14.01.2026

 img

14 январи соли 2026 маросими ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ дар соли 2025 бо ҳадафи дастгирии истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани завқи омӯзиши илм миёни хонандагон ва қадрдонии омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ баргузор гардид.

Дар маросим намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони давлатӣ, Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он, роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, омӯзгорон, волидайн, наврасону ҷавонони боистеъдод, инчунин, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода чорабиниро ифтитоҳ карда, иброз намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони пешсаф тадбирҳои муҳим амалӣ гардидааст. Таъкид шуд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихии соли 2025 ин баргузор гаштани нахустин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - «KhIMIO-2025» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он барои рушди тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани нуфузи низоми таҳсилоти кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ заминаи мусоид фароҳам овард.

Сипас, ба ду нафар хонандае, ки ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ гардидаанд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 7 500 сомонӣ ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Ҳамзамон, ба як муассисаи таълимие, ки хонандагонаш дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ супорида карда шуд.

Барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва илм, мусоидат ба иштироки фаъолонаи хонандагон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назарраси олимпӣ, ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои «Беҳтарин раёсатҳои маориф дар ҳаракати олимпӣ», «Панҷгонаи беҳтарин шуъбаҳои маориф дар ҳаракати олимпӣ», «Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти типи нав дар ҳаракати олимпӣ» ва «Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаракати олимпӣ» эълон карда шуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ бо мақсади қадрдонии заҳмати омӯзгорон ва тақвияти рушди ҳаракати олимпӣ, 20 нафар омӯзгор барои саҳми назаррас гузоштан дар омода намудани хонандагони соҳибистеъдод бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва 21 нафар омӯзгор бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар фарҷом вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки иштирокдорони олимпиадаҳои фаннии даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо дастовардҳои арзандаашон мояи ифтихор буда, заҳмату кӯшишҳои онҳо дар самти рушди илм, боло бурдани сатҳи маърифати зеҳнӣ ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қобили таҳсин мебошад.

Ҳамзамон, изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илм минбаъд низ ҷиҳати дастгирии истеъдодҳои ҷавон, тақвияти ҳаракати олимпӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидори зеҳнии хонандагон тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.

 

  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2025 img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2025 img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2025 img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2025 img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2025 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО МИССИЯИ FCDO БАРГУЗОР ГАРДИД Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо намояндагони миссияи FCDO-и Британияи Кабир баргузор гардид. Мулоқот дар доираи татбиқи лоиҳаи минтақавии «Суръат бахшидан ба сатҳи маориф дар Осиёи Марказӣ барои устуворӣ» доир гардид. Дар вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, роҳбарони сохторҳои вазорат, инчунин намояндагони миссияи байналмилалӣ иштирок намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, такмили низоми арзёбии сифати таҳсил ва истифодаи таҷрибаҳои муосири байналмилалӣ дар рушди низоми маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар солҳои охир дар низоми маорифи кишвар як қатор ислоҳоти муҳим амалӣ шуда истодаанд ва дар ин раванд ҳамкорӣ бо шарикони рушд нақши муҳим мебозад. Татбиқи барномаҳо ва ташаббусҳои муштарак барои таҳкими иқтидори миллӣ дар самти арзёбии натиҷаҳои таҳсил, таҳияи воситаҳои муосири арзёбӣ ва баланд бардоштани сифати таълим заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар доираи миссияи мазкур баргузории як қатор вохӯриҳо бо ниҳодҳои марбута ва шарикони байналмилалӣ, инчунин боздид аз муассисаҳои таълимӣ барои шиносоӣ бо раванди озмоиш ва татбиқи воситаҳои арзёбӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди низоми маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсил иброз намуданд.   Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    59

