04.12.2025

 img

Муҳтарам ғолибон, иштирокчиёни даври ҷумҳуриявӣ, устодон ва падару модарони азиз!

 

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббус ва ибтикори хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, инак соли ҳафтум бо ҳамон муҳаббату самимияте, ки дӯстдорони китобро аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ оварда буд, ба даври ниҳоии худ расид. Бо камоли сарфарозӣ ва эҳтироми баланд ҳамаи шумоёнро, ки дар дар “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” қадамҳои устувор гузоштед ва ғолибияти бузургро ба даст овардед, самимона табрик менамоям.

 

Ин озмун нишони бедории фикрӣ ва ойинаи равшани сатҳи маърифати насли соҳибистеъдоди кишвар мебошад. Дастовардҳои шумо, хоҳ ғолиб бошед ё иштирокчии даври ҷумҳуриявӣ, шаҳодати равшан аз ҷустуҷӯ, заҳмат, покизагии ният, китобдӯстӣ ва ҷаҳонбинии васеъест, ки имрӯз барои рушди давлату миллат арзиши бебаҳо дорад.

 

Ба ҳар яки шумо, ҳамчун чеҳраҳои умедофар ва поягузорони фардои илму маорифи кишвар, бо дилгармӣ ва самимияти хос табрик гуфта, барои кӯшиши ғайрат, меҳнату заҳмати шабонарӯзӣ ва ҳаракати ҳамешагӣ дар роҳи донишандӯзӣ изҳори сипос менамоям. Имрӯз, ки ҷаҳони муосир ба дониш, технология ва эҷодкорӣ такя мекунад, баргузории чунин озмунҳо барои рушди неруи зеҳнии насли наврас, болоравии сатҳи маърифат ва таҳкими пояҳои маориф аҳаммияти азим доранд. Шумо, ғолибон, бо маҳорати худ нишон додед, ки дар роҳи илму маърифат босалоҳият ҳастед ва ин дастовард ифтихори тамоми ҷомеа мебошад.

 

Ба ин муносибат, мехоҳам аз ҳамаи иштирокчиёни дигаре, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд, вале соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ нагардиданд, махсус изҳори қадрдонӣ ва миннатдорӣ намоям. Роҳ ёфтан ба ин марҳалаи баланди озмун худ шаҳодати истеъдод, заҳмат, китобдӯстӣ ва ҷаҳонбинии васеи шумост. Бовар дорам, ки иштироки шумо дар ин озмун ҷараёни рушд, такмили малакаҳои суханварӣ, хондан, таҳлил ва фикрронии мустақилиятатонро боз ҳам пурқувваттар мегардонад. Ҳар яки аз шумо неруи муҳим барои ояндаи илму маориф ҳастед ва натиҷаҳои имрӯза оғози дастовардҳои бузургтар дар роҳи зиндагӣ хоҳад буд.

 

Боиси зикр аст, ки ташаббусу ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ин озмун барои ҳар як иштирокчӣ ва устодону аҳли оилааҳояшон ва дар маҷмуъ барои тамоми намояндагони соҳаи илму маорифи кишвар руҳ ва неруи тоза мебахшад. Дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат нисбат ба китобу китобхонӣ, илмомӯзӣ ва донишандӯзӣ барои тамоми ҷомеа, хусусан ҷавонон, илҳомбахш мебошад. Маҳз ҳамин сиёсати фарҳангсолор ва маърифатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар саросари кишвар ба як нуқтаи муттаҳидкунандаи зеҳн, маҳорат, эҷод ва худогоҳии миллӣ табдил ёбад.

 

Изҳори миннатдорӣ ба падару модарон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимие, ки дар ин роҳ шогирдони худро дастгирӣ намуданд, иброз менамоям. Имрӯз ҳарчанд бо сабаби дар сафари корӣ будан ва дар имконияти табрикоти мустақими шуморо надоштан, руҳан бо ҳамаи ғолибон якҷоя ҳастам ва ин ғолибияти бузургро, ки зиндагии якояки шуморо рангин менамояд, бори дигар табрик мегӯям. Боварӣ дорам, ки муваффақиятҳои имрӯза танҳо оғози сафари пурбори шумо дар роҳи илму маърифат хоҳад буд ва ҳар як иштирокчӣ минбаъд низ парчами китобу донишро баланд бардошта, ба пешрафти ҷомеа саҳм мегузорад.

 

Ҳамзамон, изҳори сипосу миннатдории хос аз ҳайати меҳнатдӯсту одилонаи ҳакамон менамоям, ки бо масъулияти баланд раванди баҳогузориро дар тамоми марҳалаҳои озмун таъмин намуданд. Заҳмати шабонарӯзӣ, диққату дақиқандешӣ ва муносибати касбии онҳо барои баргузории шаффофу одилонаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нақши муҳим бозида, ба ҳар як иштирокчӣ имкон дод, ки дониш, маҳорати суханварӣ ва ҷаҳонбинии худро дар сатҳи баланд муаррифӣ намояд.

 

Бо таманниёти нек, ба ҳамаи шумо ғолибон, иштирокчиёни даври ҷумҳуриявӣ, устодон ва падару модарони азизу арҷманд илҳоми тоза, пешрафт, ҷустуҷӯи доимӣ дар ҷодаи илму дониш ва дастовардҳои навро орзу мекунам.

