14.09.2026
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди сиёсиву таърихии миллати тоҷик дар даврони навин мебошад. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ, балки оғози эҳёи арзишҳои миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва худмуайянкунии сиёсӣ гардид. Агар ба таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик назар афканем, равшан мегардад, ки ормони соҳибдавлатӣ ва озодӣ ҳамеша дар қалби фарзандони ин миллат зинда буд. Аз ҳамин рӯ, соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 танҳо як воқеаи сиёсӣ набуда, балки амалӣ шудани ормони таърихии наслҳои зиёди тоҷикон ба шумор меравад.
Таҷрибаи таърихии инсоният собит намудааст, ки озодӣ ва истиқлол ба осонӣ ба даст намеоянд. Дар ҳар давру замон халқҳои гуногун барои соҳиб шудан ба ҳуқуқи худмуайянкунӣ, ҳифзи фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ мубориза бурда, дар ин роҳ қурбониҳои зиёд додаанд. Миллати тоҷик низ чунин роҳи пурмашаққатро паси сар кардааст. Аз ин рӯ, Истиқлоли давлатӣ барои мо на танҳо рамзи соҳибихтиёрии давлат, балки арзиши муқаддасест, ки ҳифзу таҳкими он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба давраи ниҳоят ҳассоси таърихи ҷаҳон рост омад. Дар оғози солҳои навадум низоми сиёсии ҷаҳон тағйир ёфта, Иттиҳоди Шуравӣ аз ҳам пошид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатҳои мустақили нав ба вуҷуд омаданд. Тоҷикистон низ дар ин марҳила роҳи мустақили рушди худро интихоб кард. Аммо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвари мо хеле вазнин буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва фаъолияти неруҳои ифротӣ ба ҳастии давлат ва сарнавишти миллат хатари воқеӣ эҷод намуданд. Дар он рӯзҳои душвор масъалаи асосӣ на рушди иқтисодӣ, балки ҳифзи давлатдорӣ, тамомияти арзӣ ва наҷоти миллат буд. Агар бештари давлатҳои навтаъсиси собиқ Шуравӣ роҳи рушдро пеша карда бошанд, Тоҷикистон баҳри бақо мубориза мебурд.
Маҳз имрӯз, таърих бо итминон шаҳодат медиҳад, ки интихоби роҳи сулҳу ваҳдат ягона роҳи дуруст буд. Иҷлосияи тақдирсозу таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи тоҷик оғози марҳилаи нави давлатдорӣ гардид. Дар ин иҷлосия асосҳои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, эҳёи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини суботи сиёсӣ гузошта шуданд. Баъдан, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои муттаҳид сохтани ҷомеа, бозгашти гурезаҳо, эҳёи иқтисод ва рушди давлат заминаи мусоид фароҳам овард.
Имрӯз, баъди 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳилаи душвори эҳё ва таҳкими давлатдориро паси сар намуда, ба давраи рушди устувор ворид гардид. Дар саросари мамлакат роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, иншооти фарҳангиву варзишӣ ва ҳазорон иншооти иҷтимоӣ бунёд гардидаанд. Иқтисоди миллӣ тадриҷан рушд карда, имконоти нави истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи давлати соҳибистиқлол мебошанд.
Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир арзиши Истиқлоли давлатӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Рақобатҳои геополитикӣ, низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, кибертаҳдидҳо ва тағйирёбии иқлим нишон медиҳанд, ки ҳифзи соҳибихтиёрии давлат танҳо бо доштани сарҳади давлатӣ маҳдуд намешавад. Имрӯз истиқлол, ҳамзамон, маънои доштани иқтисоди устувор, ҷомеаи муттаҳид, волоияти қонун, амнияти миллӣ ва шаҳрвандони дорои ҳисси баланди ватандӯстиро дорад.
Аз ин лиҳоз, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ танҳо як анъанаи идона нест. Ин фурсати муносибест барои арҷгузорӣ ба таърих, ёдоварӣ аз роҳи тайшуда, қадршиносии сулҳу оромӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ.
Миллате, ки гузаштаи худро пос медорад ва аз сабақҳои таърих хулосаи дуруст мебарорад, метавонад ояндаи худро бо итминон бунёд намояд. Дар ҳамин замина, бозгардонидани хоки фарзандони барӯманди миллат - Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба Ватан низ ҳамчун як иқдоми муҳимми таърихӣ ва нишонаи эҳтиром ба хотираи шахсиятҳое арзёбӣ мешавад, ки дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Ин иқдом, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, аҳаммияти бузурги маънавӣ дошта, ба хотири ҳифзи хотираи таърихӣ ва ба насли имрӯз расонидани сабақҳои роҳи пурпечутоби расидан ба истиқлол анҷом дода шуд.
Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ давлат ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Дар ин давра ҳазорон муассисаи таълимӣ, томактабӣ ва тандурустӣ бунёд ва таҷдид гардида, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва хидматрасонии тиббӣ тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, сохтмони мактабҳои муосир ва муассисаҳои таълимии насли нав ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми рушди маориф ба орзуи деринаи бисёр наслҳо табдил ёфта, имрӯз ба воқеияти созанда мубаддал гардидааст.
Эҷоди чунин шароити мусоид дар соҳаи маориф бозгӯи он аст, ки сармоягузорӣ ба дониш ва тарбияи инсон ҳамчун заминаи асосии пешрафти устувори кишвар эътироф мешавад. Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ нишон медиҳад, ки сармоягузорӣ ба инсон ҳамчун арзиши асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф гардидааст.
Рушди ҷомеаи муосир бе истифодаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия имконнопазир аст. Аз ин рӯ, солҳои охир дар Тоҷикистон ба рақамикунонии хидматрасониҳои давлатӣ, густариши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин раванд на танҳо ба баланд гардидани самаранокии идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд, балки барои рушди соҳибкорӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба хидматрасониҳои давлатӣ низ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Дар баробари дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, яке аз муҳимтарин натиҷаҳои истиқлол ташаккули тафаккури нави давлатдорӣ мебошад. Имрӯз эҳсоси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва таърихи миллат дар ҷомеа ба маротиб тақвият ёфтааст. Маҳз ҳамин арзишҳо пояҳои маънавии истиқлолро ташкил дода, ҷомеаро дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ муттаҳид месозанд.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас ҷаҳони муосир дар назди давлатҳои соҳибистиқлол вазифаҳои нав мегузорад. Тағйирёбии вазъи геополитикӣ, рушди босуръати технологияҳо, таҳдидҳои амниятӣ, мушкилоти экологӣ ва тағйирёбии иқлим тақозо менамоянд, ки давлат ҳамеша омодаи посух ба ин чолишҳо бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарназардошти ин воқеиятҳо татбиқи стратегияҳои миллӣ, таҳкими иқтидори иқтисодӣ, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишварро ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст.
Таҷрибаи 35 соли соҳибистиқлолӣ ба таври возеҳ собит месозад, ки бузургтарин дастоварди Тоҷикистон танҳо бунёди иншооти азим ё рушди иқтисодӣ нест. Дастоварди асосӣ ҳифзи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати ҷомеа ва фароҳам овардани шароите мебошад, ки ҳар шаҳрванди кишвар тавонад дар фазои ором меҳнат кунад, таҳсил намояд ва барои ободии Ватани худ саҳм гузорад. Маҳз ҳамин арзишҳо пояҳои воқеии Истиқлоли давлатиро ташкил медиҳанд ва рушди устувори Тоҷикистонро дар оянда низ таъмин хоҳанд кард.
Дар марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии фаъол ва ташаббускорро идома дода, дар ҳалли масъалаҳои муҳимми глобалӣ саҳми худро мегузорад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки ба ҳифзи манфиатҳои умумибашарӣ равона шудаанд, имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамчун намунаи муносибати масъулона ба масъалаҳои рушди устувор эътироф мегарданд.
Ташаббуси нави байналмилалии Сарвари давлат «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» низ идомаи сиёсати сулҳпарварона мебошад, ки ҳадафи он пешгирии низоъҳо ва ташаккули тафаккури нави инсондӯстона дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар фалсафаи муосир мафҳуми масъулияти байнинаслӣ яке аз арзишҳои меҳварӣ ба шумор меравад. Ҳар як насл меросбарони гузашта, соҳибони замони ҳол ва амонатдорони фардои башарият мебошанд. Ҷангҳо на танҳо ҳаёти имрӯзаро аз байн мебаранд, балки имконоти рушди наслҳои баъдиро маҳдуд месозанд. Баръакс, сулҳ барои рушди илм, маориф, фарҳанг, иқтисод ва тарбияи инсони комил замина фароҳам меорад. Аз ҳамин рӯ, «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» танҳо як барномаи сиёсӣ нест, он даъват ба эҳсоси масъулияти ахлоқӣ барои тамоми инсоният мебошад. Ҳамин аст, ки ташаббуси Тоҷикистон сулҳро аз сатҳи як ормони сиёсӣ ба сатҳи як арзиши умумибашарӣ боло мебарад.
Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ бори дигар собит намуд, ки омили асосии пойдории давлат ва пешрафти ҷомеа, пеш аз ҳама, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳеҷ як дастоварди бузург бе оромии ҷомеа, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидии мардум имконпазир нест. Маҳз фазои сулҳу ваҳдат ба мардуми Тоҷикистон имкон дод, ки неруи созандаи худро ба ободии Ватан, рушди иқтисод ва таҳкими давлатдории миллӣ равона созанд.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони зудтағйирёбанда ҳифзи истиқлол ва таҳкими давлатдорӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баландро талаб менамояд. Насли ҷавон, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ба камол мерасад, бояд арзиши истиқлолро амиқ дарк намоянд. Зеро онҳо ояндаи давлат ва идомадиҳандаи роҳи созандагии миллат мебошанд. Донишандӯзӣ, аз худ намудани касбу ихтисосҳои муосир, эҳтироми таърих ва фарҳанги миллӣ, истифодаи самараноки имконоти фароҳамшуда вазифаи муҳимми ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо такя ба арзишҳои миллӣ ва имконоти дохилии худ роҳи рушди хосси давлатдориро интихоб намуд. Ин роҳ нишон медиҳад, ки ҳар давлат бо дарназардошти таърих, фарҳанг ва манфиатҳои миллии худ метавонад, модели рушди мувофиқро ташаккул диҳад. Муҳим он аст, ки ин раванд дар заминаи сулҳу субот, волоияти қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ амалӣ гардад.
Истиқлол барои ҳар миллат рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва масъулият аст. Онро ҳамеша ҳифзу эҳтиром кард ва тақвият бояд бахшид. Миллате, ки истиқлоли худро қадр мекунад, таърихи худро меомӯзад ва барои ояндаи худ талош менамояд, метавонад, ҷойгоҳи шоистаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин созад.
Имрӯз, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди кишвар бо эҳсоси ифтихор метавонад, ба роҳи тайшуда назар афканад. Ин роҳ роҳи эҳёи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдат, рушди созандагӣ ва бунёди ояндаи боз ҳам дурахшони миллат мебошад.
Насиба НУРУЛЛОЗОДА,
директори Маркази таълимии занон “Сарвар”,
доктори илми фалсафа