08.04.2026

 img

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар байни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».

 

Дар партави ин ҳидоятҳои созанда ва бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси зебои миллӣ - атласу адрас, чакан ва дигар намунаҳои ҳунари мардумӣ, бонувони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксияи тарғиботию ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» бо эҳсоси баланди худшиносӣ ва ифтихори миллӣ фаъолона иштирок намуданд.

 

Либоси миллӣ, аз қабили атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар намунаҳои ҳунари мардумӣ, таҷассумгари таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик мебошад. Бонувони вазорат бо дарки масъулияти фарҳангӣ пӯшидани либоси миллиро ҳамчун нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон арзёбӣ намуда, онро дар байни ҷомеа фаъолона тарғиб менамоянд.

  • «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!» - ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ img
  • «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!» - ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ img
  • «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!» - ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАМОИШИ ФИЛМИ «МОҲӢ ДАР ШАСТ» БАРОИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ Шоми 9 апрели соли 2026 дар толори «Кохи Суруш» бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеъ филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» намоиш дода шуд.   Филми «Моҳӣ дар шаст» як асари муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, бо коргардонии Муҳиддини Музаффар соли 2025 рӯйи навор омадааст. Мазмуни филм саргузашти таъсирбахши писарбачаи даҳсола, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро инъикос менамояд, ки ҳамроҳи қаҳрамони дигар - Самад, дар ҷустуҷӯйи модари худ аз шимол то ҷануби кишвар сафар намуда, бо рӯйдодҳои гуногун ва пурмоҷаро рӯ ба рӯ мегардад.   Зимни намоиш тамошобинон, кормандони васеи соҳаи маориф, аз манзараҳои нотакрори табиати кишвар баҳравар гардид, ба ҷаҳони ботинии қаҳрамони хурдсол ворид шуда, орзуву ормон, дарду умед ва эҳсосоти поки ӯро бо тамоми ҳастӣ дарк намуданд. Филм бо мазмуни амиқ ва ҳассоси худ дар қалби ҳозирин таассуроти фаромӯшнопазир гузошт.   Баъд аз анҷоми намоиши филм вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, зикр кард, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз заминаи мусоидро барои рушди синамои миллӣ ва эҷоди филмҳои пурмазмуну тарбиявӣ фароҳам овардааст. Маҳаки филми мазкур бо як таъсиргузории амиқи эҳсосӣ бори дигар собит сохт, ки таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иззату эҳтироми падару модар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси оилавӣ на танҳо шиори ахлоқӣ, балки як зарурати воқеии ҳаёти инсонӣ мебошанд. Ҳаёти пурдарди қаҳрамони хурдсоли филм қалбҳоро такон дода, бинандаро водор месозад, то бо эҳсоси баланд ба қадри меҳру муҳаббати волидайн бирасад ва масъулияти фарзандиро бо тамоми ҳастӣ дарк намояд. Ин паёми пурмаънои филм бо лаҳни самимиву таъсирбахш дар зеҳну қалби ҳар тамошобин нақш баста, арзиши муҳаббати хонаводагӣ ва пайванди ҷовидонаи фарзанду модарро ба таври равшан таҷассум мекунад.   Таъкид гардид, ки муҳтавои филм бори дигар аҳаммияти иззату эҳтироми падару модар, қадршиносии арзишҳои инсонӣ ва масъулияти маънавиро равшан инъикос менамояд.   Вазир ҳамзамон иброз дошт, ки филмҳои касбии миллӣ муаррифгари фарҳанг ва синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, рӯйи кор омадани чунин асарҳо барои таҳкими мавқеи синамои ватанӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.   Ба таъкиди коргардон Муҳиддини Музаффар, намоиши мазкур ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби филмҳои касбии миллӣ роҳандозӣ гардида, тасмим аст, ки чунин иқдом дар оянда низ идома ёбад. Ба таъкиди коргардон ин иқдоми фарҳангӣ дар таҳкими завқи зебоипарастӣ ва боло бурдани маърифати фарҳангии кормандон мусоидат намуд, ҳамчун як амали ҳамгиро ва муттаҳидкунанда, фазои самимиро миёни иштирокчиён тақвият бахшида, аҳаммияти дастгирии синамои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиро боз ҳам равшантар намуд.   Дар анҷом иштирокчиён таассуроти гарму самимии худро аз филм баён дошта, онро як асари пурмазмун, тарбиявӣ ва таъсирбахш арзёбӣ карданд.

