10.04.2026
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо ҳайати Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори миссия ҷаноби Виктор Лутенко баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар шароити муосир таъкид намуда, зикр карданд, ки муҳоҷират ба як унсури муҳимми иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа табдил ёфта, таҳкими пайванди маориф ва муҳоҷират аҳамияти муҳим касб намудааст.
Зимни мулоқот қайд гардид, ки низоми маорифи кишвар имрӯз ҳамчун манбаи дониш василаи муҳимми таҳкими устувории иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии ҷавонон ба зиндагии мустақил баромад мекунад. Дар ин замина, як қатор самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ба масъалаи дастгирии кӯдакони аз муҳоҷират осебдида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки барои чунин кӯдакон муассисаҳои таълимӣ бояд ҳамчун муҳити мусоиди иҷтимоӣ ва равонӣ хизмат намоянд. Ҳамзамон, зарурати таҳияи механизмҳои муассири реинтегратсияи кӯдаконе, ки аз хориҷи кишвар, махсусан аз Федератсияи Россия бармегарданд, муҳим арзёбӣ гардид.
Инчунин, рушди малакаҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирии ҷавонон яке аз самтҳои калидӣ номида шуд. Қайд гардид, ки густариши таҳсилоти касбӣ ва роҳнамоии дурусти касбӣ метавонад ба коҳиш додани хавфҳои муҳоҷирати ғайримунтазам мусоидат намояд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо рушди таълими фосилавиро ҳамчун абзори муҳимми нигоҳ доштани робитаи кӯдакони дар хориҷбуда бо барномаи таълимии миллӣ ва забони модарӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, ворид намудани дониш ва малакаҳои муҳоҷирати бехатар ба барномаҳои таълимӣ муҳим дониста шуд.
Дар рафти мулоқот фаъолияти амалии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси лабораторияҳои IT, дастгирии марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва татбиқи барномаҳои рушди малакаҳои рақамӣ, ҳамчун намунаи ҳамкории самаранок арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ, тақвияти механизми ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба манфиати кӯдакон ва ҷавонон равона шудаанд, изҳор намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон