03.10.2026
3 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, собиқадорони соҳа, намояндагони дигар вазорату идораҳо ва омӯзгорону мураббиён иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм чорабиниро оғоз намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми омӯзгорони кишварро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрику таҳният гуфт. Вазири маориф ва илм зимни суханронӣ аз нақши арзанда ва заҳматҳои содиқонаи омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, ба омӯзгорону мураббиён барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар пешрафти ҷомеа изҳори сипос намуд.
Сипас, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон чорабиниро идома дод. Мавсуф дар суханронӣ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону мураббиёнро ба муносибати иди касбиашон самимона табрику таҳният гуфта, барои хизмати содиқона, заҳмати созанда ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас арзи сипос намуд. Таъкид гардид, ки омӯзгорон ҳамчун тарбиятгарони насли нав дар таҳкими маърифату фарҳанг, худшиносии миллӣ, рушди неруи инсонӣ ва бунёди ояндаи дурахшони кишвар нақши муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои назаррасро амалӣ намуда, рушди соҳаи маорифро дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додааст. Омӯзгорон дар ташаккул ва рушди маърифати аҳли ҷомеа вазифаи басо муҳимми таърихӣ дошта, Ҳукумати кишвар талош мекунад, ки барои фаъолияти онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Дар идомаи чорабинӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» ва «Омӯзгори соли Тоҷикистон» эълон ва бо мукофотҳои пулӣ, дипломҳои фахрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, як қатор собиқадорони соҳа бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар баргузор шуд. Барнома бо иҷрои сурудҳо ва рақсу навоҳои миллӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонид ва фазои идонаро тақвият бахшид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон