11.08.2026
11 августи соли 2026 дар шаҳри Ҳисор дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 40 нафар кӯдакони ятими кулл вохӯрӣ баргузор гардида, ба онҳо туҳфаҳои Сарвари давлат супорида шуданд.
Дар вохӯрӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки дастгирии ятимону бепарасторон, кӯдакони аз парастории падару модар маҳрум ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин гурӯҳи ҷомеа пайваста таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосса қарор дорад.
Ҳангоми супоридани туҳфаҳо ба кӯдакону наврасон расонида шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбия, ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва соҳибкасбу соҳибмаърифат гардидани ятимону бепарасторон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суҳбати самимӣ бо кӯдакон аз ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо аз вазифаҳои муҳимми сохторҳои дахлдор ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пеш аз ҳама ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, таъмини шароити муносиби таҳсилу тарбия ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа равона гардидааст. Дар ин замина, барои кӯдакони ятиму бепарастор имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, масъалаҳои вобаста ба таҳсил, касбомӯзӣ ва минбаъд пайдо намудани мавқеи шоиста дар ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд.
Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фароҳам сохтани шароити муносиб барои таҳсилу тарбияи онҳо яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба шумор меравад.
Таъкид шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони ятиму бепарастор, муҳайё намудани шароити мусоиди таълимӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва дастгирии минбаъдаи хатмкунандагони чунин гурӯҳҳо тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба кӯдакон тавсия дода шуд, ки аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат самаранок истифода намуда, бо баҳои хубу аъло таҳсил кунанд, донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибмаърифат ба Ватан ва ҷомеа хизмат намоянд.
Кӯдакону наврасон аз туҳфаҳо ва ғамхории пайвастаи Пешвои миллат изҳори хушнудӣ намуда, барои таваҷҷуҳу дастгирӣ арзи сипосу миннатдорӣ баён карданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон