22.08.2026
21 августи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид.
Дар кори машварат муовини раиси ноҳияи Лахш Н. Абдулазиззода, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Мусамирзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Т. Аброров, кормандони соҳаи маориф, собиқадорони соҳа, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Машварати мазкур ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли таҳсили 2025-2026, баррасии дастовардҳои хонандагону омӯзгорон ва муайян намудани вазифаҳои асосии соҳаи маорифи ноҳия дар соли нави таҳсили 2026-2027 бахшида шуд.
Пеш аз оғози машварат иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои хонандагон ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Лахш дидан намуданд.
Дар оғози чорабинӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш оид ба фаъолияти соҳаи маорифи ноҳия дар соли таҳсили сипаригашта ҳисобот дода, вазифаҳои муҳимми соҳа барои соли нави таҳсилро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Зимни машварат таъкид гардид, ки машваратҳои августӣ ҳамчун марҳилаи муҳими ҷамъбасти фаъолияти солона ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти омӯзгорон аҳаммияти хос доранд. Аз ҷумла, масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, муносибати инфиродӣ бо хонандагон, татбиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил аз мавзуъҳои асосии баррасишуда буданд.
Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли маорифи ноҳияро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба омӯзгорон дар роҳи таълиму тарбияи насли донишманду ватандӯст ва татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбӣ таманно намуд.
Ҳамчунин, муовини раиси ноҳияи Лахш зимни суханронии худ омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифро бо фарорасии соли нави таҳсил табрик намуда, саҳми омӯзгоронро дар тарбияи насли наврас ва рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.
Пас аз ироаи маърузаҳо масъалаҳои муҳими рушди соҳаи маорифи ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби иштирокдорон таклифу пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд.
Дар фарҷоми машварат як гурӯҳ омӯзгорони фаъол барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф қадрдонӣ шуданд.