03.08.2026
3 августи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии директори Шуъбаи сиёсати мактабии раёсати мазкур Ҷунг Ҷонг - Пил баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот муовини якуми вазири маориф ва илм меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки сафари ҳайати Ҷумҳурии Корея ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳои амалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти рақамӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Корея таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи маориф ва илм дар доираи санадҳои байниҳукуматӣ, ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Корея ва санадҳои мустақими ҳамкорӣ байни мақомоти маориф ва муассисаҳои таълимии ду кишвар пайваста густариш меёбад.
Қайд карда шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон омӯзиши забон ва фарҳанги кореягӣ ба роҳ монда шуда, робитаҳои мустақим бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея, табодули академӣ, омодасозии мутахассисон ва иштирок дар барномаҳои таҳсилӣ тадриҷан рушд менамоянд.
Ҷонибҳо ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонгро муҳим арзёбӣ намуда, нақши Ёддошти тафоҳуми байни ҷонибҳо ва барномаи KLIC - ро дар рушди таҳсилоти рақамӣ таъкид карданд.
Гуфта шуд, ки сафари ҳайати Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонг ба шаҳри Душанбе дар доираи марҳилаи дуюми татбиқи барномаи KLIC сурат гирифта, ҳадафи он баланд бардоштани салоҳиятҳои рақамии омӯзгорони тоҷик, арзёбии натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ мебошад.
Дар марҳилаи якуми барнома, ки соли 2025 амалӣ гардид, ба панҷ муассисаи таълимӣ таҷҳизоти рақамӣ пешниҳод шуда, омӯзгорони тоҷик дар омӯзишҳо иштирок намуда, бо усулҳои муосири истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим шинос гардиданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба таъсис ва рушди платформаҳои рақамӣ, идомаи омӯзишҳои амалӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва саводнокии рақамӣ, таҳияи маводи муштараки таълимӣ ва дастурҳои методӣ барои омӯзгорон табодули назар намуданд.
Инчунин, масъалаҳои фарогирии муассисаҳои таълимии минтақаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаҳои минбаъдаи барномаи KLIC ва роҳандозии барномаҳои муштараки такмили ихтисосу бозомӯзии омӯзгорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот саҳми Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонг ва омӯзгорони пешсафи Ҷумҳурии Корея дар ташкили омӯзишҳо, пешниҳоди таҷрибаи пешқадам ва дастгирии омӯзгорони тоҷик баланд арзёбӣ шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд изҳор намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон