01.11.2025
1 ноябри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи озмун Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, муовинони вазири маориф ва илм, дигар намояндагони расмӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, олимону устодони донишгоҳ, довталабону иштирокчиёни озмун ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд.
Сараввал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, табрик намуда, таъкид кард, ки ин иқдоми арзандаи Пешвои муаззами миллат ба мактаби воқеии ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, эҷод ва таҳқиқи илмҳои дақиқ табдил ёфтааст.
Қайд гардид, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
Муовини Сарвазири кишвар иброз дошт, ки вазорат дар посух ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм тадбирҳои амалӣ меандешад ва озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҳамчун як ташаббуси созанда дар баланд бардоштани шавқи таҳқиқотӣ ва илмомӯзии ҷавонон нақши муҳим бозида, ҳамасола шумораи бештари иштирокчиёнро фаро мегирад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар даври сеюми озмун 4852 нафар довталаб иштирок намуданд, ки аз онҳо 667 нафар, аз ҷумла 227 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 хонандаи муассисаҳои типи нав, 183 донишҷӯ ва 41 намояндаи касбу кори гуногун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Даври ҷумҳуриявии озмун аз 21 то 25 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар умум 156 нафар ғолиб дониста шуд, ки аз ин шумора 26 нафар соҳиби ҷойи якум, 52 нафар ҷойи дуюм ва 78 нафар ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамзамон, мувофиқи натиҷаҳои озмун ба 139 нафар волидайни ғолибон нишони «Маърифатпарвар», ба 51 омӯзгор нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва ба 36 нафар «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм супорида шуд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти умумӣ, шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 86 ҷой (19 ҷойи якум, 25 ҷойи дуюм ва 42 ҷойи сеюм) ҷойи аввалро ишғол намуд. Вилояти Суғд бо 35 ҷой (3 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюм) дар ҷойи дуюм, вилояти Хатлон бо 20 ҷой (3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 11 ҷойи сеюм) дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 11 ҷой (1 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм) дар ҷойи чорум ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 4 ҷой (2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) дар ҷойи панҷум ҷойгир шуданд.
Даври ниҳоии озмун нишон дод, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими иқтидори зеҳнӣ дар байни наврасону ҷавонон, ҳавасмандсозии омӯзгорон ва волидон, боло бурдани мақому нуфузи илму дониш дар ҷомеа ва дарёфти ҷавонони боистеъдод мусоидат мекунад. Озмун ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва густариши фарҳанги илмомӯзӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолибони озмун дар номинатсияҳои гуногун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм супорида шуда, онҳо бо дипломҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Маросим бо барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иҷро гардид, анҷом ёфт.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон