26.05.2026

 img

Олиҷанобон,

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, ташрифи ҳар яки шуморо ба сарзамини бостонии Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегуям!

 

Барои мо мояи ифтихор аст, ки имрӯз дар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.

 

Ин конфронс ба ташаккули уҳдадориҳои муштараки мо барои таҳкими ҳамкорӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо ҷиҳати ҳалли яке аз мавзӯъҳои ҳассоси замони муосир мусоидат мекунад.

 

Мо иштироки фаъол ва саҳмгузории шуморо дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об баланд қадр менамоем.

 

Иштирокчиёни гиромӣ,

Тайи солҳои охир Тоҷикистон ба мақсади дар маркази рӯзномаи рушди байналмилалӣ қарор додани масъалаи об як силсила тадбирҳои амалӣ андешид.

 

Дар ин ҷода кишвари мо тавассути ташаббусҳои худ дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош варзид.

 

Ҷавҳари ин талошҳои мо аз масъалаҳои баланд бардоштани мақому манзалати об - сарвати бебаҳои ҳаёт – иборат аст.

 

Тоҷикистон ҳамоно ҷонибдори бархурди мутавозин, фарогир ва ба самараи амалӣ нигаронидашуда мебошад.

 

Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштараки мо дар ин самт мебошад.

 

Илова бар ин, баргузории муваффақонаи Конфронси таърихии оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 таҳти мизбонии Тоҷикистону Нидерландия зарурати уҳдадориҳои ҷаҳониро барои тезонидани амалҳо дар соҳаи об возеҳан нишон дод.

 

Мо дар доираи Раванди оби Душанбе ба талошҳои худ дар самти ташкили платформаи байналмилалии фарогир ва шаффоф идома дода, имрӯз, чун анъана, ҳукуматҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро аз саросари ҷаҳон барои дар амал татбиқ намудани уҳдадориҳои марбут ба об гирди ҳам овардаем.

 

Бояд эътироф кард, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар мавзӯи об, ҷаҳон ҳанӯз ҳам бо як зумра мушкилиҳое рӯ ба рӯ мебошад, ки раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устуворро душвор кардааст.

 

Ҳоло миллиардҳо нафар одамон ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд, наздик ба 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд.

 

Тамоюлҳои ҷорӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мушкилиҳо дар оянда ба таври назаррас афзоиш хоҳанд ёфт.

 

Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал ба 25 фоиз зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд.

 

Ҳамзамон бо ин, қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гардад.

 

Соҳаҳои нав ва босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати “сабз”, шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард.

 

Ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро дучанд месозад.

 

Илова бар ин, таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр вазъи ҷориро дучанд шиддат мебахшад.

 

Воқеияти зикршуда барои низомҳои аллакай осебпазир фишори иловагӣ эҷод мекунад.

 

Ин нишондиҳандаҳо танҳо пешгӯӣ нестанд, балки ҳушдори ҷиддӣ ва даъват ба амал ба ҳар яки мо мебошанд.

 

Иштирокдорони муҳтарам,

Ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои марбута, Тоҷикистон дар сатҳи милливу минтақавӣ низ чораҳои зарурӣ меандешад.

 

Дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ барои татбиқи марҳалавии мудирияти ҳамгироии захираҳои об ба таври назаррас таҳким ёфта, инфрасохтори калидӣ навсозӣ гардидааст, ки аллакай самаранокӣ ва устувории истифодаи обро беҳтар мекунад.

 

Барои суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор дар кишвари мо Стратегияи миллии об то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029 қабул гардидаанд.

 

Ин санадҳо афзалиятҳои дарозмуддат ва тадбирҳои мушаххасро барои рушди соҳаи об муайян менамоянд.

 

Мо ният дорем, ки то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳем.

 

Ҳамзамон бо ин, мо талош дорем, ки то соли 2040 дастрасӣ ба оби мутамарказро ҳадди ақал барои 90 фоизи аҳолӣ таъмин намоем.

 

Мо тасмим гирифтаем, ки ба ин васила дастрасии ҳар як шаҳрвандро ба оби тозаи ошомиданӣ кафолат диҳем.

 

Дар баробари ин, Тоҷикистон нақша дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро зиёда аз чил баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳоро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.

 

Гузашта аз ин, мо ният дорем, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80 фоиз афзоиш дода, бо ин роҳ шаффофият, самаранокӣ ва устувории қабули қарорҳои марбутаро таъмин намоем.

 

Дӯстони гиромӣ,

Мо ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об аҳаммияти хоса медиҳем.

 

Ҷиҳати таҳкими минбаъдаи эътимод, шарикӣ ва муколамаи созанда дар Осиёи Марказӣ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳимми об ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем.

 

Тоҷикистон ба Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ҳамчун платформаи мусоиди минтақавӣ барои баррасӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои об ба хотири рушди устувор менигарад.

 

Вобаста ба ин ва бо дарназардошти мушкилоти муосир ва ниёзҳои кишварҳои минтақа, мо ҷонибдори такмили сохтори ин фонд ва дар чорчӯби он таъсис додани Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ ҳастем.

 

Ин комиссия метавонад ҳамчун як абзори муҳимми таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва таъмини рушди устувори ҳавзаи баҳри Арал хизмат намояд.

 

Ҳозирини муҳтарам,

Дар солҳои охир, Даҳсолаи байналмилалии амали об ва Рӯзномаи амали об барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об заминаҳои мустаҳкам фароҳам сохтанд.

 

Бо вуҷуди ин, дар ҷодаи рафъи ин мушкилот ба нафъи имрӯзу ояндаи сайёра мо ҳанӯз дучори монеаҳои ҷиддӣ ҳастем.

 

Барои бартараф кардани ин монеаҳо, дар саросари ҷаҳон, дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иқдомҳои назаррас роҳандозӣ мешаванд, ки бояд ягонагӣ ва ҳамкориро дар самти об тақвият бахшанд.

 

Дар ин росто, мо ба талошҳои мутавозин, муассир ва фарогири манфиатҳои муштарак ниёз дорем.

 

Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ба мақсади тавсеаи ин талошҳо ва амалисозии онҳо имрӯз зарурати гузариш ба марҳалаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба миён омадааст.

 

Аз ин лиҳоз, мо пешниҳод менамоем, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад.

 

Ин чаҳорчӯб метавонад равандҳои ҷориро дар масъалаҳои об таҳким бахшида, заминаи мусоидро барои ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад.

 

Ҳозирини гиромӣ,

Мо ба марҳилаи ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” наздик мешавем.

 

Зарур аст, ки аз ҳоло дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии об баъди соли 2030 андеша намоем.

 

Иқдомҳои мо дар ин ҷода бояд аз дастовардҳои Даҳсола, Рӯзномаи амали об ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе маншаъ гирифта, ба ҳалли масъалаҳои рӯзафзуни марбут ба об равона карда шаванд.

 

Ёдовар мешавам, ки мо дар пешорӯи баргузории силсила ҳамоишҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об, аз ҷумла Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 ва Саммити Ҳадафҳои рушди устувор дар соли 2027 қарор дорем.

 

Ҳамзамон бо ин, дар соли 2028 шаҳри Душанбе мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид хоҳад гардид, ки аз Даҳсолаи ҷории байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» натиҷагирӣ хоҳад кард.

 

Бар ин боварам, ки натиҷаҳои ин ҳамоишҳо ба ташаккули Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 мусоидат хоҳанд кард.

 

Дар ин раванд, расидан ба натиҷаҳои амалӣ, маблағгузории устувор, ҳамгироии сиёсати об бо иқлиму энергетика, озуқаворӣ ва низомҳои муҳитзистӣ, инчунин, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд мавзӯъҳои калидии Рӯзномаи нави обро ташкил диҳанд.

 

Дар ин замина, «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд.

 

Хонумҳо ва ҷанобон,

Комёб гардидани мо дар ин масир, пеш аз ҳама, ба ҳамкории боэътимод, дарки муштараки мушкилот ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо вобастагӣ дорад.

 

Биёед, аз имкониятҳои конфронси имрӯза ҳамчун нуқтаи гардиш дар ҳаллу фасли масоили об истифода намоем.

 

Ҳамаи мо масъулияти муштараки муҳим дорем – ганҷинаи бебаҳои сайёра, яъне захираҳои обро бояд барои наслҳои имрӯзу оянда оқилона ва самаранок идора намоем.

 

Ҳозирини гиромӣ,

Дар хотима, мехоҳам эълон намоям, ки мо ба мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об таъсис додем.

 

Ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст.

 

Ташаккур аз таваҷҷуҳатон.

  • Суханронӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” 26 май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз намуд, ки дар ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.   Конфронс бо маросими аксгирии меҳмонон, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ оғоз гардид.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ташрифи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин конфронсро қадами муҳим дар ҳалли яке аз проблемаҳои ҳассоси замони муосир - дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии сайёра ба об номиданд.    Зикр шуд, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон ба мақсади дар маркази рӯзномаи рушди байналмилалӣ қарор додани масъалаи об як силсила тадбирҳои амалӣ андешида, дар ин ҷода тавассути ташаббусҳои худ дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош меварзад.   Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои мо барои баланд бардоштани мақому аҳамияти об - сарвати бебаҳои ҳаёт равона гардида, Тоҷикистон дар ин самт ҷонибдори бархӯрди мутавозин ва фарогир аст. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштарак мебошад.   Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки мо дар доираи ташаббуси “Раванди оби Душанбе” ба талошҳои худ дар самти ташкили платформаи байналмилалии фарогир ва шаффоф идома медиҳем.   Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба мушкилиҳое ҷалб намуданд, ки барои ноил шудан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор монеаҳо эҷод кардаанд.   Таъкид гардид, ки ҳоло миллиардҳо нафар ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надошта, наздик ба 4 миллиард сокини сайера ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд. Ин тамоюлҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар оянда дастрасӣ пайдо накардани мардуми ба оби ошомиданӣ ба таври назаррас зиёд хоҳад шуд.   Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал то 25 дарсад зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд.   Ҳамзамон бо ин, ба таъкиди Роҳбари давлат аз рӯи пешбиниҳо дар ин давра қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гарданд ва соҳаҳои наву босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати “сабз”, шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард.   Дар ин замина, гуфта шуд, ки ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро бештар месозад.   Президенти кишвар аз иқдомҳои Тоҷикистон дар сатҳи милливу минтақавӣ ҷаҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар кишвари мо Стратегияи миллии об то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029 ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор қабул гардидаанд.    Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳад. То соли 2040 дар нақша аст, ки дастрасии аҳолиро ба оби мутамаркази ошомиданӣ ба 90 дарсад расонад.   Ҳамчунин, Тоҷикистон азм дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро беш аз 40 баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки онро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.   Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об аҳамияти хоса дода, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи эътимод, шарикӣ ва муколамаи созанда дар Осиёи Марказӣ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими об ҳамеша кӯшиш менамоем. Дар ин раванд, Тоҷикистон ба Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамчун платформаи мусоиди минтақавӣ барои баррасӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои об ба хотири рушди устувор нигариста, дар чорчӯби он таъсис додани Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказиро зарур мешуморад.   Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки мо бояд аз ҳоло дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии об баъди соли 2030 андеша намоем ва иқдомҳо бояд аз дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Рӯзномаи амали об ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе маншаъ гирифта, ба ҳалли масъалаҳои рӯзафзуни марбут ба об равона карда шаванд.   Сарвари кишвари мо ёдовар шуданд, ки дар солҳои охир Даҳсолаи байналмилалии амали об ва Рӯзномаи амали об барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об заминаҳои мустаҳкам фароҳам оварданд. Бо вуҷуди ин, дар ҷодаи рафъи ин мушкилот ба нафъи имрӯзу ояндаи сайёра мо ҳанӯз дучори монеаҳои ҷиддӣ ҳастем.   Гуфта шуд, ки имрӯз зарурати гузариш ба марҳалаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба миён омадааст. Ба ин мақсад пешниҳод гардид, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад. Ин чаҳорчӯб метавонад заминаи мусоидро барои ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад.   Дар хотимаи сухан  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намуданд, ки мо ба мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об таъсис додем.    Тавре таъкид гардид, ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст.   Аз кафкӯбии пурмавҷи ҳозирин аён гардид, ки пешниҳоди мазкур мавриди дастгирии аҳли толор қарор гирифт.