    14

    10.04.2026
  •  img
    ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 11 Имрӯз, 9 апрели соли 2026 дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи олимпиада муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, муовини якуми директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Н. Ғафуриён, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Шодиниё, инчунин намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ зикр намуд, ки олимпиадаҳои фаннӣ ҳамчун бахши муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба рушди зеҳнӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон мусоидат менамоянд. Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, тақвияти шавқу рағбат ба омӯзиши фанҳо ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси оянда заминаи мусоид фароҳам меоранд.   Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф имкон фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати дониш ва рақобати солим миёни хонандагон сол аз сол беҳтар гардад.   Сипас, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иштирокдоронро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос кард.   Баъди анҷоми маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, ба иҷрои супоришҳои олимпиада оғоз намуданд.   Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаҳои мазкур дар маҷмуъ 1343 нафар хонанда иштирок доранд. Аз ҷумла, рӯзи 9 апрел аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 694 нафар ва рӯзи 10 апрел аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 649 нафар хонанда донишу маҳорати худро месанҷанд.

    43

    09.04.2026
  •  img
    ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 Имрӯз, 8 апрели соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид.   Дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва директорони муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, сипас, ҳисоботи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо то охири сол» шунида шуд.   Дар ҳисобот худ вазири маориф ва илм аз тадбирҳои муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ёдовар шуда, фаъолияти вазорат ва зерсохторҳоро дар самти таъминоти ҳуқуқӣ, таъминоти кадрӣ, ташкили гурӯҳҳои рушди барвақтии кӯдак ва марказҳои инкишофи кӯдак, зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ, таҳияи санадҳои нав дар самтҳои гуногуни соҳа, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, беҳтар намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ, расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон, таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон, натиҷагирӣ аз сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф, рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷ дар самти маориф, бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода кардани кадрҳои илмӣ, бартараф намудани норасоии кадрию китобҳои дарсӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ, теъдоди омӯзгорону кормандони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ», таҳияи китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон, дар маърузаи худ вазири маориф ва илм фаъолияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ва Маркази матбуотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид дошт, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳия, муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат оид ба рушди босамари низоми маорифи мамлакат, мушкилоту норасоиҳо ҳанӯз ҷой доранд ва бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо мекунад.   Сипас, дар қисмати музокира директори Муассисаи нашриявии «Маориф» К. Исозода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ш.Мӯминзода ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара С. Хайруллозода баромад намуда, маърузаи вазири маориф ва илмро вобаста ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар семоҳаи аввали соли 2026 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.   Ҷаласаро вазири маориф ва илм ҷамъбаст намуда, дар охир бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара, фармоишҳои вазири маориф ва илм ва масъалагузориҳо барои соли 2026 дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Дар ҷамъбаст вазир таъкид дошт, ки соли 2026 барои миллати тоҷик соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда маҳсуб ёфта, аз ҳар як корманди соҳа масъулияти баланди касбӣ ва шаҳрвандиро тақозо менамояд. Дар ин замина, зарур дониста шуд, ки тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва натиҷабахшро амалӣ намоянд. Ҳамзамон, роҳбарону масъулини соҳа вазифадор гардиданд, ки баргузории конфронсҳо, семинарҳои илмӣ, ҳамоишҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи баландро бахшида ба ин ҷашни таърихӣ ба таври шоиста таъмин намуда, тавассути онҳо ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдориро дар миёни наврасону ҷавонон тақвият бахшанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    69

    08.04.2026