03.08.2026
«Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд».
Эмомалӣ Раҳмон
Сулҳхоҳӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ аз қадим ҷузъи фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллати тоҷик буда, имрӯз низ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Дар замони муосир, ки инсоният бо таҳдидҳои гуногуни амниятӣ, аз ҷумла ҷангҳои минтақавӣ, ифротгароӣ, терроризм ва буҳронҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст, масъалаи таҳкими сулҳу субот беш аз ҳар вақти дигар аҳаммияти ҷаҳонӣ касб намудааст. Дар чунин шароит қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда 2027–2036» рӯйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсӣ ва дипломатии ҷаҳон ба шумор меравад.
Ин ташаббус, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, бори дигар мақому нуфузи кишварро ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ бо роҳи муколама ва ҳамкорӣ нишон дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ борҳо исбот намудааст, ки сиёсати хориҷии он бар пояи ҳамзистии осоишта, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои созанда бунёд ёфтааст.
Эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» барномаи амалиест, ки давлатҳои ҷаҳонро барои пешгирии низоъҳо, густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва тарбияи насли нав дар рӯҳияи инсондӯстӣ муттаҳид месозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ гузашта, бо талошҳои фарзандони фарзонаи миллат ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид, имрӯз таҷрибаи арзишманди худро дар ихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳад. Сулҳи тоҷикон собит намуд, ки ҳатто мураккабтарин ихтилофҳоро метавон тавассути музокирот, гузашт ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ ҳал намуд.
Бо заҳмати беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик, Тоҷикистон бо бештари кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад. Сабаби асосии робитаҳои дӯстии давлатҳо бо кишвари мо ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст.
Қабули қатъномаи мазкур идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои марбут ба масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои глобалӣ тавонист эътибори баланди байналмилалӣ пайдо намояд. Акнун пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» низ идомаи ҳамин сиёсати созанда мебошад.
Ин ташаббус аҳаммияти бузург барои наслҳои оянда дорад. Ҷавонон бояд дар фазои оромиву субот, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ тарбия ёбанд. Фарҳанги сулҳ танҳо вазифаи сиёсатмадорон нест, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. Мактаб, оила, воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои илмӣ бояд дар тарбияи шахсиятҳои сулҳпарвар саҳми фаъол гузоранд.
Дар васфи фарҳанги сулҳ ва нақши он дар сарнавишти миллати тоҷик шоири маъруф Абдуллоҳи Раҳнамо чунин гуфтааст:
Бори дигар сулҳ кардӣ ҷангро,
Боз кардӣ ин гиреҳи тангро,
Эй мураббӣ, эй абарустоди сулҳ,
Бар ҷаҳон омӯз ин фарҳангро!
Ин мисраъҳо арзиши сулҳро ҳамчун неъмати бузургтарин ва кафили рушди давлату ҷомеа тараннум намуда, аҳаммияти фарҳанги сулҳро барои инсоният бозгӯ мекунанд.
Қатъномаи СММ дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» имконият фароҳам меорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди байни давлатҳо, рушди дипломатияи пешгирикунанда ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ ҳамкориҳои худро густариш диҳад. Амалӣ гардидани ҳадафҳои ин даҳсола метавонад барои таъмини амният, рушди устувор ва беҳбудии зиндагии миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Хулоса, қабули ин қатъномаи муҳим боз як дастоварди арзишманди дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он нишон медиҳад, ки ташаббусҳои созандаи кишвар тањти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо эътимод ва дастгирии васеъ пазируфта мешаванд. Дар ҷаҳоне, ки сулҳ ба арзиши олӣ табдил ёфтааст, чунин иқдомҳо барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва таъмини ояндаи осоиштаи инсоният аҳаммияти таърихӣ доранд.
Мо, халқи тоҷикро зарур аст, ки бо руҳияи саршори ифтихор аз ин иқдоми шоиста баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоем ва дар фаъолияти кории худ содиқ бошем.
Зиёдулло АБДУЛЗОДА,
сардори Раёстаи маорифи вилояти Хатлон