21.05.2026

 img

21 майи соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагон, донишҷўёну кормандон ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ аз рўи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин барои дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид.

 

Дар оғоз, муовини Раиси ноҳия З.Зуҳурзод зикр намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ин иқдоми арзандаи Пешвои муаззами миллат ба мактаби воқеии ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, эҷод, таҳқиқи илмҳои дақиқ ва малакаи ихтироъкориву навоварӣ имконоти мусоидро фароҳам оварда, дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми арзандаро сазовор гаштааст.

 

Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамчун як ташаббуси созанда дар баланд бардоштани шавқи таҳқиқотӣ ва илмомӯзии наврасону ҷавонон нақши муҳим бозида, ҳамасола шумораи бештари иштирокчиёнро фаро мегирад.

 

Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои физика ва астрономия, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, математика, география, химия ва биология зиёда аз 1860 нафар довталаб байни ҳам рақобат менамоянд.

  • ШОҲМАНСУР: ОҒОЗИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» img
  • ШОҲМАНСУР: ОҒОЗИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» img
  • ШОҲМАНСУР: ОҒОЗИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ” БАРГУЗОР ГАРДИД Бо иқдоми шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ” бо иштироки муовини сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 5 даста аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид.   Сипас, озмун аз рӯи 4 шарт: 1.Донишмандони Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (кор бо тест, 8 савол); 2. Танзимгари наврас (1 нафар иштирокчӣ ба 10 савол ҷавоб пешниҳод менамояд); 3. Чархи амонӣ (аз даста 4 нафар (2 писар ва 2 духтар) иштирок менамояд); 4 Азназаргузаронии сафороӣ (даста, ки аз 10 нафар иштирокчӣ иборат аст, иштирок менамояд) гузаронида шуд.   Дар ҷамъбаст бо баст овардани холи аз ҳама зиёд дастаи Муассисаи тащсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи якум, дастаи Муассисаи итащсилоти миёнаи умумии №19 сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ гардиданд.   Ҳамзамон, аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе барои ҳамкории судманд дар тарғибу ташвиқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар байни кӯдакону наврасон, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо ва дар ин замина дар баргузории даври шаҳрии Озмуни "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" ва Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе" барои саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории даври шаҳрии Озмуни "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" Сипоснома супорида шуд.

    36

    21.05.2026
  •  img
    АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ФАРЗАНДОНИ ФИДОИИ МИЛЛАТ 21 майи соли 2026 роҳбарият, ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо мақсади эҳтиром ва гиромидошти хизматҳои фарзандони содиқи миллат ба Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ҳозир шуданд.   Дар ҷараёни ин боздиди маънавӣ иштирокдорон аз оромгоҳҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин шахсияти маъруфи таъриху фарҳанги миллӣ Нисор Муҳаммад дидан намуда, ба рӯҳи поки онҳо арҷ ва гулчанбар гузошта, дуои хайр карданд.   Ин тадбири фарҳангиву тарбиявӣ дар руҳияи сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ватансозонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, барои таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи давлатдории тоҷикон аҳаммияти муҳим дорад.   Зикр шуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки ин фарзандони номдори миллат ба Тоҷикистон оварда шуда, номи онҳо ҳамчун муборизони роҳи истиқлол, озодӣ ва давлатдории миллӣ гиромӣ дошта мешавад.   Ҳамзамон, дар рафти маросим хотираи неки дигар намояндагони шинохтаи илму фарҳанг ва адабиёти тоҷик низ пос дошта шуд.

    38

    21.05.2026
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРӢ БО НАШРИЁТИ ДОНИШГОҲИ КЕМБРИҶ ВА МАРКАЗИ АРЗЁБӢ Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии маориф (Education World Forum 2026), ки дар шаҳри Лондон баргузор гардида истодааст, мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо намояндагони бо намояндагони Нашриёти Донишгоҳи Кембриҷ ва Маркази арзёбӣ (Cambridge University Press & Assessment) доир гардид.   Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди омӯзиши забони англисӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии арзёбӣ дар муассисаҳои таълимии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, омодасозии омӯзгорон ва татбиқи усулҳои муосири баҳодиҳӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо иброз намуданд.   Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои ташаккули низоми таҳсилоти рақобатпазир, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагону донишҷӯён ва мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи ҷаҳони муосир заминаи мусоид фароҳам оварад.   Инчунин, ҷонибҳо аҳаммияти истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арзёбии сатҳи донишро муҳим арзёбӣ намуда, изҳори умед карданд, ки ҳамкориҳои минбаъда ба рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшанд.

    51

    21.05.2026