03.07.2026
дар партави ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)»
Дар оғози садаи XXI инсоният ба марҳилаи нави рушди тамаддунӣ ворид гардидааст, ки он бо пешрафти босуръати илму технология, густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ҳамзамон афзоиши таҳдидҳои фаромиллӣ тавсиф мешавад. Агар дастовардҳои илмӣ ва технологӣ имкониятҳои нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам оварда бошанд, аз ҷониби дигар, низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, буҳронҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти глобалӣ масъалаи таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалиро ба яке аз масъалаҳои меҳварии рӯз табдил додаанд. Дар чунин шароит сулҳ дигар танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши бунёдии тамаддуни инсонӣ ва шарти асосии бақо ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Аз ҳамин дидгоҳ ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» аҳаммияти бузурги сиёсӣ, фалсафӣ ва тамаддунӣ дорад. Ин ташаббус на танҳо ба таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ нигаронида шудааст, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба дарки нави сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ, масъулияти муштараки давлатҳо ва халқҳо ва омили муҳими рушди устувори инсоният даъват менамояд.
Аз нигоҳи фалсафаи иҷтимоӣ, тамаддун ва фарҳанги сулҳ мафҳумҳои ҷудонашаванда мебошанд. Таърихи башарият нишон медиҳад, ки ҳар як тамаддун бар пояи низоми муайяни арзишҳо ташаккул меёбад ва пойдор мемонад. Ҷомеае, ки дар он хушунат, низоъ ва таҳаммулнопазирӣ ҷойгоҳи меҳварӣ пайдо мекунанд, ногузир ба буҳронҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ рӯ ба рӯ мегардад. Баръакс, ҷомеае, ки рушди худро бар арзишҳои сулҳ, адолат, таҳаммулгароӣ ва эҳтироми шаъну каромати инсон асос мегузорад, барои пешрафти устувор ва такомули тамаддунӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Аз ин рӯ, имрӯз масъала танҳо дар ҳифзи сулҳ маҳдуд намешавад, балки сухан аз ташаккули фарҳанги сулҳ меравад. Фарҳанги сулҳ маънои онро дорад, ки сулҳ ба қисми ҷудонашавандаи ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагии инсон табдил ёфта, дар фаъолияти ҳар як шахс, оила, муассисаи таълимӣ ва давлат ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардад. Дар чунин ҷомеа рақобати харобиовар ҷойи худро ба ҳамкории созанда, муқовимат ба муколама ва манфиатҳои кӯтоҳмуддат ба эътимоди мутақобил медиҳанд. Маҳз чунин фарҳанг метавонад ҷомеаи ҷаҳониро аз такрори низоъҳои харобиовар ҳифз намояд.
Аз нуқтаи назари фалсафаи иҷтимоӣ сулҳ на танҳо арзиши ахлоқӣ, балки шарти зарурии рушди устувори ҷомеа мебошад. Дар муҳити ноором иқтисод рушди муназзам пайдо намекунад, низоми маориф рисолати худро пурра иҷро карда наметавонад, пешрафти илм ва технология суст мегардад ва ҳалли масъалаҳои муҳити зист ба таъхир меафтад. Ҷанг ва бесуботӣ захираҳои инсониву иқтисодиро ба харобӣ равона намуда, имкониятҳои рушди иҷтимоӣ ва фарҳангиро маҳдуд месозанд. Баръакс, фазои сулҳу субот барои рушди сармояи инсонӣ, такмили низоми маориф, пешрафти илм, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ин рӯ, сулҳро метавон на танҳо ҳадафи сиёсати давлатӣ, балки шарти бунёдии рушди устувор арзёбӣ намуд. Ба ибораи дигар, агар рушди устувор натиҷаи пешрафти ҷомеа бошад, сулҳ муҳимтарин омили ба вуҷуд омадани он мебошад.
Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки арзиши сулҳ на танҳо дар сатҳи назария, балки пеш аз ҳама дар амал дарк мегардад. Мардуми Тоҷикистон ин арзишро на аз китобҳои таърих, балки аз воқеияти пурфоҷиаи солҳои аввали истиқлолият омӯхтаанд. Ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки вайрон намудани сулҳу субот метавонад дар муддати кӯтоҳ ба амал ояд, аммо барқарор намудани онҳо иродаи қавии сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмии ҷомеа ва заҳмати чандинсоларо тақозо менамояд.
Таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи музокироти сиёсӣ, созиш ва ҳамдигарбахшӣ амалӣ гардид, имрӯз ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи танзими низоъ дар фазои пасошӯравӣ арзёбӣ мешавад. Ин таҷриба бори дигар собит намуд, ки муколама ва созиш нисбат ба муқовимат ва истифодаи қувва имкониятҳои бештар барои барқарории сулҳи пойдор доранд. Маҳз ҳамин таҷрибаи таърихӣ Тоҷикистонро ба яке аз ҷонибдорони фаъоли фарҳанги сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ табдил додааст.
Дар ин замина ташаббуси нави байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи давлат маҳсуб меёбад. Ҳадафи асосии он танҳо пешгирии низоъҳои мусаллаҳона нест, балки ташаккули тафаккури нави инсондӯстона мебошад, ки дар меҳвари он эҳтироми шаъну шарафи инсон, таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак нисбат ба сарнавишти инсоният қарор дорад.
Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини ин ташаббус ғояи масъулияти байнинаслӣ мебошад. Дар фалсафаи муосир ин мафҳум ҳамчун яке аз принсипҳои асосии рушди устувор эътироф шудааст. Мувофиқи ин дидгоҳ, ҳар як насл на танҳо истифодабарандаи дастовардҳои гузашта, балки амонатдори ояндаи башарият низ мебошад. Аз ин рӯ, қарорҳое, ки имрӯз дар соҳаи сулҳ, амният, ҳифзи муҳити зист ва рушди иҷтимоӣ қабул мегарданд, ба сифати зиндагии наслҳои оянда таъсири мустақим мерасонанд.
Ҷангҳо ва низоъҳои мусаллаҳона на танҳо ҳаёти ҳазорҳо инсонро аз байн мебаранд, балки имкониятҳои рушди иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеаро барои солҳои тӯлонӣ маҳдуд месозанд. Баръакс, сулҳу субот барои рушди маориф, илм, фарҳанг, иқтисод ва ташаккули сармояи инсонӣ шароити мусоид фароҳам меоранд. Дар чунин муҳит инсон метавонад қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии худро пурра амалӣ намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузорад.
Аз ҳамин лиҳоз, Ташаббуси нави Пешвои миллат - «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» танҳо як барномаи сиёсӣ ё дипломатӣ нест. Он пеш аз ҳама даъват ба масъулияти ахлоқии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Моҳияти ин ташаббус дар он ифода меёбад, ки сулҳ ҳамчун мероси маънавии инсоният бояд ҳифз ва ба наслҳои оянда интиқол дода шавад. Дар чунин фаҳмиш сулҳ дигар натиҷаи тасодуфии набудани ҷанг нест, балки арзиши устувори фарҳангӣ ва тамаддунӣ мебошад.
Дар Паёми телевизионии худ ба муносибати пешниҳоди ташаббуси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намуданд, ки сулҳ танҳо маънои набудани ҷангро надорад. Ба таъкиди Пешвои миллат, сулҳ пеш аз ҳама фарҳанги ҳамзистӣ, маърифат, таҳаммулгароӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамкории созандаи байни давлатҳо ва халқҳо мебошад. Чунин тафсири сулҳ аз фаҳмиши маҳдуди сиёсӣ фаротар рафта, онро ҳамчун арзиши бунёдии тамаддуни башарӣ ва шарти асосии рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Дар ин замина сулҳ ҳамчун сармояи маънавии башарият маънидод мегардад. Агар дар илми иқтисод сармоя воситаи рушди моддӣ ба шумор равад, пас дар фалсафа арзишҳое мавҷуданд, ки аз ҳар гуна сармояи моддӣ болотаранд. Сулҳ маҳз ба ҳамин гуна арзишҳо мансуб аст, зеро он имконияти зиндагии осоишта, рушди озоди инсон ва пешрафти ҷомеаро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, ҳар гуна сармоягузорӣ ба таҳкими сулҳ дар асл сармоягузорӣ ба ояндаи инсоният мебошад.
