01.07.2025

Имрӯз, 1 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Гуннар Шелленберген баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини якуми вазир, муовини вазир, сардорони раёсатҳои дахлдори вазорат, инчунин, директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илмро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки рушди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои Тоҷикистон дорои аҳаммияти стратегӣ буда, заминаи муҳимми рушди низоми таҳсилот ва илмро фароҳам меорад. Айни замон, дар шаш муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таълими забони олмонӣ ба роҳ монда шуда, шумораи умумии донишҷӯёне, ки ин забонро меомӯзанд, ба 1708 нафар мерасад. Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 17 ҳазору 100 хонанда ба омӯзиши забони олмонӣ ҷалб гардидаанд.
Бо вуҷуди дастовардҳои зикршуда, вазир таъкид намуд, ки то кунун ҳамкориҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Олмон ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудаанд. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм пешниҳод менамояд, ки робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Олмон ба роҳ монда шаванд, мубодилаи барномаҳои инноватсионӣ ва тадқиқоти муштараки илмӣ миёни муассисаҳо густариш ёбанд, курсҳои омӯзиши забони олмонӣ барои такмили малакаи омӯзгорон ташкил карда шаванд, ҳамкориҳо миёни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва сохторҳои илмии Олмон таҳким ёбанд, намояндагии фондҳои бурсиявии олмонӣ дар назди Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шавад, донишҷӯёне, ки забони олмониро дар сатҳи муошират аз худ намудаанд, ба барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва корҳои мавсимӣ дар Олмон ҷалб гарданд, фаъолияти Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) дар шаҳри Душанбе васеъ баррасӣ шавад ва масъалаи идомаи лоиҳаи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (НСИФТ – марҳилаи 4), ки аз ҷониби Бонки олмонии рушд маблағгузорӣ мегардад, мавриди муҳокима қарор гирад.
Ҷаноби Гуннар Шелленберген, Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалт, зимни суханронии худ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъкид намуд. Ӯ пешниҳод кард, ки барои рушди захираҳои инсонӣ ва густариши заминаҳои маориф, аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд. Аз ҷумла, таъсиси боғча ва гимназияи хусусӣ бо забони олмонӣ, омодасозии мутахассисон дар шакли дуалӣ бо ҷалби таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо, таъсиси донишгоҳи хусусии муштарак бо риштаҳои гуногуни таҳсилот, таъсиси марказҳои забономӯзӣ дар заминаи донишгоҳҳо ва таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои илмҳои геологӣ, энергетика ва дигар бахшҳои муҳим ба роҳ монда шаванд. Ҳамчунин, ҷиҳати тақвият бахшидани омӯзиши забони олмонӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон, марҳила ба марҳила чораҳои амалиро якҷо амалӣ намуда, имкониятҳои бурсиявӣ ва омӯзишӣ барои донишҷӯёни тоҷик бештар фароҳам оварда шаванд.
Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуда, изҳори умед карданд, ки дидору гуфтугӯҳои баргузоршуда ба таҳкими муносибатҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки нав заминаи боэътимод мегузоранд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон