23.08.2026

 img

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд баргузор гардид.

 

Дар машварат вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, роҳбарони сохторҳои соҳаи маориф, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

 

Зимни машварат фаъолияти соҳаи маориф дар давраи гузашта таҳлил гардида, дастовардҳо, масъалаҳои ҳалталаб ва вазифаҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Раиси вилояти Суғд ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, истифодаи технологияҳои муосир, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва беҳтар намудани шароити таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

 

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳа, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибкасб, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии хонандагон андешаронӣ кард.

 

Таъкид гардид, ки рушди маориф яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои пешрафти соҳа ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

 

Ҳамзамон, ба нақши омӯзгор дар тарбияи насли донишманд, ватандӯсту худшинос ва омода намудани хонандагони лаёқатманд барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ таъкид карда шуд.

 

Машварати имсола дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, зарурати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти соҳаи маориф ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои баланд бардоштани сифати таҳсилот таъкид гардид.

 

Дар фарҷоми машварат як қатор омӯзгорон ва кормандони фаъоли соҳа барои саҳми арзанда дар рушди маориф ва дастовардҳои назаррас бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Ифтихорнома ва Сипосномаи Раиси вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

 

Сипас, барои иштирокчиёни машварат барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.

  • МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД img
  • МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД img
  • МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД img
  • МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД img
  • МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД img
  • МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД img
  • МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД img
  • МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД img
  • МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    СУҒД: ҚАДРДОНИИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФ Дар доираи машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд ба 40 нафар собиқадори соҳаи маориф туҳфаи пулии яквақта тақдим гардид.   Ин иқдом ҳамчун нишони эҳтиром ва қадрдонӣ аз заҳматҳои чандинсолаи собиқадорон дар рушди соҳаи маориф арзёбӣ гардид.

    13

    23.08.2026
  •  img
    СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲО ВА ОМӮЗГОРОНИ ОНҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД Дар машварати августии соҳаи маорифи вилояти Суғд бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода омӯзгороне, ки дар омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо сипоснома ва мукофотпулии яквақта сарфароз гардиданд.   Ҳамчунин хонандагоне, ки дар соли таҳсили 2025-2026 дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, бо мукофотпулӣ ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.   Илова бар ин, 9 нафар иштирокчии хурди озмуни вилоятии «Ахтарони дониш» низ бо мукофотпулии яквақта сарфароз гардиданд.

    14

    23.08.2026
  •  img
    ДУРАХШИ ИСТИҚЛОЛ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ   Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву маънавии миллӣ ва фароҳам овардани муҳити солими фарҳангиву фароғатӣ барои аҳли донишгоҳ, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Устод Рӯдакӣ» чорабинии фарҳангӣ-фароғатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ дастаи ҳаваскорони донишгоҳ бо барномаи рангини фарҳангӣ-ҳунарӣ баромад намуда, тавассути суруду мусиқӣ ва рақсу саҳнаҳои фарҳангӣ ғояҳои Истиқлол, сулҳу ваҳдат, муҳаббат ба Ватан ва ифтихори миллӣ-ро тараннум намуданд.

    16

    22.08.2026