Дар таърихи афкори фалсафӣ масъалаи сулҳ ҳамеша яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои ҳастишиносӣ, ахлоқ ва фалсафаи иҷтимоӣ ба шумор мерафт. Аз замони Юнони Қадим ва мактабҳои фалсафии Шарқ сулҳ ҳамчун ҳолати ҳамоҳангии инсон бо худ, ҷомеа ва олам маънидод гардида, шарти муҳими камолоти маънавӣ ва рушди ҷомеа дониста шудааст. Дар ин анъана сулҳ танҳо набудани ҷанг набуда, балки ҳолати адолат, тавозун, ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобил байни одамон арзёбӣ мегардад.
Дар фалсафаи Шарқ мафҳуми сулҳ бо идеяи тарбияи ахлоқии инсон, адолат ва масъулияти иҷтимоӣ робитаи зич дорад. Ба ақидаи мутафаккирони Шарқ, инсон танҳо дар муҳити орому ҳамоҳанг метавонад қобилияти зеҳнӣ ва маънавии худро такмил диҳад. Аз ин рӯ, сулҳ ҳамчун шарти асосии рушди шахсият ва ҷомеа арзёбӣ шудааст.
Ин ҷаҳонбинӣ дар мероси фарҳангии тоҷикон низ мақоми муҳим дорад. Ҳикмати мардумӣ сулҳро пояи ободӣ ва некуаҳволии ҷомеа мешуморад. Мақоли маъруфи «Ободиву баракот дар сулҳ аст. Дар хона як руз ҷанҷол шавад чиҳил руз барака меравад» на танҳо таҷассуми таҷрибаи таърихии миллат, балки ифодаи ҷаҳонбинии инсондӯстона мебошад, ки ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориро асоси зиндагии осоишта медонад.
Аз нигоҳи фалсафӣ чунин равиш бо анъанаҳои гуманистии тафаккури Шарқ ва Ғарб ҳамоҳанг аст. Дар ҳар ду тамаддун ақлу хирад, адолат, масъулияти ахлоқӣ ва ҳамкорӣ ҳамчун заминаҳои бунёдии сулҳи пойдор ва рушди устувори ҷомеа эътироф гардидаанд.
Дар миёни намояндагони барҷастаи фалсафаи тоҷик Абӯнасри Форобӣ мақоми хос дорад. Ӯ дар таълимоти худ оид ба «мадинаи фозила» ҷомеаи идеалиро ҳамчун ҷомеае тасвир мекунад, ки бар адолат, ҳамкорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ асос ёфтааст. Ба андешаи Форобӣ, ҳадафи давлат на танҳо таъмини тартиботи сиёсӣ, балки фароҳам овардани шароит барои расидани инсон ба саодат мебошад. Ин ҳадаф танҳо дар шароити сулҳу субот, идоракунии оқилона ва волоияти адолат амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, дар таълимоти Форобӣ сулҳ на натиҷаи тасодуфӣ, балки яке аз пояҳои мавҷудияти ҷомеаи комил ба ҳисоб меравад [5, с. 101].
Андешаҳои Абӯалӣ ибни Сино низ бо ҳамин афкор ҳамоҳанг мебошанд. Дар осори ӯ ақл, маърифат ва камолоти ахлоқии инсон ҳамчун асоси рушди ҷомеа арзёбӣ шудаанд. Ибни Сино таъкид менамояд, ки инсон мавҷуди иҷтимоӣ буда, нисбат ба сарнавишти ҷомеа бетараф буда наметавонад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс вазифадор аст дар таҳкими адолат, ҳифзи сулҳу субот ва пешгирии падидаҳое, ки ба амният ва ҳамзистии ҷомеа таҳдид мекунанд, саҳми фаъол гузорад. Аз дидгоҳи ӯ, беэътиноӣ нисбат ба чунин масъулият метавонад заминаҳои суботи ҷомеаро заиф гардонад [1, с. 344].