    18

    26.05.2026
  •  img
    ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд 19 майи соли 2026 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда ва саршор аз эҳсоси баланди худшиносӣ сабт гардид. Дар ин рӯз бо ташаббус ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки мазори ин се фарзанди фарзонаи миллат аз шаҳри Москва ба Ватан оварда шуда, дар оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супорида шуд. Ин рӯйдод на танҳо маросими мотам ё ёдбуд, балки рамзи пирӯзии адолати таърихӣ ва бозгашти маънавии қаҳрамонон ба оғӯши Ватан буд.   — Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар масири пурпечутоби ҳастии худ ҳамвора аз имтиҳонҳои сахти қисмат гузаштааст. Дар оғози асри XX, замоне ки масъалаи тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ дар Осиёи Марказӣ сарнавишти халқҳоро ҳал мекард ва ҳастии миллати тоҷик зери хатари воқеӣ қарор дошт, маҳз фарзандони ҷонфидову сарсупурдае ба майдони мубориза омаданд, ки имрӯз мо давлати соҳибистиқлоли худро аз натиҷаи заҳматҳои онҳо медонем. Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои бузург ва меъморони нахустини давлатдории навини тоҷикон буданд.   Барои дарки аҳамияти ин рӯйдод нахуст бояд ба кору пайкор ва хизматҳои беназири ин се шахсият назар афканем. Нусратулло Махсум (1881-1937) ҳамчун роҳбари нахустини Тоҷикистон дар саргаҳи бунёди сохтори сиёсӣ ва маъмурии кишвар қарор дошт ва тавонист мақомоти давлатиро аз сифр ташкил намояд. Хизмати бузургтарини таърихии Нусратулло Махсум-ин муборизаи пайгиронаи ӯ барои ба Ҷумҳурии мустақили Иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ӯ Шириншо Шоҳтемур (1899-1937), ки аз ятимиву муҳоҷират то ба мақоми баландтарини давлатӣ расида буд, яке аз муборизон барои таъмини ҳуқуқи тоҷикон ба шумор меравад. Гузориши машҳури ӯ ба номи роҳбарияти марказӣ дар соли 1926 роҷеъ ба вазъияти воқеии тоҷикони Осиёи Марказӣ намунаи олии ҷасорати сиёсӣ буд ва ӯ дар муайянсозии ҳудудҳои маъмурии ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозид. Ҳамзамон бо ин ду абармард Нисор Муҳаммад (1897-1937) низ тамоми ҳастӣ ва дониши худро сарфи бедории маънавии мардуми тоҷик кард. Ӯ ҳамчун Вазири маорифи Тоҷикистон дар поягузории илму маориф, таълифи нахустин китобҳои дарсӣ ва ба донишгоҳҳои марказӣ фиристодани аввалин донишҷӯёни тоҷик саҳми беназир гузошт.   Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин вазъияти ҳассос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк намуданд, ки барои наҷоти давлат ва муттаҳид сохтани миллат танҳо силоҳ ё иқтисод кофӣ нест, балки миллат ба такягоҳи қавии маънавӣ ва ҳувияти устувор ниёз дорад. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат номи ин қаҳрамонон дубора эҳё гардида, ба онҳо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.   Иқдоми моҳи майи соли 2026 — ба Ватан овардани хоки марқади ин се шахсият — қуллаи баландтарини ин сиёсати фарҳангпарварона ва таърихсоз маҳсуб мешавад. Ин ташаббус дорои пайомадҳои амиқи таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад. Аз як тараф, ба Душанбе овардани хоки онҳо бахшидани оромӣ ба руҳи қаҳрамонон ва барқарории адолати таърихӣ бошад, аз тарафи дигар, ин амал ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки Тоҷикистон давлати мустақилу соҳибихтиёр буда, қаҳрамонони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.   Бузургтарин ҳадафи ин иқдоми Пешвои миллат ба оянда ва тафаккури насли наврас нигаронида шудааст. Барои ҷавонони имрӯза, ки дар шароити сулҳу субот бузург мешаванд, мафҳумҳои «истиқлолият» ва «давлатдорӣ» набояд танҳо калимаҳои одӣ бошанд. Вақте ҷавонон мебинанд, ки Сарвари давлат шахсан ба пешвози хоки қаҳрамонони миллат меравад, дар шуури онҳо ҳақиқати муҳим нақш мебандад: истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст ва барои соҳибдавлат шудани тоҷикон беҳтарин фарзандони он ҷони худро фидо кардаанд. Ин хотираи муқаддас насли наврасро водор месозад, ки Ватанро сидқан дӯст доранд, қадри сулҳу ваҳдатро бидонанд ва аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд.   Тавре ки мегӯянд, миллате, ки гузаштагони худро фаромӯш мекунад, ояндаи худро низ аз даст медиҳад. Иқдоми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми равшан ба имрӯзу оянда аст, ки бузургонро бузургон зинда медоранд. Хотираи ин меъморони нахустини давлати тоҷикон дар қалби миллат то абад зинда хоҳад монд ва оромгоҳи онҳо дар Лучоб акнун на танҳо зиёратгоҳ, балки мактаби бузурги ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ барои тамоми наслҳои ояндаи Тоҷикистон хоҳад буд.

    24

    26.05.2026
  •  img
    Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа 26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд.   Сарвари давлат дар оғози суҳбат ба  Ли Ҷунҳуа, ки ҳамраиси “Раванди оби Душанбе” мебошад, барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштироки фаъол дар конфронси мазкур ва ҳам аз саҳми намоёни доимияш дар ин раванд арзи қаноатмандӣ намуданд.   Зимни суҳбат масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо СММ, бахусус бо Дафтари созмон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва кор бо паёмадҳои онҳо  баррасӣ шуд.   Оид ба татбиқи натиҷаҳои ҳамоишҳои қаблӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор, ҳадафманд анҷом додани конфронси кунунӣ ва омодагӣ ба чорабиниҳои дигари байналмилалии ин самт дар соли равон ва соли 2028 гуфтугӯи судбахш ҷараён гирифт.   Ба кори “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ҷонибҳо таваҷҷуҳ карда, изҳори бовар намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар таҳкими имкониятҳои он саҳми назаррас хоҳанд дошт.   Гуфтугӯи судбахш, ҳамчунин доир ба  фаъол нигоҳ доштани Гурӯҳи дӯстони об ва пиряхҳо дар Ню-Йорк ва абзорҳои дигари рушди ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, сурат гирифт. 

    20

    26.05.2026