15.09.2025

 img

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Нахуст, Роҳбари давлати мо аз ҳамлаи низомӣ ба Давлати Қатар, ки рӯзи 9 сентябр рух дод, изҳори таассуф намуда, ин амалкардро таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишвари ба мо бародар номиданд.

 

“Мо бори дигар ин амали таҷовузкоронаро, ки поймолкунии дағалонаву ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва усулҳои бунёдии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, қотеона маҳкум мекунем”, иброз доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

 Сарвари давлати мо зимни суханронӣ рӯйдод ва тамоюлҳои нигаронкунанда дар минтақаи Ховари Миёнаро, ки ба амнияти байналмилалӣ таҳдиди ҷиддӣ доранд, таҳлил намуда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва дигар иштирокдорони ҷаласаро ба дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот ҷалб карданд.

 

“Боиси таассуфи шадид аст, ки дар тӯли ду соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди вазъи фоҷеабори инсонӣ дар Навори Ғазза аст ва ҳанӯз ҳам ормонҳои мардуми Фаластин мавзӯи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ боқӣ мондаанд”, изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

 Таъкид гардид, ки ҳама гуна амалкардҳои хушунатомез дар минтақа имрӯз боиси афзоиши ташаннуҷ ва сар задани ихтилофоти нав мегарданд ва онҳо, бахусус, ба раванди музокироту муколама ҷиҳати расидан ба сулҳу суботи пойдор дар минтақа монеа эҷод мекунанд.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мураккабу печидаи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон таҳкими ҳамбастагии беш аз пеши уммати мусулмонро зарур шумурданд.

 

Гуфта шуд, ки бидуни ҳамкории самарабахшу судманди ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва фанновариҳои пешрафта дастёбӣ ба ҳадафҳои олии созмон ғайримкон аст.

 

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломиро кафолати боэътимоди таъмини амнияту субот ва некуаҳволии уммати мусулмон арзёбӣ намуданд.

 

Дар идома таъкид гардид, ки имрӯз уммати мусулмон рӯ ба рӯйи хатарҳои фоҷеабори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо ба тамаддуни башарӣ қарор дорад.

 

Бархурди ягона ва рӯйкарди муштараки кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ дар мубориза бо ин омилҳои хатарзо тақозои замон номида шуд.

 

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми ниҳоят бузурги мутафаккирон ва нобиғаҳои гузаштаи мо дар ташаккулёбии тамаддуни башарӣ, бахусус фарҳанги сулҳофарӣ ва ҳамзистии мусолиматомез ёдовар шуда, зарур шумурданд, ки бо такя ба ин мероси пурғановати муштарак бояд мафкураи ҷомеаҳои худро минбаъд ҳам дар руҳияи арзишҳои неку созанда такмил дода, ба ҷаҳониён ҳамбастагии уммати мусулмонро нишон диҳем.

 

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки ҷаласаи имрӯзаи мо ба тақвияти иттиҳоду ҳамбастагӣ дар муқобили хавфу хатарҳои замони муосир ва пешгирӣ аз ҳама гуна поймолсозии қонунҳои пазируфташудаи байналмилалӣ таъсиргузор хоҳад буд.

  • Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ img
  • Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ img
  • Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Оғози Ҳафтаи “Бозёфт” дар шаҳри Бохтар! Имрӯз дар литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо"-и назди шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар бо иштироки мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста ҳафтаи “Бозёфт”-и хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимиро расман оғоз намуд.   Ин чорабинӣ бо мақсади дарёфт, рушд ва тақвияти истеъдодҳои хонандагон, баланд бардоштани савияи дониш, ташаккули малакаҳои эҷодию илмӣ ва рушди ҷаҳонбинии наврасон ташкил карда шудааст.    Дар доираи ҳафтаи “Бозёфт” хонандагони беҳтарин бо маҳорати хеш дар самтҳои гуногун аз фанҳои табиӣ ва дақиқ то фанҳои гуманитарӣ ва эҷодӣ иштирок намуда, дониш, қобилият ва истеъдоди худро ба намоиш мегузоранд.   Ин чорабинии муҳим на танҳо майдони дарёфти истеъдодҳои нав, балки платформаи мубодилаи таҷриба ва ташвиқу ҳавасмандсозии хонандагон барои дар оянда комёбиҳои бузург ба ҳисоб меравад.   Хадамоти матбуоти  шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар

    7

    16.09.2025
  •  img
    Мулоқот бо Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиев 16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиевро ба ҳузур пазируфтанд.   Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ҳамсояи наздикаш - Қирғизистон аҳамияти хоса медиҳад”.   Дар ин зимн таъкид гардид, ки дипломатияи парлумонӣ метавонад дар пешрафти ин раванд нақши муҳим бозад.   Ба фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ, табодули таҷриба ва дастгирии ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ ба воситаи парламентҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, бахши агросаноатӣ, инчунин обию энергетикӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.   Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, бахусус, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, сурат гирифт.  

    10

    16.09.2025
  •  img
    «БОЗЁФТ» ДАР ҲИСОР Имрӯз ҳайати кории Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо раванди баргузории Ҳафтаи "Бозёфт"-и Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Ҳисор шинос шуданд.    Ҳадафи баргузории ҳафта дарёфти наврасону ҷавонони боистеъдод, ҷалби хонандагони болаёқат ба таҳсилоти иловагӣ ва омодасозии онҳо ба озмуну олимпиадаҳо мебошад. Дар ҳафта намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, директори МДРИ шаҳри Ҳисор Аброр Азизов, сармутахассиси шуъбаи маорифи ш.Ҳисор Муҳаммадшариф Мирзоев ва директори МТМУ № 3-и ш. Ҳисор иштирок ва суханронӣ карданд.    Бо сабаби надоштани бино рӯзи аввали ҳафта дар МТМУ №3-и шаҳри Ҳисор  баргузор гардид. Зикр шуд, ки Марказ ва маҳфилҳои фаннӣ ва гурӯҳҳои таҳсил маҳз ба хотири дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди онҳо фаъолият мекунанд.    Аз суолу ҷавоби хонандагон маълум шуд, ки онҳо иштиёқи омӯзиши донишҳои иловагиянд. Аз ҷумла, аз ҷониби хонандагон чунин саволҳо пешниҳод шуданд: Ба ду маҳфил шомил шудан мумкин аст? Аз синфи чанд ба маҳфилҳои фаннии МДРИ шомил шудан мумкин аст? Ман дар маҳфили фанни ҳуқуқ таҳсил мекунам, метавонам боз ба маҳфили забони англисӣ шомил шавам? ва ғ.   Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба ҳамаи саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои муфассал дода шуд.

    36

    15.09.2025