Дар таълимоти Ҷалолиддини Балхӣ масъалаи сулҳ бештар аз дидгоҳи такомули маънавии инсон шарҳ дода мешавад. Ба андешаи ӯ, сулҳи воқеӣ пеш аз ҳама аз оромии ботинии инсон оғоз мегардад. Мавлоно бар он назар аст, ки муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилӣ танҳо дар сурате ташаккул меёбанд, ки инсон нафс, кибр ва манфиатҳои маҳдуди шахсиро мағлуб созад. Аз ҳамин ҷост, ки ӯ сулҳи иҷтимоиро идомаи сулҳи ботинӣ медонад.
Ин андеша дар «Маснавии маънавӣ» бо забони рамзӣ ва бадеӣ чунин ифода ёфтааст:
Сад хӯранда ғунҷад андар гирди хон,
Ду раёсатҷӯ нағунҷад дар ҷаҳон.
Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Ин байтҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии ихтилофҳо на фарқияти забон ё фарҳанг, балки худхоҳӣ, рақобати носолим ва талош барои бартарӣ мебошад. Аз ин рӯ, Мавлоно роҳи расидан ба сулҳи пойдорро дар такомули маънавии инсон мебинад [3; 4].
Ҳамин тариқ, дар анъанаи фалсафаи Шарқ сулҳ ҳамчун арзиши маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ маънидод гардида, бо рушди ақлу хирад, тарбияи инсон ва адолати иҷтимоӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Дар фалсафаи Ғарб низ масъалаи сулҳ мавқеи меҳварӣ ишғол менамояд. Дар миёни файласуфоне, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд, Иммануил Кант ҷойгоҳи хос дорад. Ӯ дар асари машҳури худ «Сулҳи ҷовидонӣ» сулҳро ҳамчун натиҷаи волоияти ҳуқуқ, истифодаи оқилонаи ақл ва ҳамкории давлатҳо дар асоси меъёрҳои ахлоқӣ маънидод мекунад. Ба андешаи Кант, сулҳи пойдор танҳо дар сурате имконпазир аст, ки муносибатҳои байналмилалӣ бар адолат, эҳтироми мутақобил ва масъулияти умумӣ нисбат ба сарнавишти инсоният асос ёбанд [2].
Ин таълимот имрӯз низ аҳаммияти назариявӣ ва амалии худро нигоҳ доштааст. Дар шароити муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ мебошад, идеяҳои Кант дар бораи дипломатияи ҳуқуқмеҳвар, ҳамкории байналмилалӣ ва масъулияти муштарак аҳаммияти махсус пайдо мекунанд.
Дар ҳамин замина метавон ҳамоҳангии арзишии таълимоти Кантро бо ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида намуд. Дар меҳвари ҳар ду дидгоҳ нақши ақлу хирад, муколама, дипломатияи созанда ва масъулияти умумӣ барои ҳифзи сулҳ қарор дорад. Агар Кант сулҳи пойдорро натиҷаи волоияти ҳуқуқ ва ахлоқ медонад, пас ташаббуси Тоҷикистон низ ба таҳкими эътимоди мутақобил, ҳамкории байналмилалӣ ва пешгирии низоъҳо тавассути муколама нигаронида шудааст. Дар ин замина андешаи машҳури Кант аҳаммияти махсус дорад: «Ҳеҷ гуна шартномаи сулҳ эътибор надорад, агар дар он пинҳонӣ асос барои ҷанги оянда нигоҳ дошта шуда бошад» [2, с. 5]. Ин андеша ба мо хотиррасон мекунад, ки сулҳи воқеӣ танҳо дар ҳолате пойдор мемонад, ки бар адолат, эътимод ва иродаи самимии тарафҳо асос ёбад. Маҳз ҳамин принсипҳо дар меҳвари ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» низ қарор доранд.
