01.09.2026

 img

31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ба баъд 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад.

 

Қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад.

 

Интихоби 31 август аҳаммияти таърихӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955, пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда буд.

 

Эълон гардидани ин Рӯзи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ, табодули таҷриба ва рушди бехатару масъулонаи зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Ин ташаббус саҳми муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ буда, мавқеи фаъоли кишварро дар истифодаи технологияҳои навин ба манфиати рушди устувор ва некӯаҳволии инсоният инъикос менамояд.

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 1 сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд.   Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир гардид.   Пеш аз ҳама, аз суръати сохтмони Маркази рушди кӯдакони болаёқат ва бинои нави театри драмавии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори қаноат карда шуд.   Масоили вобаста ба рушди тиҷорат, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкори энергетикӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.   Таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.   Табодули андеша, ҳамчунин атрофи масоили алоҳидаи  вазъият дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.

    16

    02.09.2026
  •  img
    Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.   Дар мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин, робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчуби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.   Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки робитаҳои мардумони ду кишвар решаҳои куҳани таърихӣ ва тамаддуниву фарҳангӣ доранд.   Ба масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетиĸа, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Рушди ҳамĸории фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.   Авзоъ дар Ховари Миёна ва атрофи Эрон бо тамаркуз ба роҳҳои ҳалли сиёсии низоъҳои минтақа дар маркази таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор дошт.   Табодули афкор, ҳамчунин доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, сурат гирифт.

    31

    01.09.2026
  •  img
    Иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои кӯчманчиён 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар маросими ифтитоҳи тантанавии бозиҳои 6-уми ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд.   Бозиҳои кӯчманчиён дар варзишгоҳи Бишкек Аренаи Ҷумҳурии Қирғизистон аз 31 август то 6 сентябр идома меёбад.   Он ба рӯзи истиқлолияти ин кишвар ва ҳамоиши ҷашнии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рост омад.   Ба иштирокдорони чорабинӣ намоиши театрикунонидашудаи инъикосгари таъриху анъанаҳои ин бозӣ пешкаш карда шуд.   Дар ин зимн Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор давлатҳои аъзои СҲШ ва дигар сарони ҳукуматҳо, аз ҷумла бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф,  дидору суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

    12

    01.09.2026