    11.03.2026
  •  img
    МОДАРОН САФОБАХШИ ЗИНДАГИЯНД Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори Рӯзи модар  Модарони азиз! Муҳтарам бонувони соҳаи маориф! Ба муносибати фарорасии Рӯзи модар, ки яке аз ҷашнҳои фархунда ва пурифтихори кишвари соҳибистиқлоламон ба шумор меравад, ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат, сарбаландӣ ва хушбахтии ҳамешагӣ орзу менамоям. Дар диёри маҳбуби мо Рӯзи модар ҳамасола ҳамзамон бо оғози зеботарин фасли сол — баҳори нозанину ҷаҳоноро таҷлил мегардад. Ин ҳамбастагӣ рамзи амиқи маънавӣ дорад, зеро модар низ, мисли баҳор, рамзи ҳаёт, ҳусну тароват, зебоӣ ва эҳёи зиндагист. Модар сарчашмаи офариниш, манбаи меҳру муҳаббат ва намунаи садоқату вафодорист. Ӯ посбону нигоҳдорандаи ҳаёти инсон буда, ба зиндагӣ нуру сафо мебахшад. Шодиву хуррамии рӯзгори ҳар яки мо самари меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва заҳмати шабонарӯзии модарон аст. Модарон тамоми умр бори гарони зиндагиро бар дӯш доранд: аз ба дунё овардану тарбияи фарзандон то танзиму пешбурди рӯзгор. Онҳо моро ба роҳи неку покизагӣ, ба ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки эҳтирому қадрдонии модар ва гиромидошти мақоми ӯ аз волотарин фазилатҳои инсонӣ ва қарзи муқаддаси ҳар як фарзанди бовафо ба шумор меравад. Бузургони хирад низ ба ин нуқтаи муҳим таъкид намудаанд: Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф Гарде аз роҳи модарон бошад. Боиси ифтихор аст, ки бонувони тоҷик дар баробари покдоманиву хирадмандӣ, инчунин, бо ҷасорат, матонат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фарқ мекунанд. Онҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ дар паҳлуи мардон қарор гирифта, барои ҳифзи Ватан, адолат ва ҳувияти миллӣ талош менамоянд. Ин хислатҳои олии занони тоҷик дар осори безаволи адабӣ, махсусан дар шоҳасари ҷовидонаи Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома», ба таври равшан ва пурҷило тасвир шудаанд. Қобили зикр аст, ки ин асари гаронмоя ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим гардид. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои занону модарони тоҷик имкониятҳои нав ва марҳалаи тозаи фаъолият фароҳам гардид. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» ва «Занон нигини пурҷилои тоҷи миллатанд». Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар, занону бонувон имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи фаъол ва арзанда доранд. Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид иброз доштанд:«Мо нақши занону бонувони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз талошҳои онҳо барои бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем». Боиси қаноатмандист, ки занону бонувони тоҷик дар соҳаи маориф ва илм низ фаъолияти пурсамар доранд. Онҳо дар тарбияи насли наврас, ташаккули маърифат ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон саҳми назаррас мегузоранд. Имрӯз дар соҳаи маориф беш аз ҳафтод фоизи кормандонро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин нишонаи эътимоди баланд ба неруи зеҳнӣ ва қобилияти касбии онҳо мебошад. Занону бонувони соҳаи маориф дар татбиқи сиёсати давлатии соҳа, иҷрои барномаҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак», ҳамчунин барномаҳои рушди илм ва маориф, саҳми арзишманд мегузоранд. Онҳо дар ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ, тарғиби анъанаҳои нек ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муҳим доранд. Соли ҷорӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ эълон шудааст, занону бонувони тоҷик фаъолияти худро боз ҳам густариш дода, барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Модарону бонувони гиромӣ!  Ҳузури шумо дар зиндагӣ рамзи ҳусну тароват, меҳру муҳаббат ва саодати инсон аст. Хиради равшан, иродаи устувор ва меҳрубонии бепоёни шумо пояҳои мустаҳками оила ва ҷомеаро таъмин мекунад. Бо талошу заҳмати шумо фардои Ватани азизамон боз ҳам дурахшонтару ободтар хоҳад гардид. Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи шумо — модарону бонувони гиромии кишварро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ, рӯзгори пурсаодат ва муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям. Ҷашн муборак, модарони азиз!  

    61

    07.03.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА ТАКМИЛИ КОНСЕПСИЯИ ТАҲИЯИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони соҳаи маориф мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва методии соҳаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, такмил ва рушди санадҳои меъёрӣ дар самти таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нахуст муовини якуми вазир зимни суханронии худ оид ба аҳаммияти такмили низоми таҳияи китобҳои дарсӣ, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои муосири таълим ва талаботи байналмилалӣ ибрози назар намуд. Сипас ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон тавзеҳоти ҳуқуқию педагогӣ оид ба такмили консепсия ироа намуда, ҷанбаҳои назариявӣ, меъёрӣ ва амалии ҳуҷҷати мазкурро шарҳ дода, таъкид дошт, ки консепсияи такмилёфта бояд ба принсипҳои шаффофият, сифати илмӣ, мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ ва фарогирии равандҳои инноватсионӣ такя намояд. Дар идома муовини директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ шакли такмилёфтаи “Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пешниҳод намуда, тағйиру иловаҳои воридгардида, ҳадафу вазифаҳо ва механизмҳои амалисозии онро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Дар қисмати муҳокима иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда ибрози назар намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили минбаъдаи санади манзур намуданд. Намояндагони ЮНИСЕФ омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ва расонидани дастгирии техникӣ дар самти рушди муҳтавои таълимӣ ва таҳияи маводи таълимии босифат изҳор доштанд. Дар фарҷоми мизи мудаввар қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо дар самти такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳияи китобҳои дарсӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти умумӣ тақвият дода мешаванд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    59

    05.03.2026