03.09.2026
2 сентябри соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода бо мудири бахши маорифи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Наоко Хосака вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ» назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, муовини директори марказ, сардори раёсати таҳсилоти касбии марказ, сармутахассиси ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва мушовири миллӣ оид ба такмили низоми омодасозии кадрҳои педагогӣ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба такмили низоми омодасозии кадрҳои педагогӣ, бозбинии барномаҳои таҳсилотии ихтисосҳои омӯзгорӣ, таҳкими ҷанбаҳои амалии омодасозии донишҷӯён ва татбиқи модели нави таҷрибаомӯзии педагогиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини вазир зимни суҳбат таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои педагогӣ аз самтҳои муҳимми рушди низоми маориф ба ҳисоб рафта, мутобиқ намудани мазмуну муҳтавои барномаҳои таҳсилотӣ ба талаботи муосири касби омӯзгорӣ ва эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ аҳаммияти хосса дорад.
Дар ин замина масъалаҳои ташаккули салоҳиятҳои касбӣ, методӣ, рақамӣ, таҳлилӣ ва иҷтимоии омӯзгорони оянда, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, арзёбии натиҷаҳои таълим, таҳияи маводи таълимӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати тақвияти ҷанбаи амалии омодасозии донишҷӯёни ихтисосҳои педагогиро муҳим арзёбӣ намуданд. Қайд гардид, ки пайванди донишҳои фаннӣ, педагогӣ, психологӣ ва методӣ бо фаъолияти амалии донишҷӯ дар муассисаи таълимӣ барои ташаккули омодагии воқеии касбии омӯзгори оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идомаи мулоқот ба масъалаи татбиқи модели нави таҷрибаомӯзии педагогӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ бояд ба иштироки фаъоли донишҷӯ дар банақшагирӣ ва гузаронидани дарс, таҳияи маводи таълимӣ, арзёбии дастовардҳои хонандагон, таҳлили натиҷаҳо ва худбаҳодиҳии фаъолияти касбӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон нақши омӯзгори роҳнамо дар раванди таҷрибаомӯзӣ муҳим арзёбӣ гардид. Пешниҳоди машварату дастгирии мунтазам, таҳлили фаъолияти педагогии донишҷӯ ва муайян намудани самтҳои такмили маҳорати касбӣ метавонад ба рушди устувори омӯзгори оянда мусоидат намояд.
Ҷонибҳо зарурати таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо муассисаҳои таҳсилоти умумиро таъкид намуда, чунин ҳамкориро барои наздик намудани мазмун ва раванди омодасозии омӯзгорон ба талаботи воқеии муассисаҳои таълимӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Наоко Хосака омодагии ЮНИСЕФ-ро барои идомаи ҳамкории судманд бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили низоми омодасозии кадрҳои педагогӣ, рушди таҷрибаомӯзии педагогӣ ва дастгирии ташаббусҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот изҳор намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои мавҷударо мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро барои идомаи корҳои муштарак, табодули таҷриба ва таҳияи механизмҳои муассири татбиқи ташаббусҳои пешбинишуда баён доштанд.