10.10.2024

 img

10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд.

 

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот оид ба қабули санади муҳиму тақдирсоз – Конститутсия ва нақши он дар рушди парламентаризми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

 

Пешвои миллат қабули Конститутсияро яке аз қадамҳои аввалин ва устувори ҷомеаи мо дар роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номиданд.

 

Зикр гардид, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият кишвари мо бо мушкилоти азими сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд.

 

“Дар чунин шароити мураккаб иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки роҳбарияти нави кишварро интихоб намуд, ба ваҳдати миллӣ асос гузошта, роҳро ба сӯи ҳаёти осоишта, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва қонуният дар кишвари мо боз намуд”, - таъкид намуданд Сарвари давлат.

 

Таъкид гардид, ки Конститутсияи нави аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда, Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ кард.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсияи навро дар барпосозӣ ва рушди низоми комилан нави парламентаризми миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

 

Гуфта шуд, ки Парлумони Тоҷикистон ба ҳамаи талаботи парламентаризми байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар арсаи байналмилалӣ фаъолона баромад мекунад ва пайваста робитаҳоро бо парлумонҳои кишварҳои дигар мустаҳкам менамояд.  

 

Ба иштирокдорони мулоқот муроҷиат карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “кишварҳои шумо низ дар сафи шарикони наздик, боэътимод ва боварибахши мо қарор доранд”. 

 

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкории кишварҳо, аз қабили робитаҳои башарӣ, дар асоси умумияти фарҳангиву таърихӣ андешаронӣ намуданд.

 

Таъкид карда шуд, ки мақомоти қонунгузори кишварҳои мо метавонанд барои инкишофи созандаи ин раванд мусоидати ҷиддӣ намоянд.

 

Сарвари давлат иброз доштанд, ки тавассути гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 80 парлумони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии парлумонӣ робита барқарор намуда, онҳоро рушд дода истодааст.

 

Аснои суханронӣ ба ҳамкории парлумонҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

 

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишвар ҳамкории зичро барои ҳифзу таҳкими сулҳу субот ва таъмини некуаҳволии мардумони кишварҳои мо зарур шумурданд.

 

Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки чорабиниҳои имрӯза барои муайян кардани уфуқҳои нави шарикии васеи кишварҳо хидмат хоҳад намуд.

  • Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Субҳи 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ,  ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот  бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд  ташриф оварданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд  ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

    4

    01.11.2026
  •  img
    Ифтитоҳи корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ Сирдарё дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.   Дар корхона 5 хатти технологӣ насб гардида, зарфҳои пластикӣ ва афшураҳои мевагию обҳои ташнагишикан истеҳсол мешавад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарё аз ҷониби бародарони соҳибкор Каримзодаҳо бунёд гардида, 85 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.   Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 240 тонна афшура ва 400 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнагишикан мебошад.   Гуфта шуд, ки афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир дар истеҳсолот имкон медиҳад, ки самараи меҳнати кишоварзон саривақт коркарду бастабандӣ, талафёбии меваю сабзавот дар саҳро пешгирӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ афзоиш ёбад ва имкониятҳои содиротӣ васеъ гардад.   Иттилоъ дода шуд, ки технологияи аз кишварҳои пешрафта воридшуда имкон медиҳад маҳсулот тибқи талабот коркард ва аз самараи меҳнати деҳқонон маҳсулоти саноатии табиӣ истеҳсол карда шавад.    Таъкид гардид, ки бунёди корхонаи коркарди меваю сабзавот дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръат намунаи гузариш аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ ба шумор меравад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ва сохторҳои марбутаи соҳаро ба истифодаи пурраи имкониятҳои технологӣ, ҷамъоварию коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои байналмилалӣ ҷалб намуданд.    Зикр шуд, ки танҳо дар 5 соли охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 74 корхонаи саноатӣ бо тақрибан 900 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

