медиҳад.

 

Мӯсо ибни Исо Ал-Кисравӣ яке аз дигар олимони асримиёнагӣ доир ба ободониҳои анҷомдодаи Ҷамшед ва таҷлили ҷашни Наврӯз аз ҷониби ӯ маълумотҳои аҷибе манзури хонанда мегардонад. Гуфтаҳои ӯро донишманди рус К.А. Инострантсев бо такя ба асари «Китоб-ал-маҳосин ул-адад» (муаллифаш номаълум) чунин нишон медиҳад: «Кисравӣ мегӯяд: Якум шахсе, ки Наврӯзро ҷашн гирифт, дараҷаҳои мулкҳои тобеъро муайян намуд, рамзҳои ҳокимияти давлатиро муайян кард, ба истихроҷи тиллову нуқра ва дигар фулузот машғул шуд, аз оҳан олот сохт, аспро ром намуд, гавҳарро дарёфт намуд, сирри атриётро кашф намуд, низоми обёриро ба вуҷуд овард Ҷамшед, писари Виванҷон, яъне ҳимоятгари олам... ба шумор меравад».

 

Дарёфти бархе аз донишмандон, ки Наврӯзро анҷоми офариниш ва оғози зиндагии инсонӣ медоданд ба ин нигоштаҳо мувофиқ меояд. Бо ин далел, ки вақто ҳама шароит барои зиндагии инсонҳо муҳайё гардид, пасон бо нишот ба зиндагии инсонӣ (ба маънои томаш) шуруъ намуданд. Ин нишот дар мисоли бунёди Наврӯз ифода меёбад. Ва таҳлили маъноии истилоҳи Наврӯз низ ҳамин маъноро бори дигар собит мекунад.

 

Шоҳ Ҷамшед бо караму хулқи инсондӯстонаи хеш ба мардумон суханони хуб орзу кард ва хайроту ниёиш намуд. То имрӯз, ки чунин амалҳои зебо ба рукнҳои ҷашни Наврӯз табдил ёфтааст аз аҳди ӯ сарчашма мегиранд. Барои исботи ин андеша боз руҷуъ мекунем ба «Форснома»-и Ибни Балхӣ: «Ва Ҷамшед гуфт: Ба нияти оят, ки эзиди таоло шаъну баҳои мо тамом гардонид ва ёрӣ арзонӣ дошт ва дар муқобилаи ин неъматҳо бар хештан воҷиб гардонидем, ки бо мардум адл ва некӯӣ фармоем. Чун ин суханон бигуфт, ҳамагон ӯро дуои хайр гуфтанд ва шодиҳо карданд ва он рӯз ҷашн сохт ва Наврӯз ном ниҳод ва он сол Наврӯз расм шуд ва он рӯзи Ҳурмуз аз моҳи фарвардин буд ва дар он рӯз бисёр хайрот фармуд ва як ҳафта пай дар пай ба нишоту хуррамӣ машғул буданд ва баъд аз он як шабонарӯз дар ибодатгоҳ рафт ва яздонро парастиш ва шукр гузорид ва зорӣ намуд ва ҳоҷат хост, ки дар рӯзгори ӯ ҳама офат аз қаҳтӣ ва вабо ва бемориҳо ва ранҷҳо аз ҷаҳон бардорад».

 

Ба ҳамин маъно зиёд донишмандони дигар низ ишораҳо доранд, ки мо наметавонем дар ҳаҷми як мақола ҳамаи онҳоро ба риштаи таҳлил бикашем. Танҳо бардошт ин аст, ки бештари сарчашмаҳо ҳамчун бунёдгузори ин ҷашн Ҷамшедро медонанд. Ба ҳар сурат, ба гумони яқин чун Каёмард (дар Авесто Гайамаретан ва дар паҳлавӣ Гайумард, ба маънии «зиндаи миро» ё «ҷони нестипазир» ва дар форсӣ ба таҳриф Каюмарс ва дарвоқеъ «Гайумарт») нахуст инсон дониста мешуду ҳоло маърифати инсонӣ то он ҳадде набуд, ки чунин ҳикматҳои табиатро дарёбанду гиромӣ доранд ва ҷашн ороянд, намешавад бунёдгузори Наврӯз номид.

