26.11.2025
26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар истиқбол гирифтанд.
Ҳамчунин, ба хотири пазироии самимии меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҳунари кишвари дӯст барномаи дилнишини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.
Хабарҳои дигар
-
Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мунтазам рушд меёбад. Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мисли терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромарзии вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ зоҳир гардид. Зарурати густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои башарӣ таъкид гардид. Ҳамчунин, доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
10
27.11.2025 -
Иштирок ва суханронӣ дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) 27 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои муҳайёсозии шароити хуби ҳамоиш арзи сипос намуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Зимнан зикр гардид, ки СААД дар низоми амнияти минтақавӣ нақши муҳим бозида, кафили амну субот ва тақвияти имкониятҳои мудофиавии кишварҳои минтақа мебошад. “Тоҷикистон, ки дар сафи пеши самти ҷанубии мудофиаи дастҷамъӣ қарор дорад, ба талошҳо барои тақвияти субот ва таъмини амният дар минтақаи масъулияти Созмон дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи доимӣ дорад”, - таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлати Тоҷикистон авзои байналмилалиро “мураккабу душвор пешгӯишаванда” арзёбӣ намуда, аз тадбирҳои муштараки рӯзномаи нишасти Шурои амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла санадҳои барои қабул пешниҳодшуда, пуштибонӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Тоҷикистон қабули Нақшаи рушди ҳамкории ҳарбии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026-2030-ро дастгирӣ менамояд. Қабули қарор дар бораи тасдиқи Стратегияи зиддимухаддаротии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026-2030 низ аз ҷониби Сарвари давлати мо дастгирӣ ёфт. Зимнан дарёфти роҳҳои ҳамкорӣ миёни СААД ва Маркази зиддимухаддаротии Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе таъсис меёбад, ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки қаблан қабул шуда буд, бо арзи сипос ёдовар шуда, ҳамзамон изҳори умед намуданд, ки татбиқи самарабахши он таъмин хоҳад шуд. Президенти кишвари мо аҳамияти таъсиси Маркази аксуламалҳои башардӯстонаи СААД дар Тоҷикистонро таъкид намуда, изҳори бовар намуданд, ки ин масъала аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ хоҳад ёфт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза чун терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Дар ин робита Сарвари давлати мо бо ёдоварӣ аз истифодаи фазои маҷозӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, аз ҷониби сохторҳои террористию ифротӣ, бар зарурати табодули маълумоти фаврӣ ва идораи ин хатарҳо бо технологияҳои нави рақамӣ таъкид намуданд. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки қарорҳои дар ин ҳамоиш қабулшаванда ба таҳким ва рушди ҳамкории минбаъдаи кишварҳои аъзои созмон мусоидати фаъол хоҳад намуд. Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД як зумра санадҳои нави муҳим ба имзо расид.
13
27.11.2025 -
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 27 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини якум ва муовини вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Нахуст, вазири маориф ва илм ҳозиринро ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Мавсуф иброз дошт, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилот анҷом ёфта истодааст. Сипас, гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода доир ба «Вазъи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода оид ба «Вазъи қабул дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ», Низомномаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи роҳбарӣ (мушовирӣ) ба корҳои илмӣ-рисолаҳои унвонҷӯён, аспирантон ва докторантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ У. Ҳасанзода оид ба «Ҳолати таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ», сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ш. Саъдуллозода оид ба «Натиҷаи ҳозиршавии мутахассисони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли 2025», мушовири вазири маориф ва илм И. Аминов оид ба «Лоиҳаи Нақшаи кори Вазорати маориф ва илм», сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм Н. Убайдуллозода оид ба «Тасдиқи шаклҳои ҳисоботи омории зинаҳои таҳсилоти томактабӣ» ва директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо М. Ғаффорзода оид ба «Тасдиқи Низомномаи Олимпиадаи зуҳни сунъӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Зикр гардид, ки масъалаҳои баррасишуда, аз ҷумлаи самтҳои муҳим дар рушди соҳаи маориф маҳсуб ёфта, татбиқи пайгиронаи онҳо ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими робитаи зинаҳои таҳсил, боло бурдани сатҳи омодагии кадрҳои ҷавон ва мусоидат ба ташаккули насли босаводу эҷодкор равона гардидааст. Раиси ҷаласа таъкид намуд, ки рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ, такмили низоми қабули донишҷӯён, таъмин бо китобҳои дарсӣ, дастгирии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ва тақвияти иқтидори зеҳнии хонандагон аз самтҳои муҳимми фаъолияти Вазорати маориф ва илм ба шумор мераванд. Вазир таъкид дошт, ки амалисозии босамари ин равандҳо имконият медиҳад, то сифати таҳсилот боз ҳам баланд гардида, ҳамкориҳои муассисаҳои таълимӣ тақвият ёфта, замина барои тарбияи кадрҳои соҳибистеъдод фароҳам ояд. Ҳамчунин, дар идома гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ оид ба таҳия, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ ва тағйиру иловаҳо ба қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои иловагӣ шунида шуд. Дар фарҷом, вазири маориф ва илм бо таъкид ба боло бурдани сифати таҳсилот, иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва дастгирии ташаббусҳои эҷодии кӯдакону наврасон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
41
27.11.2025