Аз таҳлили фалсафии масъала бармеояд, ки сулҳ яке аз арзишҳои бунёдии тамаддуни инсонӣ буда, шарти зарурии рушди устувори ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини амнияти байналмилалӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдидҳои фаромиллӣ сулҳ дигар танҳо ҳамчун масъалаи сиёсати хориҷӣ ё набудани низоъҳои мусаллаҳона маънидод намегардад. Он ба категорияи муҳими фалсафӣ, ахлоқӣ ва тамаддунӣ табдил ёфта, сатҳ ва сифати рушди ҷомеаи муосирро муайян месозад.
Таҳлили мероси фалсафии Шарқ ва Ғарб нишон медиҳад, ки новобаста аз гуногунии анъанаҳои фарҳангӣ, ҳамаи онҳо сулҳро бо арзишҳое чун адолат, ақлу хирад, масъулияти ахлоқӣ, ҳамкорӣ ва эҳтироми шаъну каромати инсон алоқаманд медонанд. Дар таълимоти Абӯнасри Форобӣ сулҳ заминаи бунёди ҷомеаи фозила аст, дар осори Абӯалӣ ибни Сино он бо масъулияти иҷтимоӣ ва камолоти инсон пайваст мебошад, Ҷалолиддини Балхӣ сулҳи ботиниро асоси сулҳи иҷтимоӣ медонад, Иммануил Кант бошад, сулҳи пойдорро натиҷаи волоияти ҳуқуқ, ақли амалӣ ва ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ мекунад. Ин умумияти арзишӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сулҳ яке аз арзишҳои фарогири тамаддуни башарӣ мебошад.
Дар ҳамин замина ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» дорои аҳаммияти назариявӣ ва амалии бузург мебошад. Моҳияти ин ташаббус дар он ифода меёбад, ки сулҳ ҳамчун заминаи рушди устувор, ҳамкории байналмилалӣ ва масъулияти муштараки давлатҳо нисбат ба наслҳои оянда маънидод мегардад. Аз ин нигоҳ, ташаббуси мазкур аз доираи манфиатҳои миллӣ фаротар рафта, ба таҳкими фарҳанги сулҳ ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷрибаи барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллиро аз сар гузаронидааст, имрӯз бо пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти сулҳ ва рушди устувор ҳамчун иштирокчии фаъоли дипломатияи бисёрҷониба баромад менамояд. Пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳпарваронаи давлат буда, бозгӯи мавқеи фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир мебошад.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки рисолати аслии тамаддуни муосир на танҳо дар офаридани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва иқтисодӣ, балки дар ҳифз ва таҳкими сулҳ ҳамчун арзиши олитарини башарӣ зоҳир мегардад. Танҳо дар фазои сулҳу субот инсон имкони рушди озодонаи зеҳнӣ, маънавӣ ва эҷодиро пайдо мекунад, ҷомеа ба пешрафти устувор ноил мегардад ва давлатҳо метавонанд дар асоси ҳамдигарэҳтиромӣ ва ҳамкории созанда масъалаҳои умумии инсониятро ҳал намоянд.
Аз ин рӯ, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» на танҳо як иқдоми сиёсиву дипломатӣ, балки саҳми назаррас дар рушди афкори муосири фалсафӣ оид ба фарҳанги сулҳ, масъулияти байнинаслӣ ва таҳкими арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Дар ин маъно сулҳ на натиҷаи рушди устувор, балки пеш аз ҳама шарти бунёдӣ ва омили муайянкунандаи он аст.
Адабиёти истифодашуда:
1. Абуалӣ ибни Сино. Китоб Аш-шифо (Илоҳиёт) [Матн]: арабӣ–форсӣ, / И.Сино; Таҳия ва тарҷумаи Иброҳими Додҷӯ. – Теҳрон, 1388. – (2010). С.344
2. Кант И. К вечному миру. https://www.civisbook.ru/files/File/Kant_K_vechnomu_miru.pdf
3. Мавзӯи ахлоқ дар «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ// https://medcollkulob.tj/2024/02
4. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Китоби чаҳорум. Теҳрон, 2001.С.396-403
5. Ризо Доварӣ. Фалсафаи мадании Форобӣ. –Теҳрон, 1354. –С.101
Н. СОДИҚӢ,
директори Маркази таълимии занон «Сарвар»