 

Дар илми таърихнигории мо зарур аст, ки ба аҳди Пешдодиёну Каёниён ва махсусан ба замони подшоҳии шоҳони пешдодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Замоне, ки Наврӯзи мо аслият дорад, пас месазад, ки атрофи корномаи шоҳони Пешдодию Каёнӣ, аз ҷумла шоҳ Ҷамшед тадқиқотҳои ҷиддӣ сурат бигиранд, ки ин амал аз ҳар нигоҳ ба суди миллат ва давлати миллии мост. Ишораҳое, ки дар сарчашмаҳои болозикр ва даҳҳо маъхазҳои дигар аз рӯзгори Ҷамшед ва аҳди ӯ, бозгӯикунандаи он аст, ки ҷадди мо ҳанӯз дар саргаҳи таърих ба андешаҳои дунявиятгароӣ бештар арҷ мегузоштем ва эътиқодотро барои шинохти худ ва дунё чун васила истифода мебурдем. Бунёди Наврӯз бо тамоми ҳикматҳояш собитгари ҳамин андешаҳои мост.

 

Имрӯз, ки дар фазои давлатдории миллӣ халқи тоҷик ҳаёт ба сар мебарад, зарур аст решаҳои аслии хешро бишносад. Ибтикороти пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллат ба ҳамин хотир аст. Аз ин рӯ, моро мебояд дар атрофи ин сиёсат муттаҳид шуда, ба наслҳои оянда ва ба ҷаҳониён бори дигар собит кунем, ки мо аз табори Хуршеду нур ҳастем ва дар бағал ба мисли Наврӯз ҷашнҳое дорем, ки ҳамбастагию ваҳдатро дар иртибот ба табиат таблиғ мекунанд.

 

Ибодуллозода А.И. – ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ

  • ЗИКРИ НАВРӮЗ ДАР САРЧАШМАҲО ДАР ПАЙВАСТАГӢ БО ШОҲАНШОҲ ҶАМШЕД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок ва суханронӣ дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар Ашхобод 12 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки дар доираи “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, 2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд.   Дар оғози сухан Сарвари давлати мо ба роҳбарияти Туркманистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои роҳандозии ин ҳамоиши байналмилалии муҳим арзи сипос намуда, мардуми Туркманистонро бо 30-солагии бетарафии доимии кишвар табрику таҳниат гуфтанд.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз рӯбарӯшавии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рақобати печидаи геосиёсӣ ва заиф шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки болоравии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир боиси коҳиши суръати пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мегардад.   Таъкид гардид, ки “сулҳ ва эътимод дар пешбурди муносибатҳои байналмилалӣ, коҳиш додани таҳдиду хатарҳо, муҳайёсозии шароити муносиб барои ҳамкорӣ ва рушди устувор дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳимтарин мебозанд”.   Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу эътимод имкон медиҳанд, ки мушкилоти печидаи ҷаҳони имрӯза дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак ҳалли худро пайдо намоянд.   Дар ин робита таъкид гардид, ки паёмадҳои нохуши хатарҳои экологӣ, ба мисли тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, олудашавии муҳити зист ва дигар мушкилот низ тадбирҳои муштараку ҳамбастаи ҷомеаи ҷаҳониро талаб менамояд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз равандҳои ҷаҳонии Душанбе доир ба об ва муқовимат ба терроризм ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ пайваста саҳми муносиби худро мегузорад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон аз ҳамаи ташаббусҳо доир ба таҳкими сулҳу амонӣ дар ҷаҳон пайваста пуштибонӣ менамояд”.   Дар ин робита аз пешниҳоди порсолаи Тоҷикистон ба СММ доир ба эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ дар ҷаҳон барои наслҳои оянда” бори дигар ёдоварӣ карда шуд.   Дар хулосаи сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “тантанаи сулҳ”-ро “гарави таъмини адолат, баробарӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон” номида, изҳор доштанд, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин арзиши воло бояд бо такя ба эътимод, гуфтугӯ ва ҳамкорӣ муносибати эҳтиёткорона дошта бошад”.   Таъкид гардид, ки Тоҷикистон минбаъд низ омода аст, бо истифода аз анъанаҳои мақбули дипломатӣ, гуфтугӯи васеи созанда ва дигар воситаҳои сулҳомез дар таъмини амну субот ва рушди устувор саҳми намоёни худро гузорад.

