13.12.2025

 img

Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати роҳбари синф, такмили фаъолияти тарбиявӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор озмуни вилоятии «Роҳбари синфи сол» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд баргузор гардид.

 

Озмун тибқи талабот ва меъёрҳои тасдиқшуда аз рӯйи 5 бахш гузаронида шуда, дар он фаъолияти касбӣ, малакаи ташкилотчигӣ, кор бо хонандагону волидон, ташаккули тарбияи ахлоқию ватандӯстӣ ва саҳми роҳбарони синф дар ҳаёти ҷамъиятии мактаб мавриди арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифт.

 

Дар ҷамъбасти шартҳои ниҳоии озмун муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ва сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода иштирок намуданд. Зимни суханронӣ Ҷамшед Ҷӯразода оид ба мақоми омӯзгор дар ҷомеа, нақши калидии онҳо дар тарбияи насли наврас ва рушди ҷомеа ибрози назар карда, таъкид намуд, ки омӯзгорон, бахусус роҳбарони синф, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати хонандагон саҳми назаррас доранд.

 

Ҳамзамон зикр гардид, ки роҳбари синф ҳамчун пайвандгари асосии мактаб, оила ва ҷомеа масъулияти муҳимро ба уҳда дошта, фаъолияти пурсамари ӯ метавонад дар беҳтар гардидани муҳити тарбиявӣ ва таҳкими ҳамкории мактабу волидон нақши муассир бозад.

 

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ғолибон муайян гардида, қадрдонии онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо дар ҷаласаи навбатии раёсати маорифи вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.

  • СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ МУАЙЯН ШУДАНД img
  • СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ МУАЙЯН ШУДАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДУРАХШИ ДАСТАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ МАТЕМАТИКИИ АНГКОР–2025 14 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандсозии ғолибони Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMС–2025) баргузор гардид.   Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 1600 нафар хонанда аз 13 кишвари осиёӣ иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд. Дар миёни чунин рақобати шадиди байналмилалӣ дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои назаррас баромад карда, обрӯи илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.   Боиси ифтихор аст, ки дар Олимпиадаи мазкур хонандагони тоҷик дар умум 51 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора 14 медали тилло, 17 медали нуқра, 15 медали биринҷӣ мебошад, инчунин 5 нафар намояндаи навраси Тоҷикистон бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд. Ин дастовард далели равшани рушди маориф, дастгирии истеъдодҳо ва самаранокии сиёсати давлатии соҳаи илму маориф дар кишвар мебошад.   Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини сарвазир - вазири маориф, ҷавонон ва варзиши Шоҳигарии Камбоҷа доктор Хан Чуан Нарон аз сатҳи баланди омодагии иштирокдорон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Олимпиадаи Ангкор заминаи муҳими рушди тафаккури илмӣ ва рақобати солим дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.   Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадҷон Ғафорзода ширкат варзида, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба наврасону ҷавонони болаёқат таъкид намуд.   Дастоварди навбатии дастаи Тоҷикистон дар олимпиадаи AMС–2025 бозгӯи он аст, ки наврасони кишвар қодиранд дар майдонҳои байналмилалӣ бо хонандагони кишварҳои пешрафта рақобати шоиста намуда, парчами илми тоҷикро баланд бардоранд.

    49

    14.12.2025
  •  img
    Иштирок ва суханронӣ дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар Ашхобод 12 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки дар доираи “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, 2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд.   Дар оғози сухан Сарвари давлати мо ба роҳбарияти Туркманистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои роҳандозии ин ҳамоиши байналмилалии муҳим арзи сипос намуда, мардуми Туркманистонро бо 30-солагии бетарафии доимии кишвар табрику таҳниат гуфтанд.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз рӯбарӯшавии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рақобати печидаи геосиёсӣ ва заиф шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки болоравии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир боиси коҳиши суръати пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мегардад.   Таъкид гардид, ки “сулҳ ва эътимод дар пешбурди муносибатҳои байналмилалӣ, коҳиш додани таҳдиду хатарҳо, муҳайёсозии шароити муносиб барои ҳамкорӣ ва рушди устувор дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳимтарин мебозанд”.   Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу эътимод имкон медиҳанд, ки мушкилоти печидаи ҷаҳони имрӯза дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак ҳалли худро пайдо намоянд.   Дар ин робита таъкид гардид, ки паёмадҳои нохуши хатарҳои экологӣ, ба мисли тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, олудашавии муҳити зист ва дигар мушкилот низ тадбирҳои муштараку ҳамбастаи ҷомеаи ҷаҳониро талаб менамояд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз равандҳои ҷаҳонии Душанбе доир ба об ва муқовимат ба терроризм ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ пайваста саҳми муносиби худро мегузорад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон аз ҳамаи ташаббусҳо доир ба таҳкими сулҳу амонӣ дар ҷаҳон пайваста пуштибонӣ менамояд”.   Дар ин робита аз пешниҳоди порсолаи Тоҷикистон ба СММ доир ба эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ дар ҷаҳон барои наслҳои оянда” бори дигар ёдоварӣ карда шуд.   Дар хулосаи сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “тантанаи сулҳ”-ро “гарави таъмини адолат, баробарӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон” номида, изҳор доштанд, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин арзиши воло бояд бо такя ба эътимод, гуфтугӯ ва ҳамкорӣ муносибати эҳтиёткорона дошта бошад”.   Таъкид гардид, ки Тоҷикистон минбаъд низ омода аст, бо истифода аз анъанаҳои мақбули дипломатӣ, гуфтугӯи васеи созанда ва дигар воситаҳои сулҳомез дар таъмини амну субот ва рушди устувор саҳми намоёни худро гузорад.

    97

    12.12.2025
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ СИТОДИ ОНЛАЙНӢ 12 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди онлайнӣ оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзгорон баргузор гардид.   Ҷаласа таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода баргузор гардида, дар кори он роҳбарон ва намояндагони раёсату шуъбаҳо ва муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқӣ ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд.   Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки соҳаи маориф дар кишвар дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди рӯзафзун дошта, дар ин росто мо кормандони соҳаро мебояд саъю талоши худро ҷиҳати таъмини сифати таълим бештар намоем. Таъкид шуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва барномаҳои стратегии Ҳукумати кишвар омили асосии дастёбӣ ба пешрафт дар соҳаи маориф буда, зарур аст, ки ҳар яки мо бо масъулияти баланд барои амалӣ шудани ҳадафҳои миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем.   Сипас, ректори Донишкадаи ҷумиҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Н. Мирзозода оид ба фарогирии шунавандагон ба курси такмили ихтисос аз рӯйи низоми такмили ихтисоси 3-сола дар соли 2025 маълумот дод.   Дар идома ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан доир ба вазъи таҳсилоти томактабӣ ва ҷараёни ҷалб намудани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ шунида шуд.   Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, таъсиси марказҳои рушди кӯдакон дар маҳалҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва таҳкими корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, муҳокима гардиданд.   Ҷаласа бо таҳлилу баррасии самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф ҷамъбаст гардида, барои амалисозии муваффақонаи ҳадафҳои гузошташуда ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    16

    12.12.2025