    2

    01.11.2026
  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодом 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд як иншооти муҳими хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодомро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.   Нахуст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази савдо ва хизматрасонии Суғд Молл ба фаъолият оғоз намуд. Дар иншоот  бо мақсади ташкили  фурӯши молу маҳсулот мағозаю  нуқтаҳои савдо сохта шудаааст. Дар маҷмӯъ, ин марказ барои 350 нафар ҷойи кор фароҳам меорад. Дар маҷмаа ба ғайр аз мағозаҳо, инчунин, ошхонаю тарабхона низ пешбинӣ шудааст.   Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани маркази савдою хизматрасонии Суғд-молл барои рушди тиҷорат, дастрасии аҳолӣ ба молу маҳсулоти ватанию хориҷӣ мусоидат менамояд.   Ҳамчунин, дар шаҳри Конибодом 13 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки иншооти мазкур соҳаҳои саноат, маориф, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро фаро гирифта, барои рушди минбаъдаи шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид мегузоранд.   Яке аз иншооти муҳими истеҳсолӣ корхонаи парандапарварии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ганҷи ҷаҳон дар деҳоти Кӯҳандиёри шаҳри Конибодом мебошад. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Фирдавс Ҳасанзода бунёд гардида, барои парвариши 30 ҳазор сар мурғи гӯштӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 20 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, иқтидори он дар як сол 300 тонна гӯшти мурғро ташкил медиҳад. Корхона бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, раванди бо обу ғизо таъмин намудани парандаҳо ба таври худкор ба роҳ монда шудааст.   Дар шаҳри Конибодом, ҳамчунин, корхонаи рехтагарии оҳани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бодом» ба фаъолият оғоз намуд. Иншооти саноатӣ бо ташаббуси соҳибкор Самиҷон Собирзода сохта шуда, барои 50 нафар ҷойи корӣ фароҳам меорад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 600 тонна маҳсулоти рехтагариро ташкил медиҳад. Маҳсулоти он, асосан, барои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои коркарди маъдан, таҷҳизоти корхонаҳои семент ва пойгоҳҳои обкашӣ истифода мешавад.   Дар доираи иқдомҳои созандагӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 низ ба истифода дода шуд. Муассиса барои 900 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 19 синфхона ва ҳуҷраҳои кории омӯзгорон мебошад. Китобхонаи анъанавию электронӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва толори маҷлис бо 250 ҷойи нишаст аз ҷумлаи имкониятҳои муҳайёгардида дар ин муассиса мебошанд.   Инчунин, дар деҳаи Файзбори шаҳри Конибодом муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 18 синфхона иборат аст. Дар муассиса 20 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул хоҳанд шуд.   Дар ин рӯз, муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом низ ба истифода дода шуд. Бинои таълимӣ барои 750 донишҷӯ пешбинӣ гардида, аз 21 синфхона, 20 ҳуҷраи корӣ, ду синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳ, китобхона, ошхона ва толори варзишӣ иборат мебошад. Гуфта шуд, ки фароҳам овардани чунин шароит ба баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.   Инчунин, бинои маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Конибодом мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот дорои 13 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Таъмини марказ бо таҷҳизоти муосир ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки назорати сифати маҳсулоти озуқаворӣ ва риояи талаботи бехатарии он боз ҳам тақвият ёбад.   Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Сомониён дар деҳаи Сомониёни шаҳри Конибодом барои 200 кӯдак бо 22 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт.   Бино аз ҳашт ҳуҷра иборат буда, барои ташкили дурусти раванди таълиму тарбия ва будубоши кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Иншооти дигари муҳим корхонаи асфалт мебошад, ки бо иқтидори истеҳсолии 480 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз ба фаъолият оғоз намуд.   Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Фаъолияти он дар таъмини соҳаи роҳсозӣ бо маҳсулоти зарурӣ ва татбиқи босифати лоиҳаҳои инфрасохторӣ нақши муҳим хоҳад дошт.   Дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Конибодом меҳмонхонаи замонавии «Ватан» низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти хизматрасонӣ бо ташаббуси соҳибкор Зафар Очилзода бунёд гардида, дорои 16 ҳуҷра мебошад. Меҳмонхона барои дар як вақт қабул намудани 60 нафар пешбинӣ шудааст.   Дар деҳаи Ғалабаи деҳоти Патар корхонаи коркард ва бастабандии меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меваи Камол ба фаъолият оғоз кард. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Камол Юсуфзода бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 600 тонна меваи хушкро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Фаъолияти корхона барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва тавсеаи имкониятҳои содиротӣ муҳим арзёбӣ гардид.   Дар идома, дар маҳаллаи Ғалчамуллои деҳоти Пӯлотон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Нуринисо мавриди истифода қарор гирифт. Муассиса барои фарогирии 160 тарбиятгиранда пешбинӣ шуда, аз ҳафт ҳуҷра, ошхона ва толори мусиқӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо барои таълиму тарбияи кӯдакон ва ташкили фароғати онҳо шароити мусоид муҳайё гардидааст.   Ҳамчунин, дар деҳаи Равоти шаҳри Конибодом муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 160 кӯдак ба истифода дода шуд. Дар иншоот бо назардошти талаботи соҳа барои ташкили фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва будубоши кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом бозгӯ аз вусъати корҳои созандагӣ, таваҷҷуҳи соҳибкорон ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва фаъолон барои иҷрои саривақтии нақшаҳои созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи соҳибкорон ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муосири шаҳрсозӣ, истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда ҳангоми бунёди иншооти нав ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.   Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 84 иншооти нав бо 2400 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор мегирад.   Танҳо  1 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Конибодом 18 иншоот ифтитоҳ ёфт, ки аз ин, 7 корхонаи саноатӣ, 4 кӯдакистон барои 760 таълимгиранда, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1540 хонанда, коллеҷи тиббӣ барои 750 донишҷӯ ва 5 муассисаи хизматрасонӣ мебошад. Дар маҷмуъ дар иншооти ифтитҳшудаи ин шаҳру ноҳияҳо 850 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.

    3

    01.11.2026