    70

    12.12.2025
  •  img
    МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ ИЛМ ВА ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ 11 декабри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муҳимми таҳсилоти фарогир дар ҷаҳон: замина, сиёсат ва амалия», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, бо вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Валерий Николаевич Фалков мулоқот доир намуд.   Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти таҳсилоти олӣ, аз ҷумла, густариши робитаҳои академӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, инчунин таҷрибаомӯзии мутахассисон барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва сифати таҳсил баррасӣ карданд.   Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи маориф дорои заминаҳои мустаҳкам буда, дар доираи онҳо ташкили барномаҳои муштараки таҳсил, рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дастгирии марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома меёбад. Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ин иқдомҳо ва васеъ кардани робитаҳои таълимӣ ва илмӣ изҳор намуданд.   Ҳамзамон, ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба на танҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, балки ба рушди устувори таҳсилоти олӣ ва илми байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия низ мусоидат хоҳад кард.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    59

    11.12.2025
  •  img
    ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ҲАМОИШИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Имрӯз, 11 декабри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо даъвати расмӣ дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таҳсилоти фарогир дар ҷаҳон: замина, сиёсат ва амалия», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок ва дар қисмати пленарӣ суханронӣ намуд.   Конференсия таҳти сарпарастии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия, Комиссияи Россия оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба баргузор шуда, беш аз 500 иштирокчӣ аз 50 кишвари ҷаҳон ва намояндагони вазоратҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар он ҳузур доштанд.   Вазири маориф ва илм зимни суханронии худ ба аҳаммияти таҳсилоти фарогир ба ҳайси ҷузъи муҳимтарини сиёсати маориф таъкид намуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини дастрасии баробар ба таҳсил барои ҳамаи кӯдакон, аз ҷумла, кӯдакони дорои ниёзҳои махсус, тамоми чораҳоро андешидааст. Вазир инчунин аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар самти таҳсилоти фарогир тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ шудааст.   Дар ҳамоиш баромадҳои дигар низ сурат гирифта, иштирокчиёни конференсия таҷрибаи кишварҳои худро дар самти таҳсилоти фарогир муаррифӣ намуданд. Конференсия имконият дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун ҷонибдори ташаккули ҷомеаи баробар ва фарогир дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад ва ҳамзамон таҷрибаи амалии худро дар бахши таҳсилоти фарогир бо дигар давлатҳо мубодила намояд.   Таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон дорои заминаи мустаҳками қонунгузорӣ мебошад. Қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонун «Дар бораи маориф» ва Қонун «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», ҳуқуқи ҳамаи кӯдакон, аз ҷумла, онҳое, ки ба гурӯҳҳои осебпазир шомиланд, ба таҳсил ва дастрасӣ ба имкониятҳои баробарро таъмин мекунанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024 «Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045» тасдиқ шуда, таваҷҷуҳ ба бартарафсозии ҳама гуна табъиз ва беҳтарсозии муҳити таълимӣ равона шудааст. Айни ҳол дар кишвар 4 муассисаи томактабӣ ва 15 мактаб-интернат барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд фаъолият доранд, ки зиёда аз 3000 кӯдакро фаро гирифтаанд.   Ҳадафи асосии конференсия тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти таҳсилоти фарогир, мубодилаи таҷриба, ҳамоҳангсозии талошҳои илмӣ ва педагогӣ ва таҳияи тавсияҳо барои беҳтар намудани дастгирӣ ба хонандагони гурӯҳҳои осебпазир арзёбӣ гардид. Дар кори ҳамоиш диққати махсус ба ташкили муҳити фарогири таълим барои кӯдакони дорои маълулият, муҳоҷирон ва намояндагони халқҳои бумӣ дода шуд. Ин чорабинӣ имконият фароҳам овард, ки кишварҳо таҷрибаи пешрафтаи худро мубодила намуда, роҳҳои нави ҳамкориро барои рушди таҳсилоти фарогир пайдо кунанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    53

    11.12.2025