08.07.2025

 img

8 июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 

Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.

 

Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.

 

Ҳамчунин, баҳри пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр аз ҷониби ҷавонон ва аҳли ҳунар як барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ таҳия ва пешкаш карда шуд.

 

Зимни суҳбати кӯтоҳи дар толори фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат доир ба барномаи сафари давлатии Садир Жапаров ба Тоҷикистон табодули назар намуда, аз ҷумла изҳори бовар намуданд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя саҳифаҳои нав боз мекунад.

 

Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз 8 то 9 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ дар назар аст.

  • Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон img
  • Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон img
  • Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон img
  • Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон img
  • Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи “Дӯстии абадӣ” 8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид.   Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок намуданд.   Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.   Консерти ҷаззоби “Дӯстии абадӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.   https://president.tj/event/news/51785

    39

    09.07.2025
  •  img
    ПИРӮЗИИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «АРХИМЕД» Дар шаҳри Тошканд маросими бошукӯҳи қадрдонии ғолибони Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.   Хонандагони боистеъдоди тоҷик сазовори шумораи умумии 63 медал шуданд, ки аз инҳо 6 медали тило, 20 медали нуқра ва 37 биринҷӣ нуқра мебошанд.   Ин дастовард нишондиҳандаи омодагии ҳамаҷониба ва сатҳи баланди дониши хонандагони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ғолибон ва аъзоёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон тавонистанд, ки маҳорат ва истеъдоди худро ба намоиш гузоранд ва парчами Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфузи илмӣ парафшон созанд.

    68

    07.07.2025
  •  img
    ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев тақсимоти хатмкунандагони равияи омузгорӣ, ки тибқи квотаи президентӣ ва тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид. Дар тақсимот раёсати донишгоҳ, сардори раёсати маорифи ВМКБ, мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.   Қайд гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ин қишри ҷомеаро ояндаи миллат номидаанд. Солҳои охир шароит барои омӯзгорони ҷавон дар кишвар муҳайё гардидааст.    Аз ин рӯ, сари вақт ҳозир шудани мутахассиони ҷавон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд таъмин карда шавад. Ҳадафи асосии ин раванд таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони ҷавони дорои дониш ва малакаҳои муосир мебошад.

    42

    07.07.2025