07.05.2026

 img

Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз оғози моҳи май тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ дар муассисаҳои олии касбии кишвар ҷараён дорад.

 

Дар ин доира тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин зимн нақшаи раёсати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов (бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон) бо иштироки сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм ва сардори шӯъбаи пайгирии фаъолияти мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  раёсати номбурда  дар донишкада тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ доир гардид.

 

Муовини якум, муовини ректор оид ба таълими донишкада дар оғози  чорабинӣ  дар мавриди нақши донишкада дар тайёр намудани мутахассисон сухан ронда, аз ҷумла зикр сохтанд, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов шурӯъ аз оғози фаъолияташ то инҷониб ҳамчун манбаи омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, омӯзгорони омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии дорои таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳми муносиб дорад.

 

Намояндат вазорати Д. Алихонзода дар баромадаш з дастгириву ғамхориҳое, ки барои илму касбомӯзии ҷавонон ва ҳамзамон таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор  дар ҷумҳурӣ фароҳам гардидааст, сухан ронда, зикр сохтанд, ки дар заминаи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати сафарбарии мутахассисони ҷавон ба ҷойи  кор мунтазам тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд. 

 

Сипас, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илм аз ҷониби бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишкада тақсимоти хатмкунандагон сурат гирифт. Дар ин ҷараён роҳбари бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишкада тартибу талаботҳои тақсимотро шарҳ дода,  зикр сохтанд, ки айни замон 77 нафар  хатмкунандагони факултети тарбияи ҷисмонӣ ва факултети омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, аз ҷумла 27 нафар тариқи квотаи Президентӣ ба фаъолияти педагогӣ сафарбар мегарданд.

 

Дар анҷоми тақсимот таъкид гардид, ки хатмкунандагони донишкада ҳамчун мутахассисони ҷавон дар раванди фаъолияти педагогӣ масъулияту маҳорати баланд нишон медиҳанд.

  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БА ФАЪОЛИЯТИ ПЕДАГОГӢ  img
  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БА ФАЪОЛИЯТИ ПЕДАГОГӢ  img
  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БА ФАЪОЛИЯТИ ПЕДАГОГӢ  img

Хабарҳои дигар

  •  img
    СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДИИ ИҶОРАИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОН БАРГУЗОР ГАРДИД Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Рӯшон семинари омӯзишӣ оид ба татбиқи барномаи биллингии пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ баргузор гардид.   Дар семинар мудири шуъбаи маорифи ноҳия З. Ширинбекзода, намояндаи раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Н. Сабзалиева, мушовири бахши китоб, директорон ва китобдорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.   Зимни семинар ба иштирокчиён тартиби истифодаи низоми электронӣ, роҳҳои дурусти бақайдгирӣ ва пардохти ғайринақдӣ шарҳ дода шуда, масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани хизматрасонӣ дар самти таъмини китобҳои дарсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

    16

    08.05.2026
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ БО НАМОЯНДАИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ 7 майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) дар Тоҷикистон Симон Ҳоллема баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм Симон Ҳоллемаро ба муносибати таъин гардиданаш ба ҳайси мудири кишварӣ ва намояндаи доимии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда муваффақият орзу кард.   Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Таъкид гардид, ки айни замон Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ зиёда аз 1800 муассисаи таҳсилоти умумиро бо орди гандуми ғанигардонидашуда, равғани растанӣ ва нахуд таъмин менамояд. Амалисозии барномаи мазкур бо саҳми мақомоти маҳаллӣ ва падару модарон ба роҳ монда шуда, онҳо хароҷоти коммуналӣ, аз ҷумла, пардохти нерӯи барқ, об, сӯзишворӣ ва дигар хароҷоти вобастаро таъмин менамоянд.   Дар идомаи мулоқот зикр шуд, ки бо мақсади такмили низоми ғизои мактабӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди ғизои мактабиро барои солҳои 2022–2027 қабул намуд ва татбиқи он идома дорад. Барномаи мазкур ба баланд бардоштани сифати ғизои мактабӣ, беҳтар намудани инфрасохтори ошхонаҳои мактабӣ ва таъмини хонандагон бо ғизои солиму мутавозин равона гардидааст.   Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки дар доираи татбиқи Барномаи давлатӣ аз соли 2022 маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои ташкили ғизои мактабӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ оғоз гардидааст. Дар натиҷа, шумораи муассисаҳои фарогири барнома аз 43 муассисаи соли 2022 ба 176 муассиса дар соли 2026 расида, ҳаҷми маблағгузорӣ аз 5,5 миллион сомонӣ то ба 37 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.   Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Бахши ғизои мактабӣ таъсис дода шуда, фаъолияти самаранок дорад.   Зикр шуд, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин давлатест, ки ба Эътилофи ҷаҳонии ғизои мактабӣ ҳамроҳ гардидааст.   Дар рафти мулоқот вазири маориф ва илм ба масъалаи таъхири дастрасии маводи ғизоӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Қайд гардид, ки аз моҳи январи соли 2026 то имрӯз баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маводи ғизоӣ дарёфт накардаанд, ки ин метавонад ба ҷараёни мунтазами ғизодиҳии хонандагон таъсири манфӣ расонад.   Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки вазорат ҷиҳати ҳарчи зудтар барқарор намудани таъминоти мунтазами маводи ғизоӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, ҳамкории пайваста дорад ва пешниҳод намуд, ки муҳлати дастрас намудани маводи ғизоӣ бозбинӣ карда шавад.   Ҳамзамон, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо ва тақвияти низоми мониторингу ҳисоботдиҳиро дар доираи созишномаҳои амалкунанда муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин замина таъкид гардид, ки амалисозии ҳама гуна чорабиниҳо дар самти ғизои мактабӣ бояд дар ҳамоҳангӣ бо мақоми ваколатдор дар соҳаи маориф ба роҳ монда шавад.   Дар доираи вохӯрӣ инчунин масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани шароити ошхонаҳои мактабӣ, таъмиру таҷҳизонидани онҳо ва таъмин намудани ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо маводи ғизоӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.   Дар фарҷоми мулоқот вазир ба Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла дастгирӣ дар самти татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ, инчунин мусоидат дар сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимии зарардида дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод изҳори миннатдорӣ намуд.   Дар анҷоми вохӯрӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба як қатор ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти рушди ғизои мактабӣ ва таъмини хонандагон бо ғизои солиму босифат таъкид намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    70

    07.05.2026
  •  img
    КОНИБОДОМ: ҶАМЪБАСТИ РӮЗҲОИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷамъбасти рӯзҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр, роҳбарият ва намояндагони Раёсати маорифи вилояти Суғд, масъулини шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони масъули соҳа иштирок намуданд.   Зимни ҷамъбаст таъкид гардид, ки гурӯҳи кории Раёсати маорифи вилоят  тибқи нақшаи корӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодомро мавриди санҷиш ва таҳлил қарор додааст.   Дар ҷараёни санҷиш ба раванди таълиму тарбия, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагон, иҷрои барномаҳои давлатӣ, вазъи корҳои методӣ ва фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.   Аз ҷумла, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, 3, 4, 6, 9, 10, 12, 15, 16, 19, 20, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 27, 30, 32, 34, 35, 36, 37, 38, 41, 42, 43, 44, 46, 47, 48, 49, 52 ва 53 инчунин муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.   Дар асоси натиҷаҳои таҳлил ба масъулини соҳа ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти корҳои таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва беҳтар намудани фаъолияти методӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.   Ҳамзамон, зикр гардид, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат хоҳад намуд.

    14

    07.05.2026