15.10.2026
15 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ташаккули низоми мактаб, илм ва маорифи кишвар» баргузор гардид.
Дар конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори филиали Институти иҷтимоию технологии Бошқирдистони Федератсияи Россия Танзила Нигматуллина Алтафовна, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, собиқадорони донишгоҳ ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода ба аҳаммияти таърихии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ташаккул ва рушди низоми маорифи миллӣ, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва пешрафти илму фарҳанги кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи маориф ва илм, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор мераванд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ нақши муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгориро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.
Ба таъкиди вазир, имрӯз баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илм, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
Зикр гардид, ки сифати таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва рушди неруи зеҳнии кишвар аз дониш, маҳорати касбӣ, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти омӯзгор вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, омода намудани омӯзгори соҳибмаърифат, навовар, дорои тафаккури таҳлилӣ ва ҳисси баланди масъулият яке аз вазифаҳои муҳимтарини таҳсилоти олии омӯзгорӣ мебошад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки омӯзгори муосир бояд на танҳо соҳиби дониши амиқи касбӣ бошад, балки пайваста маҳорати худро такмил дода, аз имкониятҳои технологияҳои рақамӣ самаранок истифода барад ва дар шогирдон шавқи омӯзиш, қобилияти мустақилона андешидан, таҳқиқ кардан ва эҷод намуданро ташаккул диҳад. Дар ин раванд, тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба забон ва фарҳанги тоҷик ва ташаккули ҷаҳонбинии солим низ аҳаммияти хосса доранд.
Вазири маориф ва илм ҳамчунин ба зарурати мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба талаботи замони муосир, бахусус дар шароити рушди босуръати илму технология ва густариши имкониятҳои ҳуши маснуӣ, ишора намуд. Ба таъкиди ӯ, дар баробари додани донишҳои соҳавӣ, дар донишҷӯён бояд қобилияти таҳлилу арзёбии иттилоот, тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ ва истифодаи огоҳонаю масъулонаи технологияҳои нав ташаккул дода шавад.
Дар идомаи конференсия масъалаҳои марбут ба таърихи ташаккул ва рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, саҳми он дар бунёд ва такмили низоми маорифи миллӣ, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ, рушди илм ва тарбияи насли наврас мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки донишгоҳи мазкур, ки соли 1931 таъсис ёфтааст, дар тӯли фаъолияти худ дар омода намудани омӯзгорони соҳибкасб, рушди илму фарҳанги миллӣ ва ташаккули неруи зеҳнии ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Ин боргоҳи илму маърифат дар давраҳои гуногуни таърихи кишвар дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва таҳкими пояҳои низоми маорифи миллӣ нақши муҳим бозидааст.
Дар идомаи чорабинӣ роҳбарони мақомоти давлатӣ, намояндагони соҳаи маориф ва илм, олимону муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохилию хориҷӣ доир ба аҳаммияти таърихии донишгоҳ, дастовардҳои он ва дурнамои рушди таҳсилоти омӯзгорӣ андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон, ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмию таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, аҳаммияти густариши робитаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, табодули таҷриба ва истифодаи имкониятҳои муштараки илмӣ таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми конференсия барномаи фарҳангии аҳли ҳунари донишгоҳ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.
Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар заминаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор барои гиромидошти мақому манзалати омӯзгор, арҷгузорӣ ба заҳматҳои аҳли маориф, баррасии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи илму маориф ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди низоми таҳсилоти миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.