 

Бо эҳтиром, вазири маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода

Брюссел, Белгия

4 декабри соли 2025

  • ТАМАННИЁТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҒОЛИБОНИ ШОҲҶОИЗАҲОИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР СОЛИ 2025 Имрӯз, 4 декабри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуд, ки дар он 4 нафар довталабон сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардиданд.   Дар натиҷа, Табассуми Ҷиёнхон, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, Раҳимов Анушервон, донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, Шарифова Умеда, хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Мастчоҳ сазовори Шоҳҷоизаи аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ва Холиқова Фариса, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Рӯдакӣ сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон гардиданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    68

    04.12.2025
  •  img
    МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» 4 декабри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 баргузор гардид.   Соли 2025 дар даври ниҳоии озмун 434 нафар ширкат варзиданд, ки миёни онҳо 2 нафар тоҷикони бурунмарзӣ низ ҳузур дошта, ба таври маҷозӣ ба саволҳои ҳакамон посух доданд.   Аз миёни иштирокчиён 94 нафар унвони ғолибро соҳиб шуданд ва 4 нафар ба Шоҳҷоиза ноил гаштанд. Мукофотпулиҳои озмун низ имсол афзоиш ёфтанд: барои ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барои Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ.   Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар ҳақиқат довталабон китобҳои зиёди бадеиро мутолиа намуда, ҳазорон байтҳоро аз худ кардаанд, ки аз шунидани баромади онҳо дилҳо лабрези шодӣ ва фараҳ гардиданд.   Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, роҳи наҷот аз ҷаҳолат, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва дода нашудан ба ҳама гуна идеологияҳои дурӯғину фитнаангез – китобхонӣ, бофарҳангӣ, зиракии сиёсӣ ва донистани таъриху маданияти халқи худ мебошад. «Бо таъкид изҳор медорем, ки омӯзгорон, зиёиён ва падару модарон бояд бештар китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд, тарғибгарони китобу дониш бошанд, ҷомеаро аз ҷаҳолату нодонӣ огоҳ созанд ва барои фардои дурахшони насли наврас роҳнамо гарданд», -изҳор намуд муовини Сарвазири кишвар.   Имсол зиёд гардидани маблағҳои ҷоизаҳои ғолибони озмун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам вусъат ёфтани раванди китобдӯстиву китобхонӣ ва фароҳам омадани шароити мусоиди эҷодкорӣ байни насли наврас ва дигар қишрҳои ҷомеа замина гузошт.   Ба таъкиди Дилрабо Мансурӣ, иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа муҳаббат ва самимияти мардуми мамлакатро ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ифода намуда, эҳёи рисолати аҷдодии китобдӯстиву китобхониро таъмин кард. Хусусан, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо шавқу завқ ва муҳаббат ба китоб рӯй меоранд, ки ин падидаи нек сазовори дастгирӣ аст.   Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар ин муддат ба як ҳаракати бузурги маърифатӣ табдил ёфтааст.   Дар солҳои 2019–2024 дар озмун 1 153 616 нафар иштирок намудааст, ки аз онҳо 67 дарсад занону духтарон мебошанд.   Имсол низ таваҷҷуҳи хоса ба китобхонӣ махсусан дар байни кӯдакон ва наврасон эҳсос мегардад: 57 нафар ғолиби наврас ва 3 гирандаи Шоҳҷоиза аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шаҳодати равшани ин гуфтаҳост.   Маросими ҷамъбасти озмун нишон дод, ки китоб ва дониш дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа мавқеи хоса пайдо мекунад. Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ва талошҳои мақомоти давлатӣ, ин озмун минбаъд низ ҳамчун як иқдоми бузурги маърифатӣ барои рушди зеҳнӣ, худогоҳӣ ва истеъдодҳои насли ҷавон идома хоҳад ёфт.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    66

    04.12.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Рустам Амакиеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Иншооти навбунёди соҳаи маориф бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Саидов бо маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шудааст.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2023 оғоз гардида, дар масоҳати 6700 метри мураббаъ бо сифати баланд бунёд шудааст.   Муассисаи тозабунёд аз ду бинои 4-ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳнии кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуби таълим фароҳам оварда шуда, барои 600 кӯдак пешбинӣ гардидааст.   Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии инноватсионии Басбӣ бо мақсади татбиқи равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) дар Тоҷикистон рӯи кор омадааст.   Тибқи иттилои масъулин, дар ин муассисаи томактабӣ кӯдакони аз синни 2 то 6 сола қабул гардида, бо 4 вақт хӯроки гарм таъмин мегарданд.   Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.   Истифода аз робототехникаҳои роҳбалад, Луна ва дигар таҷҳизоти муосири замонавӣ, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор мегиранд, аз афзалиятҳои дигари ин муассисаи наву замонавӣ арзёбӣ мегардад.   Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 23 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, гимнастика, толор барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 120 ҷойи нишаст, ошхона, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ, фароҳам оварда шуда, барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзишманд номида шуд.   Дар ҳар як гурӯҳ 20 кӯдак амал мекунад, ки ба онҳо омӯзгорони пуртаҷриба дарс медиҳанд.   Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ 23 парастори дорои таҷриба ва донандаи хуби забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ, дар умум 88 нафар ба кор ва бо маоши хуб ҷалб шудаанд.   Муассисаи наву замонавӣ ҳамчунин барои рафту омади бехатари кӯдакон бо нақлиёт таъмин аст.   Саҳни бинои Муассиса бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороста шуда, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст. Ҳамзамон дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳо сохта шудааст.   Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушсаводу доно ба воя расонидани кӯдакон ва дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба таълими босифати кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ҳидоят намуданд.

    66

    03.12.2025